«Аз кӣ ҳаросон бошам»?
«Агар бар зидди ман корзор барпо шавад, дар он сурат низ таваккал хоҳам кард» (ЗАБ. 26:3).
ЧӢ ТАВР ОЯТҲОИ ЗЕРИН БА МО КӮМАК МЕКУНАНД, КИ ДАЛЕРӢ ИНКИШОФ ДИҲЕМ...
1. Таронаи 26–ум барои фаҳмидани чӣ ба мо кӯмак мекунад?
ЧАРО фаъолияти мавъиза нигоҳ накарда ба вазъияти бадшудаистодаи ҷаҳон пеш рафта истодааст? Барои чӣ мо вақту қуввати зиёдамонро барои ин кор сарф мекунем, гарчанде бисёриҳо душвориҳои иқтисодиро аз сар мегузаронанд? Чӣ тавр сарфи назар аз он ки дигарон ба оянда бо тарс менигаранд, мо дилпур буда метавонем? Таронаи 26–уми китоби Забур, ки шоҳ Довуд зери илҳоми илоҳӣ навишта буд, ба ин савол ҷавоб медиҳад.
2. Ҳисси ҳарос ба шахс чӣ гуна таъсир мекунад, лекин мо аз чӣ дилпурем?
2 Довуд ин таронаро бо суханони зерин сар кард: «Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?» (Заб. 26:1). Тарс иродаи шахсро суст мекунад, ҳарос бошад, аз ин бештар таъсир мекунад. Лекин ҳисси ҳарос тарсгорони Яҳуваро аз оромӣ маҳрум намесозад (1 Пет. 3:14). Мо дилпур буда метавонем, ки агар Яҳува истеҳкоми шахс гардад, ӯ «дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд» (Мас. 1:33; 3:25). Чаро?
«ХУДОВАНД НУРИ МАН ВА НАҶОТИ МАН АСТ»
3. Ба кадом маъно Яҳува нури мо аст ва мо бояд чӣ кор кунем?
3 Ибораи «Худованд нури ман... аст» диққатамонро ба он ки Яҳува моро аз зулмоти рӯҳонӣ раҳо мекунад, равона месозад (Заб. 26:1). Ҳарчанд нури аслӣ хатар ё монеаи дар роҳамон бударо маълум кунад ҳам, лекин он ин чизҳоро бартараф намесозад. Мо бояд худамон аз хатар дурӣ ҷӯем. Ба ин монанд, Яҳува ба мо маънои рӯйдодҳои ҷаҳониро ошкор мекунад ва моро аз хатарҳои ин дунёи шарир огоҳ менамояд. Ӯ моро ба воситаи принсипҳои Китоби Муқаддас, ки ҳамеша корбурданд, роҳнамоӣ мекунад, лекин аз мо интизор аст, ки онҳоро ба кор барем. Агар чунин кунем, мо назар ба «душманони худ» ва «муаллимони худ» хирадмандтар буда метавонем (Заб. 118:98, 99, 130).
4. а) Чаро Довуд бо дилпурӣ «Худованд... наҷоти ман аст» гуфта метавонист? б) Махсусан кадом вақт Яҳува хизматгоронашро наҷот хоҳад дод?
4 Суханони Довуд аз Забур 26:1 нишон медиҳанд, ки эҳтимол ӯ он вазъиятҳоеро, ки дар онҳо Яҳува ӯро раҳо ё наҷот дода буд, ба ёд меовард. Масалан, Яҳува ӯро «аз чанголи шер ва аз чанголи хирс раҳоӣ дода» буд. Ҳамчунин, Яҳува ба вай ёрдам кард, ки ба Ҷолёт ғолиб ояд. Дертар, подшоҳ Шоул якчанд бор кӯшиш кард, ки ба Довуд найза занад, лекин ҳар дафъа Яҳува ӯро наҷот медод (1 Подш. 17:37, 49, 50; 18:11, 12; 19:10). Пас ҳайратовар нест, ки чаро Довуд бо дилпурӣ чунин гуфт: «Худованд... наҷоти ман аст»! Яҳува барои хизматгоронаш он чизеро ки ба Довуд карда буд мекунад — Ӯ онҳоро наҷот медиҳад. Кай? Вақте ки «азоби азим» меояд (Ваҳй 7:14; 2 Пет. 2:9).
ҲАР МУВАФФАҚИЯТРО БА ЁД ОРЕД
5, 6. а) Чӣ тавр хотиротамон барои инкишоф додани далерӣ кӯмак мекунанд? б) Чаро ба ёд овардани он ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба халқаш кӯмак мекард, фоиданок аст?
5 Оятҳои Забур 26:2, 3 диққати моро ба яке аз чизҳои муҳиме, ки барои инкишоф додани далерӣ лозим аст, равона мекунад. (Оятҳоро бихонед.) Довуд вазъиятҳоеро, ки дар онҳо бо ёрии Яҳува наҷот меёфт, ба ёд меовард (1 Подш. 17:34–37). Ин хотироташ ба ӯ далерӣ мебахшиданд, ки ба ҳар гуна душвориҳо тоб орад. Оё бо шумо низ чунин рӯй дода буд? Масалан, ягон бор шумо дар бораи душвории калоне аз таҳти дил ба Яҳува дуо гуфта будед? Оё баъд дидед, ки чӣ тавр Ӯ ба шумо хираду қувват бахшид, то онро паси сар кунед? Оё шумо ба хотир оварда метавонед, ки чӣ тавр бо ёрии Яҳува монеаҳое, ки барои хурсандона хизмат карданатон халал мерасонданд, бартараф шуданд? Ё шояд Яҳува дар хизмататон имкониятҳои навро фароҳам сохта буд? (1 Қӯр. 16:9). Ҳоло шумо он хотираҳоро ба ёд оварда чӣ ҳис мекунед? Ин хотирот бояд минбаъд низ ба шумо дилпурӣ бахшанд, ки шумо метавонед бо кӯмаки Яҳува ҳатто вазъиятҳои душвортаринро ҳал кунед ё ба онҳо тоб оред (Рум. 5:3–5).
6 Агар давлати пуриқтидоре Шоҳидони Яҳуваро чун ташкилот нест карданӣ бошад, он гоҳ–чӣ? Дар замони мо баъзе одамон чунин нақша доштанд, лекин он амалӣ нагашт. Агар мо ба ёд орем, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба халқаш кӯмак мекард, ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба оянда бо дилпурӣ нигарем (Дон. 3:28).
ИБОДАТИ ҲАҚИҚИРО ҚАДР КУНЕД
7, 8. а) Мувофиқи ояти Забур 26:6 Довуд аз Яҳува чӣ хоҳиш кард? б) Маъбади бузурги рӯҳонии Яҳува чист ва чӣ тавр мо имрӯз дар он хизмат мекунем?
7 Чизи дигаре, ки ба мо барои инкишоф додани далерӣ кӯмак мекунад, ин муҳаббат ба ибодати ҳақиқӣ аст. (Забур 26:4–ро бихонед.) Дар рӯзҳои Довуд «хонаи Худованд» на маъбад, балки хайма буд. Довуд барои сохтмони маъбад ҳама чизҳои даркориро тайёр кард ва баъдтар писараш Сулаймон барои ибодати Худо маъбади боҳашамате сохт. Асрҳо пас, Исо фаҳмонд, ки барои Яҳуваро ба таври ба Ӯ мақбул ибодат кардан ягон бинои махсус лозим намешавад (Юҳ. 4:21–23). Аз бобҳои 8–ум то 10–уми нома ба Ибриён Павлуси ҳавворӣ нишон дод, ки маъбади рӯҳонии бузурге, ҳангоме ки Исо таъмид гирифта худро барои иҷрои иродаи Яҳува пешкаш кард, ба вуҷуд омад. Ин соли 29 эраи мо рӯй дод (Ибр. 10:10). Ин маъбади бузурги рӯҳонӣ чист? Ин сохторест, ки тавассути он мо метавонем дар асоси имон ба қурбонии фидияи Исо Яҳуваро ба таври ба Ӯ мақбул ибодат кунем. Чӣ тавр мо дар он маъбади рӯҳонӣ ибодат карда метавонем? Бо он ки «бо дили соф ва бо имони комил» ба Яҳува дуо гӯем, дар хизмат «эътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем» ва дар ҷамъомад ва ибодати оилавӣ «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем» (Ибр. 10:22–25). Қадр кардани ибодати ҳақиқӣ дар ин замонҳои сахт ба мо ёрӣ мерасонад, ки ин чизҳоро ба ҷо оварем.
8 Дар саросари ҷаҳон хизматгорони содиқи Яҳува иштироки худро дар мавъизаи хушхабар зиёд мекунанд. Онҳо забонҳои дигарро меомӯзанд ва ба ҷойҳое мераванд, ки дар он ҷо ба хушхабари Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад. Чунин амалҳо нишон медиҳанд, ки онҳо чун забурнавис аз Яҳува танҳо як чизро хоҳиш мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки баракати Яҳуваро дошта бошанд ва аз иштирок дар хизмати муқаддас, новобаста аз он ки чӣ рӯй медиҳад, баҳра баранд. (Забур 26:6–ро бихонед.)
БА КӮМАКИ ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД
9, 10. Ояти Забур 26:10 ба мо чӣ боварӣ мебахшад?
9 Ба Яҳува такя кардани Довуд аз суханони зерин маълум аст: «Чун падар ва модарам маро тарк кунанд, он гоҳ Худованд маро бармедорад» (Заб. 26:10, ТФ). Мо аз 1 Подшоҳон боби 22 хулоса бароварда метавонем, ки волидони Довуд ӯро тарк накарда буданд. Лекин афсӯс, ки имрӯз аз бисёриҳо оилаашон рӯй мегардонанд. Вале чунин шахсон аз муҳаббату меҳрубонии аъзоёни ҷамъомад кӯмаку муҳофизат меёбанд.
10 Азбаски Яҳува хизматгоронашро, вақте ки дигарон аз онҳо рӯй мегардонанд, дастгирӣ менамояд, пас шубҳае нест, ки Ӯ дар дигар вазъиятҳои душвор низ ба онҳо кӯмак мекунад. Масалан, агар мо дар бораи аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оилаамон ташвиш хӯрем, мо метавонем ба он боварӣ дошта бошем, ки Яҳува дар ин кор ба мо ёрӣ мерасонад (Ибр. 13:5, 6). Ӯ вазъият ва ниёзҳои ҳама ходимони содиқашро мефаҳмад.
11. Чӣ тавр ба қудрати Яҳува такя кардани мо ба дигарон таъсир мекунад? Мисол оред.
11 Воқеаеро, ки бо Виктория, омӯзандаи Китоби Муқаддас, аз Либерия (Африқо) рӯй дод, дида мебароем. Виктория бо марде зиндагӣ мекард, вале вақте ки ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешрафт мекард, он мард ӯро бо се фарзандаш партофт. Бо вуҷуди он ки Виктория бехонаву бекор монд ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дод ва баъдтар таъмид гирифт. Рӯзе духтари 13 солаи Виктория ҳамёне (кошелёк) ёфт, ки он пули бисёре дошт. Онҳо қарор доданд, ки пулро ҳатто намешуморанд, то ки ба васваса наафтанд. Ба ҷои ин, онҳо дарҳол бо соҳиби пул, ки аскар буд, алоқа карданд. Вай гуфт, ки агар ҳамаи одамон чун Шоҳидони Яҳува ростқавл мебуданд, он гоҳ тамоми ҷаҳон беҳтар ва тинҷтар мешуд. Виктория ба аскар аз Китоби Муқаддас ваъдаи Яҳуваро дар бораи дунёи нав нишон дод. Имон ва ростқавлии Виктория чунон ба аскар таъсир кард, ки ӯ ба вай пули бисёреро чун мукофот дод. Бале, Шоҳидони Яҳува имони пурра доранд, ки Яҳува қодир аст хизматгоронашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд, аз ин рӯ онҳоро чун шахсони ростқавл мешиносанд.
12. Вақте ки мо нигоҳ накарда ба душвориҳои иқтисодӣ ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳем, ин аз чӣ шаҳодат медиҳад? Мисол оред.
12 Мисоли дигареро, ки бо Томас, воизи таъмиднаёфта аз Серра–Леоне (Африқо) рӯй дода буд, дида мебароем. Ӯ дар мактабе чун муаллим ба кор қабул карда шуд, вале дар давоми қариб як сол ӯ маошашро гирифта наметавонист, зеро аввал бояд ҳама ҳуҷҷатҳои лозима тайёр мешуданд. Охирин чизе, ки ӯ бояд мекард, ин сӯҳбат бо мудири мактаб буд. Вале мудир коҳин буд. Ӯ ба Томас гуфт, ки эътиқоди Шоҳидони Яҳува бо принсипҳои мактаб мувофиқ намеояд. Вай маҷбур кард, ки Томас ё корашро интихоб кунад ё эътиқоди дар Китоби Муқаддас асосёфтаашро. Томас аз кораш рафт, ҳарчанд бо ин ӯ маоши қариб яксолаашро аз даст дод. Танҳо тасаввур кунед, ки ӯ дар ин ҳолат чӣ ҳис мекард! Баъдтар, ӯ бо кори дигаре, бо таъмири радиову телефонҳо машғул шуд. Шояд одамони бисёр аз фикри маҳрум шудан аз чизҳои лозима ба тарсу ҳарос афтанд. Лекин, чӣ тавре ки ин мисол ва мисолҳои зиёди ба ин монанд нишон медиҳанд, ин тарс дилпурии моро ба Яҳува, ки Офаридгори тамоми чиз ва муҳофизаткунандаи халқаш аст, суст карда наметавонад.
13. Чаро дар мамлакатҳои камбағал воизони Салтанат хеле фаъоланд?
13 Дар баъзе мамлакатҳое, ки душвориҳои иқтисодӣ доранд, воизони Салтанат хеле фаъоланд. Чаро? Як филиал менависад: «Бисёре аз одамоне, ки ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ мешаванд, ҷои кор надоранд, аз ин рӯ онҳо дар давоми рӯз вақти бештарро барои омӯзиш ҷудо карда метавонанд. Воизон низ барои мавъиза кардан вақти зиёдтар доранд. Ба одамон, хусусан ба касоне, ки дар ҷойҳои хеле қашшоқ зиндагӣ мекунанд, исбот кардан шарт нест, ки мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем, зеро онҳо инро дар гирду атрофи худ мебинанд». Миссионере, ки зиёда аз 12 сол дар мамлакате хизмат мекард, ки он ҷо ба ҳисоби миёна ҳар воиз беш аз се омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд, чунин навишт: «Азбаски бисёри воизон ҳаёти оддӣ ба сар мебаранд ва чизҳои бисёре, ки диққаташонро парешон карда метавонист надоранд, онҳо одатан барои кори мавъиза ва гузаронидани омӯзиш вақти бештари худро сарф мекунанд».
14. Чӣ тавр Худо анбӯҳи бузургро муҳофизат мекунад?
14 Яҳува ваъда медиҳад, ки халқашро дар кулли худ аз ҷиҳати ҷисмониву рӯҳонӣ дастгирӣ менамояд, муҳофизат мекунад ва наҷот медиҳад ва мо пурра ба ваъдаи ӯ боварӣ дорем (Заб. 36:28; 90:1–3). Одамоне, ки «аз азоби азим» наҷот меёбанд, анбӯҳи бузурганд, яъне шумораашон хеле зиёд аст (Ваҳй 7:9, 14). Пас, Худо дар давоми охирзамон ин анбӯҳи бузургро аз нестшавӣ муҳофизат мекунад. Яҳува ба онҳо барои ба ҳама озмоишҳо тоб овардан ва нигоҳ доштани муносибатҳои наздик бо Ӯ ҳар чизи лозимаро медиҳад. Ва дар давоми Ҳармиҷидӯн Яҳува халқашро наҷот хоҳад дод.
«ТАРИҚИ ХУДРО, ЭЙ ХУДОВАНД, БА МАН ТАЪЛИМ ДЕҲ»
15, 16. Ба кор бурдани маслиҳатҳои Каломи Худо чӣ гуна манфиат меорад? Мисол оред.
15 Барои нигоҳ доштани далерӣ ба мо лозим аст, ки ҳамеша дар бораи тариқҳои Худо дониш гирем. Ин аз хоҳиши зерини Довуд маълум аст: «Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, ва маро, бар хилофи иродаи бадхоҳонам, ба роҳи рост андоз» (Заб. 26:11). Мувофиқи ин дуо амал кардан маънои онро дорад, ки мо ба дастуроти дар Навиштаҳо асосёфта, ки аз ташкилоти Яҳува мегирем, диққат мекунем ва дарҳол онро дар ҳаётамон ба кор мебарем. Бисёриҳо мувофиқи маслиҳати хирадмандона оиди бурдани ҳаёти оддӣ амал карданд ва аз қарзҳои нодаркор озод шуданд. Онҳо аз таҷрибаи худ гуфта метавонанд, ки ин ба онҳо кӯмак кард, ки дар бӯҳрони иқтисодӣ аз душвориҳои зиёде эмин бошанд. Ҳоло ба онҳо лозим нест, ки барои нигоҳ доштани чизҳои дар асл барояшон нодаркор бисёр кор кунанд. Ба ҷои ин онҳо метавонанд дар хизмат бисёртар иштирок намоянд. Хуб мебуд, ки ҳар яке аз мо аз худ бипурсем: «Оё ман ҳама чизҳои аз Китоби Муқаддас ва адабиётҳои ғуломи мӯътамад ва доно хондаамро дарҳол ба кор мебарам, ҳатто агар ин фидокорӣ талаб кунад ҳам?» (Мат. 24:45).
16 Агар гузорем, ки Яҳува моро таълим диҳаду дар ҳаёт роҳнамоӣ кунад, мо барои тарс асос нахоҳем дошт. Як бародар аз Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳи аъзоёни оилааш чун пешрави доимӣ хизмат мекард. Дар ҷои кораш ӯ ҳуҷҷатҳои лозимаро супурд, то ба вазифаи дигар гузарад. Ин вазифа ёрдам медод, ки тамоми оилааш хизмати пурравақтро давом диҳанд. Лекин, мудираш гуфт, ки азбаски ӯ маълумоти олӣ надорад, ӯ ҳеҷ вақт ба ин кор қабул карда намешавад. Агар ин бо шумо рӯй медод, оё шумо аз он ки бо хизмати пурравақт машғул шудеду маълумоти олӣ нагирифтед, пушаймон мешудед? Ду ҳафта пас он мудирро аз кор хориҷ карданд ва мудири дигаре аз бародар пурсид, ки дар ҳаёт чӣ гуна нақшаҳо дорад. Вай гуфт, ки ӯ бо занаш Шоҳидони Яҳува ҳастанд ва чун ходимони пурравақт хизмат мекунанд. Вай фаҳмонд, ки онҳо чунин намуди хизматро давом додан мехоҳанд. Пеш аз он ки бародар боз чизе гӯяд, мудир гуфт: «Ман пайхас карда будам, ки шумо аз дигарон фарқ мекунед! Вақте ки падарам дар дами марг буд, ду ҳамимони шумо омада ҳар рӯз ба ӯ Китоби Муқаддас мехонданд. Ва он вақт ман ба худам қавл додам, ки агар имконият шавад, ки ба ягон Шоҳиди Яҳува ёрдам кунам, ман инро мекунам». Рӯзи дигар ин бародар ба ҳамон коре, ки мудири пештара иҷозат надода буд, қабул шуд. Дар ҳақиқат, вақте ки мо манфиатҳои Салтанатро дар ҷои аввали ҳаётамон мегузорем, Яҳува мувофиқи ваъдааш моро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунад (Мат. 6:33).
МУҲИММИЯТИ ИМОН ВА УМЕД
17. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба оянда бо боварӣ нигоҳ кунем?
17 Довуд гуфт: «Эътиқод доштам, ки лутфи Худовандро дар замини зиндаҳо хоҳам дид» (Заб. 26:13). Бале, Довуд ба ваъдаҳои Яҳува имон дошт ва ин ба ӯ умед мебахшид. Ба мо низ доштани имон ва умед муҳим аст. Фикр кунед, ки ҳаёти мо чӣ гуна мешуд, агар мо чизҳои дар Забур 26 навишташударо намедонистем ва ягон умед намедоштем? Пас, бигзор дар ин рӯзҳои охир ҳар яки мо минбаъд низ ба Яҳува дуо гӯяд, то Ӯ ба мо қувват бахшад ва дар Ҳармиҷидӯн наҷот диҳад. (Забур 26:14–ро бихонед.)
Ба Довуд ба ёд овардани вазъиятҳое, ки дар онҳо Яҳува ӯро наҷот дода буд, қувват мебахшид
[Тасвир дар саҳифаи 25]
Оё мо ба душвориҳои иқтисодӣ чун ба имконияти васеъ кардани доираи хизмати худ менигарем?