МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22
Маслиҳати хирадмандонае, ки ҳама вақт корбурд аст
«Хирадро Яҳува медиҳад» (ПНМ. 2:6).
СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо
ПЕШГУФТОРa
1. Чаро ба мо хиради илоҳӣ лозим аст? (Панднома 4:7).
ОЁ ДАР ҳаётатон чунин шудааст, ки шумо бояд қарори муҳим қабул мекардед? Он вақт бешак шумо аз Худо хирад талаб намудед (Яъқ. 1:5). Шоҳ Сулаймон дар ин бора гуфтааст: «Хирад чизи асосист». (Панднома 4:7-ро хонед.) Бояд гуфт, ки Сулаймон хиради махсусеро дар назар дошт — хирадеро, ки аз Худо сарчашма мегирад (Пнм. 2:6). Лекин оё ин хирад дар мушкилиҳое, ки имрӯз мо дучор мешавем, кумак карда метавонад? Бале, метавонад! Исботи инро мо дар ин мақола мебинем.
2. Як роҳе, ки мо хиради ҳақиқиро ба даст оварда метавонем, кадом аст?
2 Як роҳи ба даст овардани хиради ҳақиқӣ ин омӯзиш ва ба кор бурдани таълимоти ду марде мебошад, ки хеле хирадманд буданд. Яке аз онҳо пайғамбар Сулаймон аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «Худо ба Сулаймон фаҳму хиради беандоза... ато карда буд» (3 Подш. 4:29). Дуюмаш бошад, Исои Масеҳ мебошад. Хиради Исо низ бемислу монанд буд (Мат. 12:42). Дар бораи ӯ дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст: «Бар ӯ рӯҳи Яҳува, рӯҳи хирад ва фаҳмиш... қарор мегирад» (Иш. 11:2).
3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Хиради худододашонро ба кор бурда Сулаймон ва Исо дар масъалаҳои бароямон муҳим маслиҳатҳои хуб додаанд. Имрӯз дар ин мақола мо се ҷиҳатро дида мебароем: аҳамияти назари дуруст доштан ба пул, кор ва худамон.
БА ПУЛ НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТА БОШЕД
4. Вазъи моддии Сулаймон ва Исо бо чӣ фарқ мекард?
4 Сулаймон марди бою бадавлат буд ва дар хонаи бароҳат зиндагӣ мекард (3 Подш. 10:7, 14, 15). Исо бошад, молу мулк ва хонаи шахсӣ надошт (Мат. 8:20). Вале ҳар дуи онҳо ба чизҳои моддӣ назари дуруст доштанд, зеро сарчашмаи хирадашон Яҳува Худо буд.
5. Сулаймон ба пул чӣ гуна назар дошт?
5 Сулаймон тан мегирифт, ки пул «пушту паноҳ аст» (Пандгӯ 7:12). Бо ёрии пул шахс метавонад ҳаёташро пеш барад ва ҳатто чизи дилхоҳи худро ба даст орад. Вале Сулаймон инчунин дарк мекард, ки аз пул дида чизҳои муҳимтаре ҳастанд. Масалан, ӯ гуфтааст: «Номи нек беҳ аз дороии бузург» (Пнм. 22:1). Ӯ инчунин мушоҳида карда буд, ки онҳое, ки пулдӯстанд, бо чизҳои доштаашон аксар вақт қаноат намекунанд (Пандгӯ 5:10, 12). Инчунин огоҳ кардааст, ки ба пул такя кардан аз рӯйи хирад нест, зеро чи қадар пул надошта бошем, он ба осонӣ нопадид гашта метавонад (Пнм. 23:4, 5).
6. Исо ба чизҳои моддӣ чӣ тавр муносибат мекард? (Матто 6:31–33).
6 Исо низ ба чизҳои моддӣ назари дуруст дошт. Ӯ аз хӯрок ва нӯшокиҳо баҳра мебурд (Луқ. 19:2, 6, 7). Масалан, боре Исо обро ба шароби босифат табдил дод, ки ин муъҷизаи аввали ӯ буд (Юҳ. 2:10, 11). Дар рӯзи вафот карданаш бошад, ӯ дар тан либоси қиматбаҳо дошт (Юҳ. 19:23, 24). Лекин Исо ҳеҷ гоҳ чизҳои моддиро дар ҷойи аввал намегузошт. Ӯ ба пайравонаш гуфта буд: «Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад... Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи Боигарӣ бошед» (Мат. 6:24). Ӯ таълим медод, ки агар мо Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал монем, Яҳува ҳатман ниёзҳоямонро қонеъ мегардонад. (Матто 6:31–33-ро хонед.)
7. Чӣ тавр бародаре аз он ки ба пул назари дуруст пайдо кард, манфиат гирифт?
7 Бисёр бародару хоҳарон маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар бораи муносибат ба пул ба кор бурда манфиати зиёд мегиранд. Биёед намунаи бародар Дениелро дида бароем. Ӯ мегӯяд: «Ман дар наврасиам қарор кардам, ки ҳама вақт корҳои рӯҳониро дар ҷойи аввал мемонам». Азбаски Дениел чунин мақсад монд, ӯ дар бисёр лоиҳаҳои ташкилотамон иштирок мекунад. Ӯ илова менамояд: «Ман самимона гуфта метавонам, ки аз роҳи интихоб кардаам пушаймон нестам. Албатта, агар ман мақсади пулкоркунӣ медоштам, то имрӯз пули бисёр ба даст меовардам. Вале бояд гӯям, ки ягон пул ҷойи дӯстонеро, ки ман пайдо кардам, гирифта наметавонад. Пул инчунин ҷойи қаноатмандиеро, ки аз Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал мондан ҳис мекунӣ, гирифта наметавонад. Он ҳеҷ гоҳ бо баракатҳои Яҳува баробар намешавад». Бале, вақте мо диққатамонро ба пул неву ба корҳои рӯҳонӣ равона мекунем, манфиати бисёр мегирем.
БА КОР НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТА БОШЕД
8. Мо аз куҷо медонем, ки кор барои Сулаймон дар ҷойи аввал намеистод? (Пандгӯ 5:18, 19).
8 Пайғамбар Сулаймон хурсандиеро, ки мо аз меҳнатамон мегирем, «мукофоти» Худо номид. (Пандгӯ 5:18, 19-ро хонед.) Ӯ навиштааст: «Дар ҳар гуна меҳнат фоидае ҳаст» (Пнм. 14:23). Сулаймон медонист чӣ мегӯяд! Ӯ худаш марди меҳнатдӯст буд. Масалан, ӯ хонаҳо месохт, токзор, боғҳо ва ҳавзҳо дошт. Инчунин шаҳрҳо бино мекард (3 Подш. 9:19; Пандгӯ 2:4–6). Ҳамаи ин кор меҳнати зиёдро металабид ва шакке нест, ки ба қадре ба Сулаймон қаноатмандӣ мебахшид. Вале гуфтан мумкин аст, ки ӯ на танҳо аз ин чизҳо хурсандӣ меҷуст. Сулаймон инчунин бо корҳои рӯҳонӣ банд буд. Масалан, ӯ сохтмони маъбади Яҳуваро, ки ҳафт сол тӯл кашида буд, назорат мекард (3 Подш. 6:38; 9:1). Ниҳоят, ин марди меҳнатдӯст ба хулоса омад, ки хизмат ба Яҳува аз дигар корҳо дида муҳимтар аст. Ӯ гуфт: «Хулосаи гап, хулосаи ҳар чизи шунида, чунин аст: аз Худо битарс ва амрҳои ӯро риоя намо» (Пандгӯ 12:13).
9. Чӣ тавр Исо дар мавриди кор ва хизмат ба Яҳува мувозинатро нигоҳ медошт?
9 Исо низ марди меҳнаткаш буд. Дар ҷавониаш ӯ дуредгар шуда кор мекард (Марқ. 6:3). Бешубҳа, волидонаш аз ӯ хеле миннатдор буданд. Чунки барои таъмин кардани оилаи калонашон ба онҳо дастёр лозим буд. Бояд гуфт, ки азбаски Исо одами комил буд, маҳсули дасташ сифати олӣ дошт ва шакке нест, ки бисёр одамон мехостанд, ки аз ӯ чизе харанд. Ӯ аз кораш ҳаловат мебурд. Лекин дар баробари иҷро кардани корҳояш ӯ инчунин барои корҳои рӯҳонӣ вақт ҷудо мекард (Юҳ. 7:15). Баъдтар, вақте ӯ пурравақт хизмат мекардагӣ шуд, ба шунавандагонаш чунин маслиҳат дод: «На барои хӯроки фонӣ, балки барои хӯроки ҷовидонӣ меҳнат кунед, ки ҳаёти абадӣ мебахшад» (Юҳ. 6:27). Дар Суханронии болои кӯҳ бошад, Исо илова намуд: «Дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед» (Мат. 6:20).
10. Баъзеҳо дар ҷойи кор бо чӣ гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда метавонанд?
10 Хиради Худо ба мо кумак мекунад, ки нисбати корамон назари дуруст дошта бошем. Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки меҳнаткаш ва ҳалолкор бошем (Эфс. 4:28). Барои ҳалолкорӣ ва меҳнатдӯстиамон раис аксар вақт шояд таъриф карда мегӯяд, ки моро қадр менамояд. Аз ин рӯ чунин шуда метавонад, ки мо бо нияти нек «раисамон дар бораи Шоҳидон назари дуруст дошта бошад» гуфта, дар ҷойи кор соатҳои дароз истода кор мекунем. Вале дере нагузашта шояд пай барем, ки ба уҳдадориҳои оилавиамон ва хизмати Яҳува хунукназарӣ карда истодаем. Дар ин сурат ба мо лозим аст, ки назарамонро ба кор тағйир диҳем — мувозинатро барқарор созем.
11. Як бародар дар бораи ба кор назари дуруст доштан чиро фаҳмид?
11 Уилям ном бародаре худаш шоҳиди он гаштааст, ки, вақте шахс корро дар ҷойи аввал намегузорад, чӣ қадар фоидаи бисёр мебинад. Аҳамият диҳед, Уилям дар бораи пири ҷамоате, ки як вақтҳо раисаш буд, чӣ мегӯяд: «Он бародар аз ҷиҳати ба кор муносибати дуруст доштан намунаи беҳтарин аст. Ӯ меҳнаткаш буда мизоҷон аз сифати кораш хеле қаноатманданд. Вале дар охири рӯз ӯ корро як тараф монда диққаташро пурра ба оила ва ибодати Яҳува равона мекунад. Медонед чӣ? Ӯ яке аз хушбахттарин одамонест, ки ман медонам»b.
НИСБАТИ ХУД НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТА БОШЕД
12. Чӣ нишон медиҳад, ки Сулаймон дар аввал ба худ назари дуруст дошт, вале чӣ тавр мувозинатро аз даст дод?
12 Вақте Сулаймон ба Яҳува содиқона хизмат мекард, ба худ назари дуруст дошт. Дар ҷавониаш ӯ камбудиҳои худро тан гирифта аз Худо роҳнамоӣ мепурсид (3 Подш. 3:7–9). Инчунин дар рӯзҳои аввали подшоҳиаш ӯ дар бораи хатари мағрур гаштан бохабар буд. Ӯ навиштааст: «Оқибати ғурур фалокат аст ва ҳавобаландӣ ба шикаст меорад» (Пнм. 16:18). Афсӯс, бо гузашти вақт ӯ худаш аз рӯйи ин маслиҳат амал накард. Кор ба дараҷае расид, ки Сулаймон ҳатто талаботи Яҳуваро поймол мекардагӣ шуд. Масалан, мувофиқи яке аз қонунҳо Яҳува аз подшоҳони Исроил талаб мекард: «Бигзор ӯ зани бисёр нагирад, то дилаш аз ман дур нашавад» (5 Мӯсо 17:17). Сулаймон ба ин талаботи Яҳува нописандӣ карда 700 зан ва 300 суррия гирифт, ки бисёрашон бутпараст буданд (3 Подш. 11:1–3). Он вақт Сулаймон шояд фикр мекард, ки ин кори ӯ ба сараш ягон бало намеорад. Лекин чи хеле набошад, Сулаймон оқибати талхи аз Яҳува дур шуданашро чашид (3 Подш. 11:9–13).
13. Дар бораи фурӯтании Исо мулоҳиза ронда мо чӣ мефаҳмем?
13 Исо ба худ назари дуруст дошт. Пеш аз ба замин омаданаш Исо дар хизмати Яҳува корҳои аҷоибро ба ҷо меовард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ҳамаи чизҳои дигар ба воситаи ӯ ва барои ӯ офарида шудаанд» (Қӯл. 1:16). Баъд аз таъмид гирифтанаш Исо ҳаётеро, ки пеш дар осмон дошт, ба ёд овард (Мат. 3:16; Юҳ. 17:5). Вале новобаста ба ин ҳавобаланд нагашт ва худро аз дигарон боло наҳисобид. Баръакс, ба шогирдонаш гуфт, ки ба замин «на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд, балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад ва ҷонашро барои бисёр касон фидо намояд» (Мат. 20:28). Инчунин фурӯтанона гуфт, ки ягон корро аз пеши худ намекунад (Юҳ. 5:19). Чӣ намунаи барҷастаи фурӯтанӣ! Исо барои мо намунаи ибрат гузошт.
14. Дар мавриди ба худ назари дуруст доштан мо аз Исо чӣ ибрат гирифта метавонем?
14 Исо шогирдонашро таълим медод, ки ба худ назари дуруст дошта бошанд. Боре ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар як тори мӯйи шумо бошад, шумурда шудааст» (Мат. 10:30). Ин суханон бароямон дилгармкунандаанд, махсусан агар мо нисбати худ назари бад дошта бошем. Аз ин оят мо мефаҳмем, ки дар назари Падари осмониамон қадр дорем. Инчунин, агар Яҳува гузорад, ки мо ӯро ибодат намоем ва фикр кунад, ки лоиқи дар дунёи наваш зиндагӣ кардан ҳастем, мо набояд гӯем, ки ӯ хато мекунад.
15. а) Мувофиқи маслиҳати «Бурҷи дидбонӣ» мо бояд ба худ чӣ гуна назар дошта бошем? б) Аз рӯйи расмҳои саҳифаи 24 агар мо ба худ аз меъёр зиёд аҳамият диҳем, аз кадом баракатҳо маҳрум шуда метавонем?
15 15 сол пеш дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» чунин маслиҳат дода шуда буд: «Албатта, мо набояд дар бораи худ ба дараҷае фикр кунем, ки ниҳоят ҳавобаланд гардем, ҳамзамон набояд тавре шавад, ки мо худро паст ҳисоб кунем. Ба ҷойи ин мо бояд ҳам хислатҳои хуб ва ҳам камбудиҳоямонро бинем. Як хоҳар дар ин хусус чунин гуфт: “Ман на фаришта ҳастаму на одами намешуданӣ. Зеро мисли дигарон ҳам хислатҳои хуб дораму ҳам камбудӣ”»c. Аз ин суханон бармеояд, ки нисбати худ назари дуруст доштан бениҳоят муҳим аст.
16. Чаро Яҳува ба мо маслиҳати хирадмандона медиҳад?
16 Тавассути Каломаш Яҳува ба мо маслиҳатҳои хирадмандона медиҳад. Ӯ моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо хушбахт бошем (Иш. 48:17, 18). Беҳтарин роҳи хушбахтӣ ба даст овардан ин хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал мондан мебошад. Ҷолиб аст, ки онҳое, ки ба пул, ҷойи кор ва ба худ аз ҳад зиёд диққат медиҳанд, бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҳамин, агар мо хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монем, аз ин мушкилиҳо худро эмин нигоҳ медорем. Пас, биёед хирадмандона амал карда дили Яҳуваро шод гардонем (Пнм. 23:15).
СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд
a Пайғамбар Сулаймон ва Исо дорои хиради бузург буданд. Сарчашмаи ин хирад Яҳува Худо мебошад. Дар ин мақола мо мебинем, ки аз маслиҳати Сулаймон ва Исо дар бораи пул, кор ва ба худ назари дуруст доштан чӣ меомӯзем. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бародару хоҳарон маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро аз ин ҷиҳат ба кор бурда манфиат мегиранд.
b Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми феврали с. 2015, мақолаи «Чӣ тавр аз кор хурсандӣ гирем?» (рус.) нигаред.
c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми августи с. 2005, мақолаи «Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳад, ки хурсандӣ пайдо кунед» (рус.) нигаред.
d ШАРҲИ РАСМҲО: Ҷон ва Том дар як ҷамоат хизмат мекунанд. Ҷон аксар вақташро барои нигоҳубини мошинаш сарф мекунад. Том бошад, мошинашро барои бо дигарон хизмат кардан истифода мебарад ва бародару хоҳаронро ба ҷамъомад меорад.
e ШАРҲИ РАСМҲО: Ҷон дар ҷойи кораш соатҳои зиёдатӣ кор мекунад. Ӯ раисашро рӯҳафтода кардан намехоҳад, барои ҳамин, вақте раисаш аз ӯ хоҳиш мекунад, ки баъди кор истода корашро давом диҳад, Ҷон розӣ мешавад. Ҳамон бегоҳ Том, ки хизматгузори ҷамоат аст, ҳамроҳи пири ҷамоат хоҳареро хабар мегирад. Якчанд вақт пеш ӯ ба раисаш фаҳмонда буд, ки баъзе бегоҳиҳои ҳафтаро барои корҳое ҷудо кардааст, ки бо ибодаташ алоқаманд аст.
f ШАРҲИ РАСМҲО: Диққати Ҷон пурра ба худаш равона аст. Том бошад, корҳои рӯҳониро аз хоҳишҳои худ боло гузошта ҳангоми таъмири Толори анҷуман дӯстони нав пайдо мекунад.