Луқо
24 Дар рӯзи якуми ҳафта онҳо саҳарии барвақт алафҳои хушбӯеро, ки тайёр карда буданд, гирифта, сари қабри Исо омаданд,+ 2 вале диданд, ки санг аз даҳани қабр ғелонда шудааст,+ 3 ва, вақте ба дарун даромаданд, ҷасади Ҳазрати Исоро наёфтанд.+ 4 Онҳо ҳайрон истода буданд ки, ногоҳ дар наздашон ду марде пайдо шуд, ки дар тан либоси дурахшон доштанд. 5 Занҳо аз тарсу ҳарос ба рӯйи онҳо нигоҳ намекарданд, вале он мардон гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо мекобед?+ 6 Ӯ дар ин ҷо нест, зеро аз мурдагон зинда шудааст. Ба ёд оред, ки чӣ гуна ӯ ҳангоми дар Ҷалил буданаш ба шумо 7 гуфта буд, ки Фарзанди одамро бояд ба дасти гунаҳкорон супоранд, дар сутун ба қатл расонанд ва дар рӯзи сеюм ӯ бояд зинда шавад».+ 8 Он гоҳ онҳо суханони ӯро ба хотир оварданд+ 9 ва баргашта, тамоми ин воқеаро ба 11 расул ва дигар шогирдон нақл карданд.+ 10 Он занҳо Марями Маҷдалия, Юҳона ва Марями модари Яъқуб буданд. Занҳои дигар низ, ки ҳамроҳи онҳо ба сари қабр рафта буданд, ба расулон ҳамон чизҳоро нақл карданд. 11 Вале ин суханон ба назарашон аз ақл берун намуд ва онҳо ба гапи занон бовар накарданд.
12 Аммо Петрус аз ҷой хеста, сӯйи қабр давид ва, вақте хам шуда, ба дарун нигоҳ кард, фақат кафанро дид. Ӯ аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, аз он ҷо рафт.
13 Ҳамон рӯз ду нафар аз шогирдон ба Аммоус ном қишлоқе равона буданд, ки тахминан 11 километр* аз Ерусалим дуртар буд. 14 Дар роҳ онҳо бо ҳам дар бораи он рӯйдодҳо гуфтугӯ мекарданд.
15 Вақте онҳо суҳбат карда ин воқеаҳоро муҳокима менамуданд, худи Исо ба назди онҳо омад ва ҳамроҳашон равона шуд, 16 вале онҳо ӯро нашинохтанд.+ 17 Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо раҳ ба раҳ дар бораи кадом воқеаҳо гуфтугузор карда истодаед?» Онҳо бозистоданд ва чеҳраҳояшон ғамгин буд. 18 Яке аз онҳо, ки Клеопос ном дошт, ба ӯ гуфт: «Оё ту дар Ерусалим мусофир ҳастиву танҳо зиндагӣ мекунӣ, ки* аз воқеаҳои рӯзҳои охир хабар надорӣ?» 19 Ӯ аз онҳо пурсид: «Аз кадом воқеаҳо?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеаҳое, ки бо Исои носирӣ+ рӯй доданд. Ӯ пайғамбаре буд, ки дар пеши Худо ва тамоми одамон дар сухан ва амал қудратманд буд.+ 20 Вале коҳинони калон ва роҳбарони мо ӯро ба куштан супурданд,+ барои ҳамин ӯро ба сутун мехкӯб карданд. 21 Мо бошем, умедвор будем, ки ӯ ҳамон касест, ки Исроилро озод мекунад.+ Ҳоло се рӯз мешавад, ки ҳамаи ин воқеаҳо рӯй додаанд. 22 Ҳамчунин баъзе занҳо низ, ки дар байни моянд, моро ҳайрон карданд: онҳо саҳарии барвақт сари қабр рафтанд+ 23 ва, пас аз он ки ҷасади Исоро наёфтанд, омада гуфтанд, ки ба онҳо фариштаҳо намудор гаштанд ва хабар доданд, ки ӯ зинда аст. 24 Инро шунида баъзе касоне, ки бо мо буданд, сӯйи қабр рафтанд+ ва ҳама чиро ҳамон тавре ёфтанд, ки занҳо гуфта буданд, вале худи Исоро надиданд».
25 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаҳмон, чаро ба суханони пайғамбарон имон овардан бароятон ин қадар душвор аст?! 26 Магар лозим набуд, ки Масеҳ ҳамаи ин азобҳоро паси сар кунаду+ ҷалол ёбад?»+ 27 Сипас ӯ аз китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон+ сар карда тамоми суханонеро, ки дар бораи ӯ навишта шуда буданд, ба онҳо фаҳмонд.
28 Ниҳоят онҳо ба қишлоқе, ки ба он равона буданд, наздик шуданд ва ӯ вонамуд кард, ки роҳашро давом доданӣ аст. 29 Аммо онҳо бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Нарав, бо мо ист, чунки шом шуда истодааст ва пас аз андаке торик мешавад», ва ӯ бо онҳо ба хона даромада, ҳамроҳашон монд. 30 Вақте дар сари дастархон менишастанд, ӯ нонро гирифта, шукргузорӣ кард ва пора намуда, ба онҳо дод.+ 31 Ҳамон вақт гӯё пардае аз чашмонашон афтид ва онҳо Исоро шинохтанд, вале ӯ аз пеши назарашон нопадид шуд.+ 32 Онҳо ба ҳамдигар гуфтанд: «Магар, вақте ки ӯ дар роҳ бо мо гап зада Навиштаҳоро як ба як мефаҳмонд, диламон ба ҳаяҷон намеомад?» 33 Ҳамон соат онҳо хеста, ба Ерусалим баргаштанд ва ба назди 11 расул ва дигароне, ки ҳамроҳашон ҷамъ шуда буданд, омаданд. 34 Онҳо ба ин ду нафар гуфтанд: «Дар ҳақиқат, Ҳазрат зинда шудааст ва ӯ ба Шимъӯн намудор шуд!»+ 35 Он гоҳ инҳо низ нақл карданд, ки дар роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ тавр онҳо вайро аз ноншиканияш шинохтанд.+
36 Ҳангоме ки онҳо дар ин бора гап мезаданд, худи Исо дар байнашон пайдо шуда, гуфт: «Салом!*»+ 37 Вале онҳо гумон карданд, ки ин офаридаи рӯҳӣ аст, аз ин рӯ ба тарсу ваҳм афтоданд. 38 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро метарсед ва чаро дилатон ба шубҳа афтод? 39 Ба дасту пойи ман нигоҳ кунед, охир, ин манам. Ба ман даст расонед ва бубинед, ки гӯшту устухон дорам, офаридаи рӯҳӣ бошад, гӯшту устухон надорад». 40 Ин суханонро гуфта, ӯ ба онҳо дасту пойи худро нишон дод. 41 Аммо, азбаски аз шодию хурсандӣ ва ҳайрати зиёд ҳоло ҳам боварашон намеомад, ӯ гуфт: «Барои хӯрдан ягон чиз доред?» 42 Онҳо ба ӯ як пора моҳии бирён доданд 43 ва ӯ онро гирифта, дар пеши чашми онҳо хӯрд.
44 Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Вақте ман ҳамроҳатон будам, ба шумо мегуфтам,+ ки ҳар он чӣ дар бораи ман дар Тавроти* Мӯсо, Навиштаҳои пайғамбарон ва Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».+ 45 Ӯ ақлу майнаи онҳоро кушод, то ба маънои Навиштаҳо сарфаҳм раванд,+ 46 ва гуфт: «Навишта шудааст, ки Масеҳ азобу уқубат мекашаду дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда мегардад+ 47 ва ба номи ӯ аз Ерусалим сар карда+ ба ҳамаи халқҳо хабар расонида мешавад,+ ки онҳо бояд тавба кунанд ва ҳамин тавр бахшиши гуноҳҳоро ба даст оранд.+ 48 Шумо шоҳиди ҳамаи ин воқеаҳо мешавед.+ 49 Инак, ман он чиро, ки Падарам ваъда додааст, ба шумо мефиристам. Вале шумо, то даме ки аз боло қудрат наёбед, дар шаҳр бимонед».+
50 Баъд ӯ бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафта, онҳоро то худи Байт-Ҳинӣ бурд ва дастонашро боло карда онҳоро баракат дод. 51 Ҳангоме ки ӯ шогирдонашро баракат медод, аз онҳо ҷудо гашт ва сӯйи осмон бурда шуд.+ 52 Онҳо ба ӯ таъзим карда, бо шодиву хурсандии бепоён ба Ерусалим баргаштанд.+ 53 Пас аз ин онҳо доимо дар ибодатгоҳ ҷамъ мешуданд ва Худоро ситоиш мекарданд.+