5 Мӯсо
8 Бо кӯшишу ғайрат тамоми амреро, ки ман имрӯз ба ту мефармоям, риоя кун, то зинда мониву+ сершумор шавӣ ва рафта, заминеро, ки Яҳува ба бобоёнат қасам хӯрда, ваъда додааст, соҳиб гардӣ.+ 2 Роҳи дарози биёбонро, ки Худоят Яҳува ин 40 сол туро бо он бурд, дар хотир дор.+ Он вақт ӯ ба ту хоксориро ёд дод ва туро озмуд,+ то он чиро, ки дар дилат ҳаст,+ бифаҳмад ва бидонад, ки оё амрҳои ӯро риоя мекунӣ ё не. 3 Ӯ туро хоксор гардонда, гушна мононд+ ва туро манн хӯронд,+ ки он на ба ту шинос буд ва на ба падаронат, то ба ту фаҳмонад, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар сухане, ки аз даҳони Яҳува мебарояд.+ 4 Дар давоми ин 40 сол либоси танат куҳна нашуд ва поят варам накард.+ 5 Ту нағз медонӣ, ки, чи тавре ки падар писарашро ислоҳ мекунад, ҳамон тавр Худоят Яҳува туро ислоҳ мекард.+
6 Амрҳои Худоят Яҳуваро риоя кун ва бо роҳҳои ӯ равона шуда, аз ӯ тарсон бош. 7 Охир, Худоят Яҳува ба ту замини хуберо медиҳад,+ ки дар он ҷӯйҳову чашмаҳо ва обҳои зеризаминӣ аз водию кӯҳистон ҷорӣ мешаванд, 8 замине, ки гандум, ҷав, ангур, анҷир, анор+ ва равғани зайтуну асал дорад,+ 9 замине, ки дар он аз норасоии хӯроку чизҳои дигар азоб намекашӣ, замине, ки сангҳояш оҳан дорад ва аз кӯҳҳояш мис кандан мумкин аст.
10 Вақте хӯрда сер шавӣ, Худоят Яҳуваро барои замини хубе, ки ба ту додааст, шукр гӯй.+ 11 Эҳтиёт шав, ки Худоят Яҳуваро фаромӯш карда, аз риояи амрҳо, ҳукмҳо ва фармудаҳои ӯ, ки имрӯз ба ту медиҳам, гардан натобӣ. 12 Ҳангоме ки хӯрда сер шавӣ ва хонаҳои хуб бино карда, дар онҳо зиндагӣ кунӣ,+ 13 вақте гову молат бисёр шавад, нуқра ва тиллоят зиёд гардад ва дороият биафзояд, 14 нагузор, ки дилат мағрур гардад+ ва Худоят Яҳуваро, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ, берун овардааст, фаромӯш кунӣ.+ 15 Ӯ туро аз биёбони бузург ва даҳшатангез,+ ки морҳои заҳрноку каждум дорад ва аз замини хушки беоб гузаронид ва бароят аз шах об баровард.+ 16 Ба ту дар биёбон манн хӯронд,+ ки падаронат чӣ будани онро намедонистанд, то туро хоксор гардонда,+ биозмояд ва дар оянда ин ба ту фоида биёрад.+ 17 Агар дар дил бигӯӣ: “Бо қувват ва бо зӯри дасти худам ин ҳама боигариро ба даст овардам”,+ 18 фаромӯш накун, ки қуввати пайдо кардани боигариро ба ту Худоят Яҳува медиҳад.+ Ӯ инро барои иҷрои аҳде мекунад, ки ба бобоёнат қасам хӯрда, ваъда додааст ва ин аҳдро ӯ то ба имрӯз иҷро карда истодааст.+
19 Аммо, агар Худоят Яҳуваро фаромӯш кунӣ ва худоёни дигарро пайравӣ карда, онҳоро парастиш намоӣ ва ба онҳо саҷда барӣ, ман имрӯз ба ту шоҳидӣ медиҳам, ки ҳатман несту нобуд мешавӣ.+ 20 Барои ба овози Худоят Яҳува гӯш надоданат+ мисли халқҳое, ки Яҳува онҳоро аз пеши ту нест карда истодааст, нобуд мешавӣ.