Панднома
31 Суханони шоҳ Лемуил — паёми муҳиме, ки модараш барои таълими ӯ гуфта буд:+
4 Ба подшоҳон намезебад, эй Лемуил,
Ба подшоҳон намезебад, ки шаробнӯшӣ кунанд,
Ва ба ҳокимон шоиста нест, ки бигӯянд:
«Майи ман куҷост?»+
5 Мабодо маст шуда қонунро фаромӯш созанд
Ва ҳуқуқи бечорагонро поймол кунанд.
7 Бигзор онҳо нӯшида, бенавоияшонро фаромӯш созанд
Ва ғаму дардашонро аз сар бадар кунанд.
8 Забони безабонон шав
Ва пуштибони онҳое, ки дар хатари марганд.+
9 Даҳонатро боз куну аз рӯйи инсоф доварӣ намо
Ва ба доди бечораву камбағал бирас.+
א [Алиф]
10 Кист, ки зани некукорро* биёбад?+
Баҳои вай аз марҷон* гаронтар аст.
ב [Бет]
11 Дили шавҳараш аз ӯ пур аст
Ва аз дороии шавҳараш чизе кам намешавад.
ג [Гимел]
12 Вай тамоми умр
Ба шавҳараш бо некӣ подош медиҳад, на бо бадӣ.
ד [Далет]
13 Ӯ пашму катон пайдо мекунад
Ва бо шавқу ҳавас бо дастони худ меҳнат мекунад.+
ה [Ҳе]
14 Ӯ мисли киштиҳои тоҷирон+
Хӯрокашро аз дур ёфта меорад.
ו [Вов]
ז [Зайин]
16 Ӯ дар фикри киштзор шуда, онро мехарад,
Бо меҳнати дастонаш* ток мешинонад.
ח [Хет]
17 Ӯ барои меҳнат миёнашро маҳкам мебандад+
Ва дасту остин бармезанад.
ט [Тет]
18 Вай мебинад, ки савдояш хуб аст
Ва чароғи ӯ шабона хомӯш намешавад.
י [Йод]
כ [Каф]
20 Кафи худро барои бечора боз мекунад
Ва дасти худро барои камбағал мекушояд.+
ל [Ламед]
21 Дар барфӣ аз ҳоли хонаводааш хавотир нест,
Зеро аҳли оилааш либоси ғафс пӯшидааст.
מ [Мим]
22 Барои ҷогаҳаш рӯпӯш тайёр мекунад.
Либосаш аз катон ва пашми бунафшранг аст.
נ [Нун]
ס [Самех]
24 Ӯ таҳпӯшҳои катонӣ дӯхта, савдо мекунад
Ва ба тоҷирон камарбандҳо мефурӯшад.
ע [Айин]
25 Ӯ қуввату шукӯҳро ба бар мекунад
Ва аз фардо хавотир нест*.
פ [Пе]
צ [Тсаде]
27 Ӯ рӯзгорашро саришта мекунад
Ва нони танбалиро намехӯрад.+
ק [Коф]
28 Фарзандонаш бархеста, ӯро хушбахт меноманд,
Шавҳараш бархеста, ӯро таърифу таҳсин мекунад.
ר [Реш]
29 Занони некукор* бисёранд,
Лекин ту аз ҳамаи онҳо беҳтарӣ.
ש [Шин]
30 Ҳусну ҷамол фиребанда ва зебоӣ зудгузар* аст,+
Лекин зане, ки аз Яҳува метарсад, сазовори таҳсин аст.+
ת [Тав]