5 Мӯсо
6 Инҳоянд амрҳо, дастурҳо ва ҳукмҳое, ки Худоят Яҳува барои таълимат додааст, то ту, вақте ба замине, ки онро соҳиб мешавӣ, гузарӣ, онҳоро ба ҷо орӣ, 2 то ки аз Худоят Яҳува битарсӣ ва фармудаҳову амрҳои ӯро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо орӣ. Онҳоро риоя намо — ту, писарат ва набераат+ — тамоми рӯзҳои ҳаётат, то умри дароз бинӣ.+ 3 Ту, эй Исроил, гӯш андоз ва онҳоро бодиққат риоя кун, то дар замине, ки дар он ширу асал ҷорист, ҳаёти хуб дошта бошӣ ва сершумор шавӣ, ҳамон тавре ки Худои бобоёнат, Яҳува, ба ту ваъда додааст.
4 Бишнав, эй Исроил: Яҳува Худои мост ва Яҳува яктост.+ 5 Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон+ ва бо тамоми қуввати худ+ дӯст дор. 6 Суханоне, ки имрӯз ба ту мефармоям, бояд дар дили ту бошанд. 7 Онҳоро дар дили фарзандонат ҷо кун*+ ва ҳангоми дар хона нишастанат, роҳ рафтанат, хобиданат ва хестанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо.+ 8 Онҳоро ҳамчун нишонае бар дастат бибанд ва бигзор онҳо ҳамчун пешонабанде бар сарат бошанд.+ 9 Онҳоро бар паҳлудариҳои хонаат ва бар дарвозаҳоят бинавис.
10 Вақте Худоят Яҳува туро ба замине биёрад, ки ба бобоёнат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, ваъда додааст ва туро соҳиби шаҳрҳои бузург ва хубе гардонад,+ ки ту бино накардаӣ,+ 11 хонаҳои пур аз ҳар неъмат, ки барои онҳо заҳмат накашидаӣ, ҳавзҳои сангӣ, ки ту накандаӣ, токҳои ангур ва дарахтони зайтун, ки ту нашинондаӣ,— ҳар гоҳ ки бихӯриву сер шавӣ,+ 12 бохабар бош, ки Яҳуваро фаромӯш накунӣ,+ ӯро, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ, берун овардааст. 13 Аз Худоят Яҳува битарс,+ хизмати ӯро ба ҷо ор+ ва танҳо бо номи ӯ қасам бихӯр.+ 14 Худоёни дигар, худоёни мардуми гирду атрофатро, пайравӣ накун,+ 15 зеро Худоят Яҳува, ки дар миёни туст, вафодории бекаму костро металабад.+ Агар ин тавр накунӣ, қаҳри Худоят Яҳува аланга мезанад+ ва ӯ туро аз рӯйи замин нест мекунад.+
16 Худоятон Яҳуваро, ҳамон тавре ки дар Массо озмудед,+ наозмоед.+ 17 Амрҳо, ёдовариҳо ва дастурҳои Худоятон Яҳуваро, ки ба шумо фармудааст, аз таҳти дил риоя кунед. 18 Он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст ва писанд аст, ба ҷо ор, то ҳаёти хуб дошта бошӣ ва ба замине, ки Яҳува ба бобоёнат қасам хӯрда, ваъда додааст, даромада, онро соҳиб шавӣ+ 19 ва душманонатро аз он ҷо пеш кунӣ, ҳамон тавре ки Яҳува ваъда додааст.+
20 Дар оянда, вақте писарат аз ту пурсад: “Маънои он ёдовариҳо, дастурҳо ва ҳукмҳое, ки Худоямон Яҳува ба ту фармудааст, чист?”, 21 ба писарат бигӯ: “Мо дар Миср ғуломони фиръавн будем, вале Яҳува моро бо дасти пурзӯраш аз Миср берун овард. 22 Яҳува дар пеши чашми мо аломату муъҷизаҳои бузургу харобиовар ба амал меовард ва Миср,+ фиръавн ва тамоми хонаводаашро зарба мезад.+ 23 Ӯ моро аз он ҷо берун овард, то моро ба замине, ки ба бобоёнамон қасам хӯрда, ваъда дода буд, биёрад ва онро ба мо диҳад.+ 24 Сипас Яҳува ба мо фармуд, ки ҳамаи ин дастурҳоро риоя кунем ва аз Худоямон Яҳува битарсем, зеро ин ба фоидаи якумрии мост,+ то мо зинда бимонем,+ ҳамон тавре ки имрӯз аст. 25 Агар мо итоаткорона ва бодиққат ҳамаи амрҳои Худоямон Яҳуваро, ҳамон тавре ки ӯ ба мо фармудааст, риоя кунем, росткор дониста мешавем”.+