Сафанё
3 Вой бар шаҳри исёнкор, нопок ва ситамгар!+
3 Миронаш дар миёни ӯ мисли шерони ғуррандаанд,+
Доваронаш мисли гургони шабгарданд,
Ки устухонеро ҳам то субҳ намемонанд.
Онҳо шариатро поймол мекунанд.+
5 Яҳува дар миёни он росткор аст+ ва ноҳақӣ намекунад.
Чуноне ки офтоб ҳар саҳар мебарояд,
Ӯ ҳар субҳ ҳукмҳояшро маълум месозад,+
Аммо ноинсоф шарму ҳаё надорад.+
6 «Ман халқҳоро нобуд сохтам ва бурҷҳои* кунҷакияшонро вайрон кардам.
Ман кӯчаҳои онҳоро хароб намудам ва касе аз онҳо гузар намекунад.
Шаҳрҳояшон валангор шудааст ва касе дар онҳо нест, сокине боқӣ намондааст.+
7 Барои он ки ӯро барои ҳамаи корҳояш ҷазо надиҳам+
Ва ҷойи зисташ нобуд нагардад,+
Ба ӯ гуфтам: “Аз ман битарс ва насиҳатро* қабул намо”,
Аммо онҳо бо ҷидду ҷаҳди бештар бадкорӣ карданд.+
8 “Аз ин рӯ, то рӯзе ки бархеста, тороҷ кунам*,
Маро интизор шавед,+— мегӯяд Яҳува,—
Зеро ман қарор додам, ки халқҳоро ҷамъ кунам ва подшоҳиҳоро гирд орам,
То қаҳри худ, оташи ғазабамро, бар онҳо фурӯ резам.+
Хашми ман аланга гирифта, тамоми заминро фурӯ хоҳад бурд.+
9 Он гоҳ ман ба халқҳо забони поке мебахшам,
То ҳамаашон номи Яҳуваро бихонанд
10 Касоне, ки сӯям дуо мегӯянд, духтарам — халқи парокандаам,
Аз минтақаи дарёҳои Ҳабашистон ба ман ҳадия меоранд.+
11 Дар он рӯз ту барои гуноҳҳое, ки бар зидди ман карда будӣ,
Шарманда намешавӣ,+
Зеро он вақт ман ҳавобаландони лофзанро аз миёни ту дур мекунам
Ва ту дигар дар кӯҳи муқаддаси ман худро боло намегирӣ.+
13 Онҳое, ки дар Исроил боқӣ мемонанд,+ беинсофӣ намекунанд,+
Дурӯғ намегӯянд ва бо забонашон фиреб намедиҳанд.
Онҳо чун гӯсфандон мечаранду хоб мераванд ва касе онҳоро наметарсонад».+
14 Нидои шодӣ барор, эй духтари Сион!
Тантана кун, эй Исроил!+
Аз таҳти дил шодию хурсандӣ намо, эй духтари Ерусалим!+
16 Дар он рӯз ба Ерусалим гуфта мешавад:
«Натарс, эй Сион,+
Бигзор дасту дилат суст нашавад.
17 Худоят Яҳува дар миёни туст.+
Ӯ Худои тавоноест, ки наҷот мебахшад.
Ӯ бо шодии бузург дар ҳаққи ту хурсандӣ мекунад,+
Ба ту муҳаббат нишон дода, ором мегирад.
Ӯ бо нидоҳои шодӣ дар ҳаққи ту хурсандӣ мекунад.
18 Эй Сион, халқи ту ғамгин буд, ки идҳоятро ҷашн намегирад,+
Аммо акнун ман ҳамаи онҳоеро, ки бори нанги худро бардошта, аз ту дур афтодаанд,+ ҷамъ меорам.
Ман парокандагонро ҷамъ меорам+
Ва онҳоро дар замине, ки гирифтори нанг буданд,
Боиззату номдор мегардонам.
20 Он гоҳ ман шуморо бармегардонам.