Қӯлассиён
1 Ман, Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ* ҳастам, ҳамроҳи бародарамон Тимотиюс+ 2 ба покону бародарони вафодори Қӯлассо, ки бо Масеҳ ягонагӣ доранд, чунин менависам:
Лутфу осоиштагии Падарамон Худо бо шумо бод!
3 Вақте дар ҳаққатон дуо мегӯем, Худо, Падари Ҳазратамон Исои Масеҳро, ҳамеша шукргузорӣ мекунем, 4 зеро дар бораи имонатон ба Исои Масеҳ ва муҳаббате, ки ба ҳамаи покон доред, шунидаем. 5 Сарчашмаи ин имон ва муҳаббати шумо умедест, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта шудааст.+ Шумо пештар дар бораи ин умед ба воситаи каломи ростӣ, яъне хушхабар, шунида будед. 6 Ин хушхабар, ки ба шумо расидааст, самар меорад ва дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад.+ Он, аз рӯзе ки ростиро дар бораи лутфу марҳамати Худо шунидаеду дар бораи он дониши дақиқ гирифтаед, дар миёни шумо низ самар меорад ва паҳн мешавад. 7 Шумо инро аз бародари азизу вафодорамон Эпафрос+ таълим гирифтаед, ки ба ҷойи мо чун ғуломи Масеҳ ба шумо хизмат мекунад. 8 Ӯ моро аз муҳаббате, ки ба воситаи рӯҳ пайдо кардаед, хабардор кард.
9 Ба ҳамин сабаб, аз рӯзе ки дар бораи имон ва муҳаббати шумо шунидаем, дар ҳаққатон дуо ва илтимос карданро бас намекунем,+ то рӯҳи Худо ба шумо фаҳму хирад диҳад+ ва шумо аз дониши дақиқ+ дар бораи хости Худо пур гардед. 10 Мо дуо мегӯем, ки рафторатон шоистаи хизматгорони Яҳува бошад ва шумо ӯро аз ҳар ҷиҳат шод гардонед. Дуогӯйи онем, ки шумо дар ҳар кори нек самар ореду дониши дақиқатон дар бораи Худо афзоиш ёбад.+ 11 Аз қудрати пурҷалоли ӯ қуввати бузург ёфта,+ бо пурсабриву шодмонӣ то ба охир истодагӣ кунед 12 ва Падарро шукр гӯед, ки шуморо лоиқ гардондааст, то дар мероси поконе,+ ки дар рӯшноӣ ҳастанд, ҳиссае дошта бошед.
13 Ӯ моро аз ҳокимияти торикӣ халос кард+ ва ба подшоҳии Писари азизи худ гузаронд, 14 ки ба воситааш мо бо баҳои товон* озод шудем, яъне бахшиши гуноҳҳоро пайдо кардем.+ 15 Ӯ сурати Худои нонамоён+ ва аввалин офаридааш* мебошад,+ 16 зеро ба воситаи ӯ ҳамаи чизҳои дигар дар осмону замин офарида шудаанд, ҳам чизҳои намоёну ҳам чизҳои нонамоён,+ хоҳ тахтҳо бошанд, хоҳ ҳокимиятҳо, хоҳ ҳукуматҳо ва хоҳ қудратҳо. Ҳамаи чизҳои дигар ба воситаи ӯ ва барои ӯ офарида шудаанд.+ 17 Ӯ пеш аз ҳама чиз вуҷуд дошт+ ва ҳама чизи дигар ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад, 18 ӯ сари бадан, яъне ҷамоат, аст.+ Ӯ оғоз ва нахустзода аз мурдагон гашт,+ то дар ҳама чиз аввалин бошад, 19 зеро ба Худо писанд буд, ки тамоми камолотро дар ӯ ҷой диҳад+ 20 ва ба воситаи Масеҳ, ба воситаи хуне,+ ки ӯ дар сутуни азоб* рехт, ҳама чизи боқимондаро, чи дар замин ва чи дар осмон, бо худ оштӣ диҳад.+
21 Бале, шумо замоне ба Худо бегона ва душман будед, зеро доимо дар бораи чизҳои бад фикр мекардед, 22 аммо акнун ӯ шуморо ба воситаи ҷисми оне, ки худро барои мо фидо кард, оштӣ дод, то шуморо назди худ поку бенуқсону беайб ҳозир кунад.+ 23 Албатта, барои ин шумо бояд бо имон+ зиндагӣ кунед, бар таҳкурсӣ+ устувор истед, мустаҳкаму пойдор бошед+ ва аз умеде, ки хушхабар медиҳад, дур нагардед, ҳамон хушхабаре, ки ба тамоми офаридаҳои зери осмон эълон шудаасту+ ман, Павлус, хизматгузори он гаштам.+
24 Ман ҳоло аз азобҳое, ки барои шумо мекашам,+ шодам ва фикр мекунам, ки ҳанӯз барои Масеҳ дар ҷисми худ пурра азоб накашидаам, ва ин азобҳоям ба хотири бадани Масеҳ,+ яъне ҷамоат, аст.+ 25 Ман мувофиқи вазифае, ки Худо ба фоидаи шумо ба ман супоридааст, хизматгузори ин ҷамоат гаштам,+ то каломи ӯро пурра эълон кунам, 26 яъне сирри муқаддасеро,+ ки дар замонҳои* гузашта+ аз наслҳои пешин пинҳон буду ҳоло ба покон ошкор шудааст.+ 27 Ба Худо писанд буд, ки сарвати пурҷалоли ин сирри муқаддасро дар миёни халқҳо ба покон маълум созад.+ Сир ҳамин аст, ки Масеҳ бо шумо ягонагӣ дорад ва шумо умед доред, ки ба ҷалоли ӯ шарик шавед.+ 28 Ӯ ҳамонест, ки мо дар борааш ба дигарон мегӯем ва ҳамаро насиҳат карда, бо тамоми хирад таълим медиҳем, то ҳар касро чун пайрави баркамоли Масеҳ ба Худо пешкаш кунем.+ 29 Бо ҳамин мақсад ман бисёр меҳнат мекунам ва бо қуввати ӯ, ки дар ман амал мекунад, ҷидду ҷаҳд менамоям.+