2 Юҳанно
1 Номаи пир ба хонуми интихобшуда ва фарзандони ӯ, ки ман онҳоро, ҳақиқатан ҳам, дӯст медорам ва на танҳо ман, балки ҳамаи онҳое низ, ки ростиро қабул кардаанд. 2 Мо шуморо дӯст медорем, зеро ростӣ дар дили ҳамаи мост, ва он то абад бо мо мемонад. 3 Падарамон Худо ва ҳамчунин Писараш Исои Масеҳ* дар баробари ростиву муҳаббат ба мо лутфу марҳамат, раҳм ва сулҳу осоиштагӣ медиҳанд.
4 Ман хеле хурсандам, зеро фаҳмидам, ки баъзе фарзандони ту бо роҳи ростӣ равонаанд+ ва аз рӯйи амре, ки мо аз Падари осмониямон гирифтаем, рафтор мекунанд. 5 Дар ин мактуб аз ту, эй хонум, хоҳиш мекунам, ки шумо якдигарро дӯст доред. Ин амри нав нест, балки ҳамонест, ки ба мо аз аввал дода шуд.+ 6 Муҳаббат ин аст, ки мо аз рӯйи амрҳои Худо рафтор кунем*.+ Чуноне ки шумо аз аввал шунида будед, амри ӯ ин аст, ки аз рӯйи муҳаббат рафтор кунед. 7 Инро ба шумо аз он сабаб менависам, ки дар ҷаҳон фиребгарони зиёде пайдо шудаанд,+ ки дар ҷисм омадани Исоро рад мекунанд.+ Касе, ки чунин мекунад, фиребгар ва зиддимасеҳ аст.+
8 Ҳушёр бошед, то он чизеро, ки бо меҳнати бисёрамон ба даст омадааст, гум накунед, балки ҳама баракатҳои Худоро соҳиб шавед.+ 9 Ҳар касе, ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он намемонад, ризои Худоро ба даст намеорад.+ Лекин касе, ки таълимоти Масеҳро риоя мекунад, ҳам розигии Падарро соҳиб мешаваду ҳам розигии Писарро.+ 10 Агар касе ба наздатон омада, таълимоти бегонаро орад, ӯро ба хонаатон қабул накунед+ ва ба вай салом ҳам надиҳед. 11 Касе, ки ба вай салом диҳад, ба корҳои бадаш шарик мешавад.
12 Боз гуфтании бисёре дорам, лекин намехоҳам инро бар қоғаз бо сиёҳӣ бинависам, зеро умедворам, ки наздатон омада, бо шумо рӯ ба рӯ суҳбат мекунам, то шумо аз ин хурсандии зиёд гиред.
13 Фарзандони хоҳари интихобшудаат ба ту салом мерасонанд.