Эфсӯсиён
4 Бинобар ин ман, ки ба хотири Ҳазрат дар ҳабс мебошам,+ аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби даъвати худ амал кунед,+ 2 яъне бо тамоми хоксорӣ,+ мулоимӣ ва пурсабрӣ+ рафтор намуда, бо муҳаббат+ созиш кунед. 3 Ҳамчунин ҷаҳду кӯшиш кунед, ки бо пайванди осоиштагӣ ягонагии рӯҳро нигоҳ доред.+ 4 Як бадан+ ва як рӯҳ+ вуҷуд дорад, чуноне ки танҳо як умеде+ ҳаст, ки ба он даъват шудаед; 5 як Сарвар+ ҳаст, як имон, як таъмид*, 6 як Худо ва Падари ҳама, ки аз ҳама болост ва ба воситаи ҳамаву дар ҳама амал мекунад.
7 Ба ҳар яки мо ба андозаи атое, ки Масеҳ муқаррар намудааст, лутфу марҳамат карда шуд.+ 8 Гуфта шудааст: «Баланд баромада, асиронро бурд; аз миёни одамон баъзеро чун ҳадия дод».+ 9 Суханони «баланд баромад» чӣ маъно дорад? Маънои онро, ки ӯ ҳамчунин ба поён, яъне ба замин, фаромада буд. 10 Он касе, ки поён фаромад, ҳамонест, ки болотар аз осмонҳо+ баромад,+ то ба ҳама чиз пуррагӣ бахшад.
11 Ӯ баъзеро чун расулон+ ато кард, баъзеро чун пайғамбарон,+ баъзеи дигарро чун воизони хушхабар+ ва боз баъзеро чун чӯпонон ва устодон,+ 12 то онҳо поконро ислоҳ намоянд*, ба дигарон хизмат кунанд ва бадани Масеҳро бино созанд.+ 13 Онҳо ин корро то даме ба ҷо меоранд, ки ҳамаи мо дар имону дониши дақиқ дар бораи Писари Худо* ягонагӣ ба даст орем, шахси баркамол гардем+ ва ба дараҷаи камолоти Масеҳ бирасем. 14 Пас, биёед дигар мисли кӯдакон набошем, ки бо фанду фиреби одамон, бо ҳилаву найранг мисли мавҷҳои баҳр ҳар тараф ронда мешаванд ва бо ҳар боди таълим+ алвонҷ мехӯранд. 15 Балки сухани рост гуфта, бо муҳаббат дар ҳама чиз сӯйи сардори худ, яъне Масеҳ,+ афзоиш кунем. 16 Ба воситаи Масеҳ тамоми бадан+ ба хубӣ пайванд аст ва ҳар як узв бо дигаре ҳамкорӣ карда, ба бадан чизи лозимаро медиҳад. Вақте ҳар як узв вазифаи худро дуруст иҷро мекунад, бадан инкишоф меёбад ва аз муҳаббат бино мешавад.+
17 Пас, дар ҳузури Ҳазрат ба шумо мегӯяму хоҳиш мекунам, ки минбаъд чун халқҳои дигар аз рӯйи фикру хаёли беҳуда+ рафтор накунед.+ 18 Ақли он одамон тира гаштааст ва онҳо аз ҳаёте, ки Худо медиҳад, дуранд, чунки ӯро шинохтан намехоҳанд ва дилашон беҳис гаштааст. 19 Онҳо ору номусро тамоман аз даст додаанд ва ба беҳаёгӣ*+ дода шудаанд, то бо чашмгушнагӣ ҳар гуна нопокиро ба амал оранд.
20 Аммо шумо аз рӯйи таълими гирифтаатон медонед, ки Масеҳ чунин рафтор намекард, 21 албатта, агар он чӣ шунидаеду омӯхтаед, ба ростие, ки Исо таълим медод, мувофиқ бошад. 22 Шумо таълим гирифтаед, ки одамеро, ки пеш будед,+ мисли либос кашида, дур кунед ва ба рафтори пештараатон даст назанеду бо хоҳишҳои дилфиреб+ фосид нагардед. 23 Минбаъд низ фикрронии худро нав созед+ 24 ва одами навро бар тан кунед,+ ки он, чуноне Худо мехоҳад, дар росткориву вафодории ҳақиқӣ офарида шудааст.
25 Бинобар ин, ҳоло ки дурӯғро аз худ дур кардаед, ба ҳамдигар рост гӯед,+ зеро мо аъзои якдигарем.+ 26 Вақте ба хашм биёед, гуноҳ накунед,+ нагузоред, ки хашми шумо то нишастани офтоб боқӣ монад,+ 27 ва ба Иблис ҷой надиҳед.+ 28 Касе, ки дуздӣ мекунад, дигар надуздад, балки бисёр меҳнат карда, бо дастони худ некӣ кунад,+ то тавонад ба муҳтоҷе чизе бидиҳад.+ 29 Як гапи ифлос* ҳам аз даҳонатон набарояд,+ балки танҳо гапи хубе, ки дар вақти зарурӣ обод кунаду ба шунаванда фоида орад.+ 30 Ҳамчунин рӯҳи муқаддаси Худоро ғамгин насозед,+ ки бо он барои рӯзе, ки бо баҳои товон* озод мегардед,+ муҳр зада шудаед.+
31 Ҳар гуна кинаву дилсиёҳӣ,+ қаҳр, ғазаб, доду фарёд, дашном+ ва ҳар бадиро аз худ дур кунед.+ 32 Ба якдигар меҳрубону дилсӯз бошед,+ якдигарро аз таҳти дил бахшед, чи тавре ки Худо низ ба воситаи Масеҳ шуморо аз таҳти дил бахшидааст.+