Эзро
6 Он вақт бо фармони подшоҳ Дориюш бойгонии* Бобилро, ки ганҷҳоро дар он мегузоштанд, ҷустуҷӯ карданд. 2 Дар қасри Ҳагматона*, вилояти Модай, дастхате ёфт шуд ва дар он чунин навишта шуда буд:
3 «“Дар соли якуми ҳукмрониаш подшоҳ Куруш дар бораи хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, чунин фармон дод:+ “Бигзор ин хона аз нав бино гардад ва дар он қурбониҳо оварда шаванд. Бигзор таҳкурсии он хона гузошта шавад ва баландиаш 60 газ* бошаду бараш 60 газ.+ 4 Деворҳояш аз се қатор сангҳои калоне, ки ба он ҷо ғелонда мешаванд, ва як қатор чӯб иборат бошад+ ва харҷаш аз хонаи подшоҳ дода шавад.+ 5 Ҳамчунин зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар аз ибодатгоҳи Ерусалим гирифта, ба Бобил оварда буд,+ баргардонида шавад, то онҳоро ба ҷойи пешинаашон гузоранд”.+
6 Пас, эй Татнай — ҳокими минтақаи он тарафи дарёи бузург*, Шетор-Бузнай ва рафиқонатон, ҳокимони хурди минтақаи он тарафи дарёи бузург,+ аз он ҷо дур шавед. 7 Ба кори сохтмони он хонаи Худо дахолат накунед. Бигзор ҳокими яҳудиён ва пирони онҳо хонаи Худоро дар ҷойи пешинааш бино кунанд. 8 Ман ҳамчунин амр медиҳам, ки барои пирони яҳудӣ, ки ин хонаи Худоро бино мекунанд, чунин кунед: аз хазинаи подшоҳ,+ аз андозе, ки дар минтақаи он тарафи дарёи бузург ҷамъ шудааст, гирифта, дарҳол хароҷоти сохтмонро рӯпӯш кунед, то кори ин мардон боздошта нашавад.+ 9 Ҳар чӣ ба онҳо даркор аст — буққаҳои ҷавон*,+ қӯчқорҳо+ ва барраҳо+ барои қурбониҳои сӯхтанӣ ба Худои осмон ва ҳамчунин гандум,+ намак,+ шароб+ ва равған,+ аз рӯйи гуфтаи коҳиноне, ки дар Ерусалиманд — ба онҳо ҳар рӯз беист дода шавад, 10 то онҳо доимо ба Худои осмон ҳадияҳои ба ӯ писандро оранд ва барои беҳбудии подшоҳу писаронаш дуо гӯянд.+ 11 Ман ҳамчунин фармон баровардам, ки, агар касе ба ин амр беитоатӣ кунад, чӯбе аз хонааш гирифта шавад ва ӯро бар он овезанд* ва хонаи ӯ ҳоҷатхонаи мардум* шавад. 12 Бигзор Худо, ки номаш бар он хона аст,+ ҳар подшоҳ ё халқеро, ки ба ин фармон беитоатӣ мекунад ва дасти худро бардошта хонаи Худоро, ки дар Ерусалим аст, вайрон мекунад, несту нобуд созад. Ман, Дориюш, чунин фармон медиҳам ва бигзор он дарҳол ба иҷро расад».
13 Он гоҳ Татнай — ҳокими минтақаи он тарафи дарёи бузург, Шетор-Бузнай+ ва рафиқонашон ҳар он чиро, ки подшоҳ Дориюш амр фармуд, дарҳол ба ҷо оварданд. 14 Пирони яҳудӣ бо ташвиқи пайғамбар Ҳаҷҷай+ ва Закарёи+ набераи Иддӯ сохтмонро давом медоданд ва корашон пеш мерафт.+ Онҳо бо амри Худои Исроил+ ва бо фармони Куруш,+ Дориюш+ ва Ардашери+ подшоҳи Форс сохтмонро ба охир расониданд. 15 Онҳо дар соли шашуми ҳукмронии подшоҳ Дориюш, дар рӯзи сеюми моҳи озор*, сохтани хонаи Худоро ба охир расониданд.
16 Он гоҳ исроилиён, аз он ҷумла коҳинон, левизодагон+ ва дигар одамоне, ки аз асирӣ баргашта буданд, бо хурсандӣ маросими боз кардани* хонаи Худоро ҷашн гирифтанд. 17 Онҳо ҳангоми ин маросим 100 буққа, 200 қӯчқор ва 400 барра пешкаш карданд ва ҳамчун қурбонии гуноҳ барои тамоми Исроил, мувофиқи адади қабилаҳои Исроил, 12 нарбуз оварданд.+ 18 Онҳо мувофиқи он чӣ дар китоби Мӯсо навишта шудааст, коҳинон ва левизодагонро дар гурӯҳҳо таъйин карданд,+ то дар Ерусалим хизмати Худоро ба ҷо оранд.+
19 Онҳое, ки аз асирӣ баргашта буданд, рӯзи 14-уми моҳи якум Иди Раҳоиро ҷашн гирифтанд.+ 20 Коҳинон ва левизодагон ҳама аз як сар худро пок карданд+ ва ҳамаашон пок гаштанд. Онҳо барои ҳамаи онҳое, ки аз асирӣ баргаштанд, аз он ҷумла барои коҳинони дигар ва худашон, қурбонии Иди Раҳоиро сар буриданд. 21 Исроилиёне, ки аз асирӣ баргашта буданд, ҳамроҳи касоне, ки аз нопокии халқҳои он замин даст кашида, ба исроилиён ҳамроҳ шуданд, то Яҳува, Худои Исроилро, ибодат кунанд*, ин қурбониро хӯрданд.+ 22 Онҳо ҳамчунин дар давоми ҳафт рӯз бо хурсандӣ Иди Фатирро+ ҷашн гирифтанд, зеро Яҳува ба онҳо шодиву хурсандӣ бахшид ва дили подшоҳи Ошурро барангехт,+ ки онҳоро дар сохтмони хонаи Худо, Худои Исроил, дастгирӣ кунад.