ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАСАЛҲО 27–31
Китоби Муқаддас дар бораи зани солеҳа чӣ мегӯяд?
Дар боби 31-и китоби Масалҳо насиҳатҳои модари шоҳ Лемуил навишта шудаанд. Ӯ писарашро насиҳат мекунад, ки барои худ зани солеҳаро ҷӯяд.
Ӯ сазовори боварист
Дар вақти қабул кардани қарорҳои оилавӣ ӯ эҳтиромона фикру пешниҳодҳояшро мегӯяд ва ҳамзамон нисбати шавҳараш итоаткор мемонад
Шавҳараш аз ӯ дилпур аст. Ӯ медонад, ки занаш қарорҳои оқилона қабул мекунад ва талаб намекунад, ки дар ҳар масъала розигиашро пурсад
Ӯ меҳнатдӯст аст
Ӯ сарфакор аст ва хоксорона зиндагӣ мекунад. Барои ҳамин аҳли оилааш метавонанд сарулибоси шинаму тоза дошта бошанд ва шикамашон сер бошад
Ӯ бисёр меҳнат мекунад ва аз саҳар то шом ғами оилаашро мехӯрад