Забур
Таронаи Довуд.
Яҳува паноҳгоҳи ҷони ман аст,+
Аз кӣ ҳаросон шавам?
2 Вақте бадкорон ҳамла оварданд, то гӯшти баданамро бихӯранд,+
Бадхоҳон ва душманонам худашон пешпо хӯрда, афтоданд.
Бар зидди ман биҷанганд ҳам,
Аз Худо дилпур хоҳам буд.
4 Як чизро аз Яҳува пурсидам ва онро орзу дорам,
Ки тамоми умр дар хонаи Яҳува зиндагӣ кунам,+
Некуии Яҳуваро мушоҳида намоям
Ва аз тамошои ибодатгоҳаш лаззат барам.+
5 Ӯ дар рӯзи сахтӣ ба ман сарпаноҳ дода, маро пинҳон хоҳад кард,+
Дар ҷойи ниҳони хаймааш нигаҳ хоҳад дошт+
Ва маро бар кӯҳпораи баланд хоҳад гузошт.+
6 Акнун дар миёни душманонам, ки маро гирд кардаанд, сарбаланд гаштаам.
Дар хаймааш бо нидоҳои шодӣ қурбонӣ хоҳам кард
Ва дар васфи Яҳува хоҳам сароид*.
8 Дар дилам овози ту садо медод:
«Ҷӯёи рӯйи ман бошед»,
Ва ман, эй Яҳува, ҷӯёи рӯйи ту хоҳам буд.+
9 Рӯятро аз ман пинҳон мадор,+
Дар хашми худ бандаатро рад накун.
Ту мададгори манӣ,+
Маро тарк накун ва напарто, эй Худои наҷоти ман.
12 Маро ба дасти бадхоҳонам насупор,+
Зеро шоҳидони бардурӯғ бар зидди ман баромадаанд+
Ва ба ҷонам ситам кардан мехоҳанд.
Ба Яҳува умед банд.