Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
2 Ҳар рӯз суханонашон фаввора мезананд
Ва ҳар шаб донишро баён мекунанд.
3 На ҳарфест ва на сухане —
Овозашон ба гӯш намерасад.
Ӯ дар осмон барои офтоб хайма задааст.
5 Он мисли домодест, ки аз пеши арӯс* мебарояд,
Мисли паҳлавонест, ки масофаашро давон-давон тай намуда шодӣ мекунад.
6 Он аз як канори осмон мебарояд
Ва давр зада дар канори дигараш менишинад,+
Ҳеҷ чиз аз гармии он пинҳон нест.
7 Шариати Яҳува комил аст+ — ба кас ҷон мебахшад.+
Ёдовариҳои Яҳува бовариноканд+ — нодонро доно мекунанд.+
9 Тарси Яҳува+ покиза аст — то абад мемонад.
Ҳукмҳои Яҳува ростанд, ҳамааш ҳаққонист.+
10 Онҳо аз тилло,
Аз зари холис дилкаштар+
Ва аз асал, асале, ки аз хонаи занбӯр мечакад, ширинтаранд.+
12 Кист, ки хатоҳояшро пай бурда тавонад?+
Аз гуноҳҳоям бигузар, аз гуноҳҳое, ки аз онҳо бехабарам.
Он гоҳ ман беайб
Ва аз гуноҳҳои азим пок хоҳам буд.+