2 Подшоҳон
1 Шоул кушта шуд ва, аз вақте ки Довуд амолеқиёнро мағлуб карда, ба Сиқлоҷ+ баргашт, ду рӯз гузашт. 2 Дар рӯзи сеюм аз урдугоҳи Шоул ба он ҷо марде омад, ки либосҳояшро чок карда ва бар сар хок пошида буд. Вай ба Довуд наздик шуда, худро пеши ӯ ба замин партофт.
3 Довуд аз ӯ пурсид: «Ту аз куҷо омадӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ман аз урдугоҳи Исроил гурехта омадам». 4 Довуд аз вай пурсид: «Чӣ гап шуд? Илтимос, ба ман бигӯ». Он мард гуфт: «Мардум аз майдони ҷанг гурехт ва бисёриҳо кушта шуданд, ҳатто Шоул ва писараш Юнотон мурданд».+ 5 Он гоҳ Довуд аз он марди ҷавон, ки хабар оварда буд, пурсид: «Ту аз куҷо медонӣ, ки Шоул ва писараш Юнотон мурдаанд?» 6 Он ҷавон гуфт: «Ман дар кӯҳи Ҷилбӯа+ будам ки, бинам Шоул ба найзааш такя мекунад ва аробаҳову саворон ба ӯ наздик мешаванд.+ 7 Вақте ӯ тоб хӯрда, маро дид, сӯям фарёд кард ва ман гуфтам: “Лаббай”. 8 Ӯ аз ман пурсид: “Ту кистӣ?” Ман ҷавоб додам: “Ман амолеқиям”.+ 9 Ӯ ба ман гуфт: “Илтимос, наздик омада, маро бикуш, зеро азобам сахт аст, аммо ҳеҷ не ки бимирам*”. 10 Ман наздик шуда, ӯро куштам,+ зеро ӯ чунон захмдор буд, ки зинда монда наметавонист. Баъд ман тоҷеро, ки бар сараш буд, ва бозубандеро, ки дар бозуяш буд, гирифтам ва ба ин ҷо ба хоҷаам овардам».
11 Он гоҳ Довуд либосашро чок зад ва ҳамаи одамоне, ки бо вай буданд, чунин карданд. 12 Онҳо барои Шоул, писараш Юнотон, халқи Яҳува ва хонадони Исроил,+ ки бо дами шамшер кушта шуданд, то бегоҳ гиряву нола карданд ва рӯза доштанд.+
13 Довуд аз ҷавоне, ки ба ӯ хабар овард, пурсид: «Ту аз куҷо ҳастӣ?» Вай гуфт: «Ман писари як ғариби амолеқӣ ҳастам». 14 Довуд ба вай гуфт: «Чӣ хел ту ҷуръат кардӣ, ки ба масеҳи* Яҳува даст бардошта ӯро бикушӣ?»+ 15 Довуд яке аз ҷавононро ҷеғ зада, гуфт: «Наздик омада, ӯро зарба зан». Ҷавон зарба зада, он амолеқиро кушт.+ 16 Довуд гуфт: «Хуни ту бар гардани туст, чунки бо даҳони худ шаҳодат дода гуфтӣ: “Ман масеҳи Яҳуваро куштам”».+
17 Баъд аз ин Довуд барои Шоул ва писараш Юнотон марсия* хонда навҳа кард+ 18 ва гуфт, ки ба мардуми Яҳудо ин марсияро, ки «Камон» ном дораду дар китоби Ёшор+ навишта шудааст, ёд диҳанд. Он марсия чунин буд:
19 «Зебу зинати ту, эй Исроил, бар баландиҳои ту кушта шуд.+
Бубин, паҳлавононат чӣ гуна афтидаанд!
20 Дар ин бора дар Ҷат ҳарф назанед,+
Дар кӯчаҳои Ашқалӯн эълон накунед,
Мабодо духтарони фалиштӣ шод гарданд,
Духтарони бехатнагон хурсанд шаванд.
21 Эй кӯҳҳои Ҷилбӯа,+
Илоҳо бар шумо на шабнам биборад ва на борон
Ва киштзорҳоятон барои ҳадияҳои муқаддас ҳосиле надиҳанд,+
Зеро дар он ҷо сипари паҳлавонон олуда гашт
Ва сипари Шоул дигар равған карда намешавад.
22 Камони Юнотон ва шамшери Шоул
Бе хуни куштагон, бе чарбуи паҳлавонон барнамегашт+
Ва онҳо бе комёбӣ гашта намеомаданд.+
24 Эй духтарони Исроил, барои Шоул гиря кунед,
Ӯ шуморо куртаҳои зебою арғувонӣ пӯшонид,
Либосҳои шуморо бо зарру зевар оро дод.
25 Чӣ гуна паҳлавонон дар корзори ҷанг афтидаанд!
Юнотон бар баландиҳои ту кушта шудааст!+
26 Эй бародарам Юнотон, барои ту месӯзам,
Ту бароям чӣ қадар азиз будӣ.+
Меҳри ту бароям беҳ аз меҳри занон буд.+
27 Бубин, чӣ гуна паҳлавонон афтидаанд
Ва чӣ гуна аслиҳаи ҷанговарон талаф гаштааст!»