-
Ҳангоми гап заданат бо ту хоҳам будДафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» — 2020 | июн
-
-
Ҳангоми гап заданат бо ту хоҳам буд
Мӯсо бо кӯмаки Яҳува бар тарсаш ғолиб омад. Мо аз сӯҳбати Яҳува ва Мӯсо чӣ дарс гирифта метавонем?
Фикр накунед, ки аз дасти шумо ягон кор намеояд
Бовар кунед, Яҳува барои аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан ба шумо ёрдам мекунад
Имон ба Худо давои одамтарсист
-
-
Шумо аз ӯҳдаи мавъиза кардану таълим додан мебароед!Дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» — 2020 | июн
-
-
Шумо аз ӯҳдаи мавъиза кардану таълим додан мебароед!
Мӯсо дар аввал шубҳа мекард, ки аз ӯҳдаи супорише, ки Яҳува ба ӯ дод, баромада метавонад (Хр 4:10, 13). Оё шумо низ чунин ҳиссиёт доштед? Шояд шумо бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро меомӯзед ва фикр мекунед, ки ҳеҷ гоҳ хона ба хона мавъиза карда наметавонед. Ё ин ки дар мактаб таҳсил карда шарм мекунед, ки дар бораи имонатон бо дигарон гап занед. Ё шояд метарсед, ки ба воситаи телефон ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза кунед. Пас, аз Яҳува илтиҷо кунед, ки бо рӯҳи муқаддасаш ба шумо қувват бахшад (1Пт 4:11). Бовар кунед, Яҳува ба шумо ҳама чизи лозимаро медиҳад, то аз ӯҳдаи ҳар супорише, ки Ӯ медиҳад, баромада тавонед (Хр 4:11, 12).
-