2 Мӯсо
4 Аммо Мӯсо дар ҷавоб ба Худо гуфт: «Яке онҳо ба ман бовар накунанд ва ба овозам гӯш надиҳанду+ гӯянд: “Яҳува бо ту гап назадааст”?» 2 Он гоҳ Яҳува ба ӯ гуфт: «Дар дастат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Асо». 3 Ӯ гуфт: «Онро ба замин парто». Мӯсо асояшро ба замин партофт ва асои вай мор гашт+ ва Мӯсо аз он гурехт. 4 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Дастатро дароз карда, онро аз думаш бигир». Мӯсо дасташро дароз карда, онро гирифт ва он дар дасташ асо гашт. 5 Худо ба ӯ гуфт: «Ин корро бикун, то онҳо бовар кунанд, ки Яҳува Худои бобоёнашон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб,+ бо ту гап задааст».+
6 Яҳува ҳамчунин ба ӯ гуфт: «Дастатро ба бағалат* андоз». Ӯ дасташро ба бағалаш андохт ва, вақте баровард, дид, ки дасташ аз махав мисли барф шудааст.+ 7 Баъд ӯ гуфт: «Дастатро бори дигар ба бағалат бар». Ӯ боз дасташро ба бағалаш андохт ва, вақте баровард, дид, ки он мисли баданаш солим шудааст. 8 Худо гуфт: «Агар онҳо суханатро қабул накунанд ё ба аломати якум бовар нанамоянд, ба аломати дуюм ҳатман бовар мекунанд.+ 9 Лекин, агар онҳо ба ин ду аломат бовар накунанд ва ба овозат гӯш надиҳанд, аз дарёи Нил каме об гирифта, ба хушкӣ бирез. Обе, ки ба замин мерезӣ, ба хун табдил меёбад».+
10 Аммо Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Яҳува, илтимос, маро бубахш, лекин ман дар умрам гапдон набудам: на дар гузашта ва на аз он вақте ки ту бо бандаат гап задӣ. Бандаат ҳунари суханвариву гапзанӣ надорад».+ 11 Яҳува ба ӯ гуфт: «Кист, ки ба инсон даҳон додааст? Кист, ки одамонро гунг, кар, бино ё нобино мегардонад? Оё на ман, ки Яҳува ҳастам? 12 Пас, бирав ва ҳангоми гап заданат ман бо ту мешавам* ва туро таълим медиҳам, ки чӣ бигӯӣ».+ 13 Аммо Мӯсо гуфт: «Илтимос, Яҳува, маро бубахш, касеро хоҳӣ, фиристу маро нафирист». 14 Он гоҳ ғазаби Яҳува бар Мӯсо аланга зад ва ӯ гуфт: «Бародарат Ҳоруни+ левизода-чӣ?! Ман медонам, ки вай шахси гапдон аст. Ҳоло ӯ ба пешвози ту омада истодааст ва, вақте туро бубинад, дилаш аз шодӣ лабрез мешавад.+ 15 Бо вай гап зан ва суханонатро дар даҳонаш гузор.+ Ҳангоми гап заданатон ман бо ҳар дуи шумо хоҳам буд+ ва ба шумо нишон хоҳам дод, ки бояд чӣ кор кунед. 16 Ӯ ба ҷойи ту бо мардум гап мезанад ва намояндаи ту мешавад ва ту барояш намояндаи Худо мешавӣ*.+ 17 Ту ин асоро ба даст гирифта, ин аломатҳоро ба амал меорӣ».+
18 Пас аз ин Мӯсо назди хусури* худ Итрӯ+ рафта, гуфт: «Мехоҳам назди бародаронам ба Миср баргардам, то бубинам, ки оё онҳо зиндаву саломатанд ё не». Итрӯ ба Мӯсо гуфт: «Бо хотири ҷамъ бирав». 19 Пас аз ин Яҳува дар замини Мидён ба Мӯсо гуфт: «Ба Миср баргард, зеро ҳамаи он касоне, ки қасди ҷони туро доштанд, мурдаанд».+
20 Мӯсо зану писаронашро ба хар бор кард ва онҳо роҳи Мисрро пеш гирифтанд. Ӯ ҳамчунин асои Худоро ба даст гирифт. 21 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Вақте ба Миср баргардӣ, ҳамаи муъҷизаҳоеро, ки барои ба ҷо оварданашон ба ту қудрат додам,+ дар пеши фиръавн нишон деҳ. Аммо ман роҳ медиҳам, ки дили фиръавн якрав шавад+ ва ӯ халқро раҳо намекунад.+ 22 Ба фиръавн бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Исроил писари нахустзодаи ман аст.+ 23 Ба ту мегӯям: писари маро ҷавоб деҳ, то маро парастиш кунад. Агар ҷавоб надиҳӣ, ман писари нахустзодаи* туро мекушам”».+
24 Дар роҳ чунин шуд, ки Яҳува,+ дар ҷое ки онҳо шабро рӯз мекарданд, бо ӯ рӯ ба рӯ гашта, ӯро куштанӣ шуд.+ 25 Он гоҳ Сифӯра+ санги тезеро гирифта, писарашро хатна кард ва пӯсти буридаро ба пойи ӯ расонду гуфт: «Охир, ту бароям шавҳари хунӣ ҳастӣ». 26 Аз ин рӯ Худо ӯро* сар дод, то биравад. Он вақт Сифӯра аз сабаби хатна «шавҳари хунӣ» гуфт.
27 Яҳува ба Ҳорун гуфт: «Ба биёбон ба пешвози Мӯсо бирав».+ Ӯ рафт ва назди кӯҳи Худо+ бо бародараш вохӯрда, ӯро бӯса кард. 28 Мӯсо ҳамаи суханони Яҳуваро, ки ӯро фиристода буд, ба Ҳорун гуфт+ ва дар бораи аломатҳое, ки ба ҷо оварданашро фармуд,+ нақл кард. 29 Пас аз ин Мӯсову Ҳорун рафтанд ва тамоми пирони Исроилро ҷамъ оварданд.+ 30 Ҳорун ба онҳо тамоми суханонеро, ки Яҳува ба Мӯсо гуфта буд, нақл кард ва ӯ дар пеши назари халқ муъҷизаҳо+ ба амал овард. 31 Чун мардум ҳамаи инро диданду шуниданд, бовар карданд.+ Вақте онҳо фаҳмиданд, ки Яҳува ба исроилиён назар кардааст+ ва азобу уқубати онҳоро дидааст,+ хам шуда ба Худо саҷда бурданд.