Панднома
4 Эй фарзандонам, ба насиҳати падар гӯш диҳед+
Ва диққат кунед, то фаҳм пайдо намоед,
2 Зеро ба шумо насиҳати хубе медиҳам,
Дастури маро тарк накунед.+
4 Падарам маро таълим дода, мегуфт:
«Суханони маро дар дилат нигаҳ дор.+
Амрҳои маро ба ҷо ору зинда мон.+
5 Хирад ба даст ор, фаҳм пайдо кун.+
Гуфтаҳоямро фаромӯш накун ва аз онҳо сар напеч.
6 Онро тарк накун ва он туро нигаҳ хоҳад дошт.
Онро дӯст дор ва он туро ҳимоя хоҳад кард.
8 Онро қадрдонӣ намо ва он туро сарбаланд месозад.+
Онро ба оғӯш гир ва он туро ҷалол медиҳад.+
9 Он бар сарат тоҷи зебандае хоҳад гузошт,
Туро бо кулоҳи зебоӣ оро хоҳад дод».
10 Эй писарам, ба ман гӯш деҳ ва гуфтаҳои маро қабул кун,
Он гоҳ умри дароз мебинӣ.+
12 Вақте роҳ равӣ, чизе ба ту халал намерасонад
Ва, вақте бидавӣ, пешпо намехӯрӣ.
13 Насиҳатро маҳкам нигаҳ дор, онро сар надеҳ.+
Онро нигаҳбон бош, зеро он ҳаёти туст.+
14 Ба пайраҳаи бадкорон қадам намон
Ва бо роҳи бадкирдорон равона нашав.+
16 Агар бадкорон бадӣ накунанд, хобашон намебарад,
Агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад.
17 Онҳо нони бадкорӣ мехӯранд
Ва шароби ситамгарӣ менӯшанд.
19 Роҳи бадкорон мисли торикист,
Онҳо намедонанд, ки аз чӣ пешпо мехӯранд.
20 Эй писарам, ба суханонам диққат кун
Ва ба гуфтаҳоям нағзакак гӯш деҳ.
21 Онҳо аз пеши назарат дур нашаванд,
Онҳоро дар мағзи дилат ҷо кун,+
22 Зеро онҳо ба ёбандагонашон
Ҳаёт ва тансиҳатӣ мебахшанд.+
24 Фиребро аз даҳонат дур кун+
Ва макрро ба лабонат роҳ надеҳ.
25 Бигзор чашмонат рост нигаранд
Ва назарат ба пеш дӯхта шавад.+
27 Ба тарафи рост ё чап нагард,+
Поятро аз бадӣ дур дор.