Юшаъ
12 Инҳоянд подшоҳоне, ки исроилиён онҳоро мағлуб намуда, заминашонро соҳиб шуданд. Замини онҳо дар тарафи шарқии дарёи Урдун буда, аз водии Арнӯн+ то ба кӯҳи Ҳермӯн,+ тӯл мекашид ва тамоми Аробои тарафи шарқиро дар бар мегирифт.+ 2 Яке аз ин подшоҳон Сиҳӯни+ амӯрӣ буд, ки дар Ҳешбӯн зиндагӣ мекард. Ӯ бар шаҳри Арӯэр+ ҳукмронӣ мекард, ки он дар канори водии Арнӯн+ ҷойгир буд. Тамоми минтақаи миёни водии Арнӯн то водии Яббӯқ, ки сарҳади аммӯниён аст, аз они ӯ буд. Ӯ бар нисфи Ҷилъод ҳукмронӣ мекард. 3 Ӯ ҳамчунин бар тарафи шарқии Аробо то баҳри Кинерӯт*+ ва то баҳри Аробо, баҳри Намак, ҳукмронӣ мекард. Дар шарқ қаламрави ӯ ба самти Байт-Яшимут, то нишебиҳои Фисҷа,+ ки дар ҷанубанд, тӯл мекашид.
4 Подшоҳи дигаре, ки исроилиён заминашро забт карданд, Ӯҷ,+ подшоҳи Бошон, буд, ки аз бақияи рафоиён+ буда, дар Ашторӯт ва Эдрей зиндагӣ мекард. 5 Ба қаламрави ӯ кӯҳи Ҳермӯн, Салко, тамоми Бошон+ то сарҳади ҷашуриёну маъхогиён+ ва нисфи Ҷилъод то сарҳади Сиҳӯни подшоҳи Ҳешбӯн+ дохил мешуд.
6 Мӯсо, хизматгори Яҳува, ва исроилиён онҳоро мағлуб намуданд.+ Баъд аз ин Мӯсо, хизматгори Яҳува, замини онҳоро ба реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше мерос дод.+
7 Инҳоянд подшоҳоне, ки Юшаъ ва исроилиён онҳоро дар тарафи ғарбии Урдун, аз Баал-Ҷод,+ ки дар водии Лубнон+ аст, то кӯҳи Ҳолоқ,+ ки сӯйи Сеир+ доман паҳн мекунад, мағлуб карданд. Баъд аз мағлуб кардани онҳо Юшаъ заминашонро ба қабилаҳои Исроил аз рӯйи ҳиссаҳояшон мерос дод.+ 8 Ин замин кӯҳистон, Шефило, Аробо, нишебиҳо, биёбон ва Негебро дар бар мегирифт+ ва замини ҳиттиён, амӯриён,+ канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён+ буд. Инҳоянд подшоҳони он замин:
9 Подшоҳи Ериҳӯ,+ подшоҳи Ой+ (Ой дар назди Байт-Ил буд),
10 подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн,+
11 подшоҳи Ярмут, подшоҳи Локиш,
12 подшоҳи Эҷлӯн, подшоҳи Ҷозар,+
13 подшоҳи Дабир,+ подшоҳи Ҷадир,
14 подшоҳи Ҳормо, подшоҳи Арод,
15 подшоҳи Либно,+ подшоҳи Адуллом,
16 подшоҳи Маққедо,+ подшоҳи Байт-Ил,+
17 подшоҳи Тапуҳа, подшоҳи Ҳефар,
18 подшоҳи Афиқ, подшоҳи Лашшорӯн,
19 подшоҳи Модӯн, подшоҳи Ҳосӯр,+
20 подшоҳи Шимрӯн-Марӯн, подшоҳи Акшоф,
21 подшоҳи Таънок, подшоҳи Маҷиддӯ,
22 подшоҳи Қедеш, подшоҳи Ёқенъом,+ ки дар Кармил аст,
23 подшоҳи Дӯр, ки дар нишебиҳои Дӯр+ аст, подшоҳи Ҷӯим, ки дар Ҷилҷол аст,
24 подшоҳи Тирсо. Ҳамагӣ 31 подшоҳ.