Панднома
3 Росткорӣ ва боинсофӣ
Барои Яҳува аз қурбонӣ хуштар аст.+
4 Чашмони ҳавобаланду дили мағрур
Гуноҳест, ки мисли чароғ бадкоронро роҳнамоӣ мекунад.+
7 Ситами бадкорон ба сари худашон меояд,+
Зеро онҳо адолатро поймол мекунанд.
8 Роҳи гунаҳкор каҷу
Рафтори покдил рост аст.+
12 Хонаи бадкоронро Росткор назорат мекунад,
Ӯ бадкоронро нест мекунад.+
14 Туҳфаи пинҳонӣ хашмро фурӯ менишонад+
Ва пораи баҷоӣ оташи ғазабро паст мекунад.
15 Боинсофона амал кардан барои росткор шодист,+
Аммо барои бадкирдор даҳшат аст.
16 Ҳар кӣ аз роҳи дурандешон дур шавад,
Бо мурдагони беҷон хоб меравад.+
17 Ҳар кӣ ба дилхушӣ дил бандад, қашшоқ мегардад,+
Ҳар кӣ дӯстдори шаробу равған аст, бой намешавад.
18 Бадкор ба ҷойи росткор товон аст
Ва хиёнаткорро ба ҷойи боинсоф хоҳанд гирифт.+
22 Хирадманд метавонад аз болои девор гузашта, ба шаҳри пурзӯрон дарояд
Ва қувватеро, ки такягоҳи онҳост, суст кунад.+
23 Касе, ки забону даҳонашро нигаҳ дорад,
Ҷонашро аз бало нигаҳ медорад.+
24 Ҳар кӣ беандешаву худбоварона амал кунад,
Лофзани худбовару худсар ном дорад.+
25 Танбалро нафсаш мекушад,
Зеро дасташро ба кор намезанад.+
26 Ӯ тамоми рӯз баднафсона ҳавас мекунад,
Аммо росткор дареғ надошта медиҳад.+
30 Ҳеҷ хирад, андеша* ё маслиҳате наметавонад ба Яҳува муқобил барояд.+