Яҳува — Подшоҳи ҷовидро ибодат кунед
«Ба Подшоҳи ҷовид... то абад шавкат ва ҷалол бод» (1 ТИМ. 1:17).
1, 2. а) «Подшоҳи ҷовид» кист ва чаро ин унвон ба Ӯ мувофиқ аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро подшоҳии Яҳува моро ба Ӯ ҷалб мекунад?
АЗ БАЙНИ подшоҳоне, ки дар садсолаҳои охир ҳукмронӣ кардаанд, шоҳи сарзамини Свазиленд, Собхузаи II муддати аз ҳама зиёд ҳукмронӣ кардааст. Подшоҳии ӯ 61 сол давом кард. Чунин муддати дурудароз ҳукмронӣ кардани шоҳ Собхуза шояд касро ба ҳайрат орад, лекин подшоҳе ҳаст, ки ҳукмронии ӯ бо умри кӯтоҳи одамӣ маҳдуд намешавад. Дар Китоби Муқаддас Ӯ «Подшоҳи ҷовид» номида шудааст (1 Тим. 1:17). Ин Подшоҳ Яҳува Худо мебошад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд подшоҳ аст то абад» (Заб. 9:37).
2 Аз ҷиҳати давомнокӣ подшоҳии Худо аз подшоҳии инсонӣ фарқ мекунад. Лекин моро на давомнокии ҳукмронии Яҳува, балки тарзи подшоҳӣ кардани Ӯ ҷалб мекунад. Шоҳе, ки бар Исроили қадим 40 сол ҳукмронӣ карда буд, Яҳуваро бо суханони зерин ситоиш кард: «Худованд раҳим ва бахшанда аст, собир ва пур аз эҳсон. Худованд бар осмон тахти Худро барқарор намудааст, ва малакути Ӯ бар ҳама ҳукмфармост» (Заб. 102:8, 19). Яҳува на танҳо Подшоҳи мост, Ӯ бароямон инчунин Падари меҳрубони осмонӣ мебошад. Ин ҷо ду савол ба миён меояд: Чӣ тавр Яҳува чун Падар амал мекунад? Аз замони исён дар боғи Адан Яҳува чӣ тавр Подшоҳ будани худро нишон дод? Ҷавоб ба ин саволҳо моро бармеангезад, ки ба Яҳува наздиктар шавем ва Ӯро аз таҳти дил ибодат кунем.
ПОДШОҲИ ҶОВИД ОИЛАИ МУТТАҲИДЕ БА ВУҶУД МЕОРАД
3. Кӣ аввалин аъзои оилаи муттаҳиди Яҳува буд ва боз киҳо чун «фарзандони» Худо офарида шуданд?
3 То чӣ андоза эҳтимол хушнуд буд Яҳува, вақте ки Писари ягоназодашро офарид! Худо бо нахустзодааш чун бо зердасти мақоми пастдошта муомила намекард. Баръакс, Ӯ Писарашро дӯст медошт ва ба вай имконият дод, ки дар кори хурсандибахши офаридани миллионҳо фариштагони комил иштирок кунад (Қӯл. 1:15–17). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин фариштагон бо шодмонӣ чун «хизматгузорони» Яҳува иродаи Ӯро ба ҷо меоранд. Яҳува онҳоро «фарзандони» худ номида, нисбаташон эҳтироми хоса зоҳир мекунад. Фариштагон қисми оилаи муттаҳиди Яҳува мебошанд (Заб. 102:20–22; Айюб 38:7).
4. Чӣ тавр одамон қисми оилаи муттаҳиди Яҳува гаштанд?
4 Осмону замини аслиро офарида, Яҳува хост, ки оилаи муттаҳиди худро васеъ гардонад. Баъди он ки Ӯ заминро чун хонаи зебо омода сохт, Яҳува аввалин инсон — Одамро ба шабоҳати худ офарид, ки тоҷи офаридаҳои заминии Ӯ буд (Ҳас. 1:26–28). Чун Офаридгор Яҳува ҳақ дошт, ки аз Одам итоаткор буданро интизор шавад. Чун Падар Ӯ ҳамаи дастуроташро бо муҳаббат ва меҳрубонӣ медод. Худо ба Одам қоидаҳоеро, ки озодии ӯро аз ҳад маҳдуд мекарданд, намедод. (Ҳастӣ 2:15–17-ро бихонед.)
5. Барои рӯи заминро бо одамон пур кардан Худо чӣ чора андешид?
5 Баръакси бисёр подшоҳони инсонӣ, Яҳува бо хизматгоронаш чун бо аъзоёни оилаи худ муносибат мекунад. Ӯ ба онҳо боварӣ карда, бо омодагӣ ба онҳо вазифаҳои масъулиятнок месупорад. Масалан, Ӯ Одамро бар дигар офаридаҳои зинда хӯҷаин таъин кард ва ҳатто ба вай супориши хурсандиовар дод, ки ҳайвонҳоро мушоҳида карда, ба онҳо ном гузорад (Ҳас. 1:26; 2:19, 20). Худо барои рӯи заминро пур кардан миллионҳо одамони комилро наофарид. Ба ҷои ин, Ӯ барои Одам дастёри комил — Ҳавворо офарид (Ҳас. 2:21, 22). Сипас, Ӯ ба онҳо имконият дод, ки заминро аз фарзандони худ пур кунанд. Дар шароити комил зиндагӣ карда, Одаму Ҳавво метавонистанд оҳиста-оҳиста ҳудудҳои Биҳиштро васеъ кунанд, то даме ки он бар тамоми замин паҳн гардад. Баъд, тамоми инсоният ва фариштагон чун аъзоёни як оила метавонистанд Яҳуваро абадан ибодат кунанд. Яҳува ба Одаму Ҳавво оиди чунин ояндаи дурахшон умед бахшида, дар ҳақиқат ба онҳо меҳри падарӣ зоҳир намуд!
ПИСАРОНИ ИСЁНГАР ПОДШОҲИИ ХУДОРО РАД МЕКУНАНД
6. а) Чӣ тавр дар оилаи Худо исён сар зад? б) Мо аз куҷо медонем, ки баъди сар задани исён низ ҳама чиз зери назорати Яҳува буд?
6 Афсӯс, ки Одаму Ҳавво аз он ки Яҳува Подшоҳи онҳо буд, қаноат накарданд. Ба ҷои ин, онҳо тарафдори фариштаи исёнкор, Шайтон гаштанд (Ҳас. 3:1–6). Ҳаёти мустақил, бе ҳокимияти Худо ба онҳо ва фарзандонашон дард, азоб ва марг овард (Ҳас. 3:16–19; Рум. 5:12). Дар замин акнун ягон хизматгорони ба Худо содиқ намонд. Вале оё ин маънои онро дошт, ки Худо вазъияти рӯи заминро дигар назорат намекунад ва аз подшоҳӣ кардан бар замин ва сокинони он даст кашидааст? Албатта не! Ӯ инро бо он нишон дод, ки Одаму Ҳавворо аз боғи Адан берун ронд ва барои барнагаштани онҳо каррубиёнро дар даромадгоҳи он посбон гузошт (Ҳас. 3:23, 24). Ҳамзамон Яҳува муҳаббати падаронаашро зоҳир карда, дар бораи омадани насле пешгӯӣ кард, ки он Шайтонро несту нобуд мекунад ва оқибатҳои гуноҳи Одамро бартараф менамояд. Бо гуфтани ин пешгӯӣ, Ӯ боварӣ бахшид, ки нияташ дар бораи доштани оилаи муттаҳид, ки аз фариштагон ва одамони содиқ иборат аст, албатта амалӣ хоҳад гашт. (Ҳастӣ 3:15-ро бихонед.)
7, 8. а) Дар рӯзҳои Нӯҳ вазъият чӣ гуна буд? б) Барои пок гардондани замин ва нигоҳ доштани оилаи инсонӣ Яҳува чӣ чораҳо андешид?
7 Дар асрҳои минбаъда баъзе касон, ба монанди Ҳобил ва Ҳанӯх роҳи ба Худо содиқ буданро пеша карданд. Лекин аксари одамон Яҳуваро чун Падар ва Подшоҳи худ рад намуданд. Дар замони Нӯҳ вазъият боз ҳам бадтар гашт, зеро «замин аз ситам пур шуд» (Ҳас. 6:11). Оё ин маънои онро дошт, ки Яҳува дигар корҳои заминро назорат намекард? Таърихи дар Китоби Муқаддас навишташуда чиро ошкор мекунад?
8 Саргузашти Нӯҳро дида мебароем. Яҳува ба Нӯҳ сохтани киштии калонеро, ки ӯ ва оилаашро бояд наҷот медод, супориш дод ва тарзи сохтани онро як ба як фаҳмонд. Худо инчунин ба одамони дигар муҳаббати бузург зоҳир намуда, Нӯҳро «воизи адолат» таъин намуд (2 Пет. 2:5). Нӯҳ одамонро даъват менамуд, ки аз корҳои бади худ тавба кунанд ва инчунин онҳоро аз мусибати наздикшудаистода огоҳӣ медод. Вале ҳеҷ кас ӯро гӯш намекард. Тӯли даҳсолаҳо Нӯҳ ва оилааш дар байни одамони зӯрманд ва хеле бадахлоқ зиндагӣ доштанд. Яҳува чун Падари ғамхор он ҳашт нафар шахсони содиқро муҳофизат мекард ва ҳидоят менамуд. Бо оварондани Тӯфони азим, Яҳува ҳокимияти боиқтидори худро бар одамони исёнкор ва фариштагони бад зоҳир кард ва ҳамин тавр нишон дод, ки ҳама чиз бешубҳа зери назорати Ӯ аст (Ҳас. 7:17–24).
ҲУКМРОНИИ ЯҲУВА БАЪД АЗ ТӮФОН
9. Яҳува баъди Тӯфон ба инсоният чӣ гуна имконият дод?
9 Вақте ки Нӯҳ ва аҳли хонаводааш ба замини покгашта қадамҳои аввалини худро гузоштанд ва аз ҳавои тоза нафас кашиданд, дилҳои онҳо аз миннатдорӣ лабрез шуд, ки Яҳува ба онҳо ғамхорӣ кард ва онҳоро зинда нигоҳ дошт. Нӯҳ дарҳол қурбонгоҳе сохта, барои ибодати Яҳува қурбониҳо пешкаш кард. Худо Нӯҳ ва оилаашро баракат дод ва ба онҳо гуфт, ки «борвар ва афзун» шаванд (Ҳас. 8:20–9:1). Ва инак, инсоният боз имконият пайдо кард, то дар ягонагӣ Яҳуваро ибодат намояд ва заминро пур кунад.
10. а) Баъди Тӯфон дар куҷо ва чӣ тавр одамон ба муқобили Яҳува исён бардоштанро сар карданд? б) Барои иҷро шудани иродааш Яҳува чӣ чора андешид?
10 Вале Тӯфон нокомилиро нашуст ва одамон минбаъд низ бояд бо таъсири ноаёни Шайтон ва фариштагони исёнгар мубориза мебурданд. Дере нагузашта, одамон боз бар зидди ҳокимияти пурмуҳаббати Яҳува исён бардоштанд. Яке аз чунин шахсон, абераи Нӯҳ, Нимрӯд буд, ки ӯ дар Китоби Муқаддас «сайёди пурзӯр пеши Худованд» номида шудааст. Нимрӯд шаҳрҳои калоне сохт, масалан Бобилро ва худро «дар замини Шинъор» подшоҳ эълон кард (Ҳас. 10:8–12). Подшоҳи ҷовид Яҳува, нисбати ин шоҳи саркаш чӣ чора андешид ва ба кӯшишҳои вай, ки бар зидди иродаи Ӯ буданд, чӣ гуна муносибат кард? Худо забони одамонеро, ки дар зери дасти Нимрӯд кор мекарданд, омехта кард ва онҳо «бар рӯи тамоми замин пароканда» шуданд. Онҳо ба ҳар куҷое ки мерафтанд, дини дурӯғ ва тарзи ҳукмронии одамиро бо худ мебурданд (Ҳас. 11:1–9).
11. Чӣ тавр Яҳува ба дӯсти худ Иброҳим садоқатмандӣ зоҳир кард?
11 Ҳарчанд баъди Тӯфон бисёриҳо худоёни бардурӯғро ибодат мекарданд, вале баъзе шахсони содиқе ёфт мешуданд, ки Яҳуваро ибодат менамуданд. Яке аз онҳо Иброҳим буд, ки итоаткорона хонаи бароҳати худро дар шаҳри Ур тарк намуд ва солҳои зиёд дар хаймаҳо зиндагӣ кард (Ҳас. 11:31; Ибр. 11:8, 9). Иброҳим дар давоми ҳаёти кӯчманчигиаш бисёр вақт дар сарзамини подшоҳоне меистод, ки аксарияташон дар шаҳрҳои ҳисордор мезистанд. Вале Иброҳим ба шоҳони одамӣ ва деворҳои баланди шаҳрҳояшон такя намекард. Нигаҳбони ӯ ва оилааш Яҳува буд. Дар бораи он ки чӣ тавр Худо падарвор онҳоро ҳимоя мекард, забурнавис навишт: «[Худо] нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад; ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард» (Заб. 104:13, 14). Азбаски Яҳува ба дӯсти худ Иброҳим содиқ буд, ба ӯ чунин ваъда дод: «Подшоҳон аз ту ба вуҷуд меоянд» (Ҳас. 17:6; Яъқ. 2:23).
12. Чӣ тавр Яҳува ҳокимияташро бар Миср нишон дод ва ин ба халқи Ӯ чӣ гуна таъсир расонд?
12 Худо ба писари Иброҳим — Исҳоқ ва ба набераи ӯ — Яъқуб ваъдаи худро такрор карда гуфт, ки онҳоро баракат медиҳад ва аз наслҳои онҳо подшоҳон ба дунё меоянд (Ҳас. 26:3–5; 35:11). Лекин пеш аз ба миён омадани подшоҳон, насли Яъқуб дар Миср ғулом гаштанд. Оё ин маънои онро дошт, ки Яҳува ба ваъдааш наистод ё аз подшоҳии бар замин доштааш даст кашид? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Дар вақти лозима Яҳува қудрати илоҳии худро зоҳир кард ва ҳокими бузургтар будани худро ба фиръавни якрав нишон дод. Исроилиёни дар ғуломӣ буда ба Яҳува, ки онҳоро аз Баҳри Сурх гузаронда, ба таври олиҷаноб наҷот дод, имон оварданд. Равшан аст, ки Яҳува ҳанӯз Ҳокими Даҳр буд ва чун Падари ғамхор қувваи бузурги худро истифода бурда, халқашро муҳофизат кард. (Хуруҷ 14:13, 14-ро бихонед.)
ЯҲУВА БАР ИСРОИЛ ПОДШОҲ МЕГАРДАД
13, 14. а) Исроилиён ҳангоми сароидани суруд оиди подшоҳии Яҳува чиро эълон карданд? б) Худо дар бобати подшоҳӣ ба Довуд чӣ ваъда дод?
13 Дарҳол баъди он ки Яҳува исроилиёнро аз Миср наҷот дод, онҳо барои ҷалол додани Яҳува суруди ғалаба сароиданд, ки он дар боби 15-уми китоби Хуруҷ навишта шудааст. Дар ояти 18-и ин боб мо мехонем: «Худованд то абад салтанат хоҳад ронд!» Дар ҳақиқат, бар ин халқи нав худи Яҳува подшоҳ гашт. Лекин исроилиён аз он ки Яҳува Ҳокими нонамоёни онҳо буд, қаноат накарданд. Тахминан баъди 400 соли тарк намудани Миср исроилиён аз Худо талаб карданд, ки бар онҳо подшоҳи одамӣ таъин кунад, чӣ хеле ки халқҳои бутпарасти ҳамсоя доштанд (1 Подш. 8:5). Бо вуҷуди он ки Худо ба онҳо подшоҳ дод, Ӯ аз Подшоҳ будани худ даст накашид. Ва ин дар муддати ҳукмронии Довуд, подшоҳи дуюми Исроил, равшан аён гашт.
14 Довуд сандуқи аҳдро ба Ерусалим овард. Дар он рӯзи хурсандиовар левизодагон барои ҳамду санои Худованд суруде хонданд. Он суруд чунин суханони зеборо дар бар мегирифт, ки дар 1 Вақоеънома 16:31 навишта шудааст: «Худованд подшоҳӣ мекунад [«Подшоҳ гашт», ТДН]». Лекин касе шояд чунин савол диҳад: «Азбаски Яҳува Подшоҳи ҷовид аст, ба кадом маъно Ӯ он гоҳ подшоҳ гашт?» Яҳува ба он маъно Подшоҳ мегардад, ки Ӯ қудрати худро ба таври махсус зоҳир месозад ё дар вақти муайян барои ҳалли ягон вазъият шахсеро чун намояндаи худ таъин мекунад. Фаҳмидани он ки чӣ тавр Яҳува подшоҳ мегардад, аҳамияти хеле муҳим дорад. Пеш аз вафот кардани Довуд, Яҳува ваъда дод, ки салтанати ӯ абадан давом хоҳад кард. Ӯ гуфт: «Ман насли туро, ки аз камари ту берун ояд, баъд аз ту пойдор гардонида, салтанати варо мустаҳкам хоҳам намуд» (2 Подш. 7:12, 13). Ин ваъдаи Яҳува оиди «насли» Довуд зиёда аз 1 000 сол пас иҷро гашт. Он насл кӣ буд ва кай ӯ Подшоҳ шуд?
ЯҲУВА ПОДШОҲИ НАВЕРО ТАЪИН МЕКУНАД
15, 16 Кай Исо чун Подшоҳи оянда тадҳин шуд ва ҳангоми дар замин буданаш оиди Салтанат чӣ чораҳо андешид?
15 Соли 29-уми эраи мо Яҳёи Таъмиддиҳанда ба мавъиза кардан сар кард. Ӯ мегуфт: «Малакути Осмон наздик аст» (Мат. 3:2). Вақте ки Исо ба назди Яҳё омада, таъмид гирифт, Яҳува ӯро чун Масеҳи ваъдашуда ва Подшоҳи ояндаи Салтанаташ тадҳин кард. Яҳува меҳру навозиши падаронаашро нисбати Исо бо чунин суханон изҳор кард: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст» (Мат. 3:17).
16 Дар давоми тамоми хизматаш Исо Падарашро ҷалол медод (Юҳ. 17:4). Ӯ инро бо мавъиза кардани Салтанати Худо ба ҷо меовард (Луқ. 4:43). Ӯ ҳатто пайравонашро таълим медод, то дуо гӯянд, ки он Салтанат биёяд (Мат. 6:10). Чун Подшоҳи оянда Исо ба мухолифонаш метавонист чунин бигӯяд: «Малакути Худо дар дохили [«байни», ТДН] шумост» (Луқ. 17:21). Баъдтар, шоми пеш аз маргаш Исо бо пайравони худ оиди Салтанат аҳд баст. Ин маънои онро дошт, ки баъзе шогирдони содиқи ӯ дар оянда ҳамроҳи ӯ дар Салтанати Худо подшоҳӣ мекунанд. (Луқо 22:28–30-ро бихонед.)
17. Соли 33-юми эраи мо Исо бар кӣ подшоҳӣ карданро сар кард, вале чиро ӯ бояд мунтазир мешуд?
17 Кай Исо чун Подшоҳи Салтанати Худо ҳукмрониро бояд сар мекард? Ӯ ҳангоми дар замин будан инро карда наметавонист. Баъди бо шогирдонаш оиди Салтанат аҳд бастан, рӯзи дигар, баъди нимаи рӯз, Исо кушта шуд ва пайравонаш пароканда шуданд (Юҳ. 16:32). Лекин, чун дар замони гузашта, ҳама чиз зери назорати Яҳува буд. Дар рӯзи сеюм, Ӯ Писарашро эҳё кард ва дар рӯзи Пантикости соли 33-юми эраи мо Исо бар ҷамъомади масеҳӣ подшоҳӣ карданро сар кард (Қӯл. 1:13). Вале Исо, насли ваъдашудаи Довуд, бояд вақтеро интизор мешуд, ки дар он қудрати пурра бар замин ҳукмронӣ карданро соҳиб гардад. Яҳува ба Писараш гуфт: «Ба ямини [аз тарафи рости] Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам» (Заб. 109:1).
ПОДШОҲИ ҶОВИДРО ИБОДАТ КУНЕД
18, 19. Мо ба чӣ кор барангехта мешавем ва дар мақолаи навбатӣ чиро хоҳем фаҳмид?
18 Дар давоми ҳазорсолаҳо фариштагон ва одамон чандин бор бар зидди подшоҳии Яҳува исён бардоштанд. Вале Яҳува ҳеҷ гоҳ аз подшоҳӣ кардан даст накашид; тамоми вазъият ҳамеша зери назорати Ӯ буд. Чун Падари пурмуҳаббат, Ӯ дар бораи чунин шахсони содиқ, ба монанди Нӯҳ, Иброҳим ва Довуд ғамхорӣ мекард ва онҳоро муҳофизат менамуд. Оё ин моро барнамеангезад, ки ба Подшоҳи худ итоат кунем ва ба Ӯ наздик шавем?
19 Лекин шояд дар мо чунин саволҳо пайдо шаванд: «Чӣ тавр Яҳува дар рӯзҳои мо Подшоҳ гашт? Чӣ тавр мо метавонем тобеони содиқи Салтанати Худо бошем ва дар оилаи муттаҳиди Ӯ фарзандони комил гардем? Вақте ки мо оиди омадани Салтанат дуо мегӯем, ин чӣ маъно дорад?» Ба ин саволҳо аз мақолаи навбатӣ ҷавоб хоҳем ёфт.