Ишаъё
65 «Ман гузоштам, ки касоне, ки суроғам намекарданд, маро бикобанд
Ва касоне, ки дар ҷустуҷӯям набуданд, маро биёбанд.+
Ман ба халқе, ки номамро ба забон намегирифт, гуфтам: “Ана, ман ҳамин ҷоям”.+
2 Тамоми рӯз дастонамро сӯйи халқи саркаш,+
Сӯйи касоне дароз мекардам, ки аз пайи ҳавасҳои худ рафта,+
Дар роҳи бад қадам мезаданд,+
3 Сӯйи халқе, ки дар боғҳо+ қурбонӣ оварда ва бар хиштҳо дуд бароварда
Рӯирост маро ба хашм меоварданд.+
4 Онҳо дар миёни қабрҳо+ нишаста
Ва дар ниҳонгоҳҳо* шабро рӯз карда,
Гӯшти хук мехӯранд+
Ва дар зарфҳояшон шӯрбои ҳаром доранд.+
5 Онҳо мегӯянд: “Дар ҷоят ист, ба ман наздик нашав,
Зеро ман аз ту поктарам*”.
Онҳо дуде дар бинии мананд, оташе ҳастанд, ки рӯзи дароз месӯзад.
6 Ин пеши ман навишта шудааст.
Ман хомӯш намеистам,
Балки онҳоро подош медиҳам,+
Сазои онҳоро ба пуррагӣ медиҳам*,
7 Онҳоро барои хатоҳояшон ва хатоҳои бобоёнашон подош медиҳам,+— мегӯяд Яҳува.—
Азбаски онҳо бар кӯҳҳо қурбонӣ оварда дуд мебароранд
Ва бар теппаҳо маро хор медоранд,+
Ман аввал музди онҳоро ба пуррагӣ медиҳам*».
8 Яҳува мегӯяд:
«Вақте дар хӯшаи ангур барои шароби нав ширае ҳаст,
Мегӯянд: “Онро нобуд накун, чунки дар он меваи хуб низ ҳаст”.
Ман низ ба хотири бандагонам чизи ба ин монанде мекунам
Ва ҳамаи онҳоро нобуд намесозам.+
9 Ман аз Яъқуб насл
Ва аз Яҳудо касеро ба вуҷуд меорам, ки кӯҳҳои маро мерос мегирад.+
Интихобшудагони ман онро соҳиб мешаванд
Ва бандагонам дар он ҷо сокин мегарданд.+
10 Барои халқам, ки маро меҷӯяд,
Шорӯн+ чарогоҳи гӯсфандон
Ва водии Охӯр+ ҷойи дамгирии говон мешавад.
11 Аммо шумо Яҳуваро тарк кардаед+
Ва кӯҳи муқаддаси маро фаромӯш намудаед,+
Шумо барои худои Толеъ дастархон мекушоед
Ва барои худои Тақдир пиёларо аз шароби омехта пур мекунед.
12 Пас, ман шамшерро тақдиру насиби шумо месозам+
Ва ҳамаи шумо барои кушта шудан сар хам мекунед,+
Зеро ман сӯятон фарёд кардам, вале ҷавоб надодед,
Гап задам, вале гӯш накардед.+
Шумо он чиро, ки дар назарам бад буд, ба амал меовардед
Ва он чиро, ки ба ман нофорам буд, интихоб намудед».+
13 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
«Инак, бандагони ман мехӯранду шумо гуруснагӣ мекашед.+
Бандагони ман менӯшанду+ шумо ташна мемонед.
Бандагони ман хурсандӣ мекунанду+ шумо шарманда мешавед.+
14 Бандагони ман аз хушии дил нидо мекунанд,
Вале шумо аз дарди дил фарёд мезанеду
Аз шикастагии рӯҳ нола мекунед.
15 Парвардигор Яҳува ҳар яки шуморо ба қатл мерасонад
Ва аз шумо номе мемонад, ки интихобшудагонам дар дуои бад ба забон мегиранд,
Ба бандагонаш бошад, ӯ номи дигаре медиҳад.+
16 Пас, ҳар кӣ дар замин барои худ баракат ҷӯяд,
Баракати Худои ростиро* соҳиб мешавад
Ва ҳар кӣ дар замин қасам хӯрад,
Азобҳои пешина фаромӯш мешаванд
Ва аз пеши назарам дур мегарданд,+
17 Зеро ман осмони нав ва замини нав меофарам,+
Он вақт чизҳои пештара ба хотир намерасанд
Ва ба дил намеоянд.+
18 Пас, аз он чӣ меофарам, то абад шодиву хурсандӣ кунед.
Ман Ерусалимро сарчашмаи хурсандӣ
Ва халқи ӯро манбаи шодӣ месозам.+
19 Ман аз Ерусалим шод ва аз халқи худ хурсанд мешавам.+
Дар он дигар овози гиря ва фиғон шунида нахоҳад шуд.+
20 Дар он ҷо дигар кӯдаке чанд рӯз умр дида нахоҳад мурд
Ва пиронсоле пеш аз вақт аз олам чашм нахоҳад пӯшид.
Ҳар кӣ дар садсолагӣ бимирад, кӯдак ҳисоб меёбад
Ва гунаҳкор садсола бошад ҳам, ба лаънат гирифтор шуда мемирад*.
22 Онҳо бино нахоҳанд кард, ки дигарон зиндагӣ кунанд,
Ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд,
Зеро рӯзҳои халқи ман мисли рӯзҳои дарахт мешаванд+
Ва интихобшудагони ман аз меҳнати дасти худ то ба охир баҳра мебаранд.
23 Онҳо беҳуда меҳнат нахоҳанд кард+
Ва барои азоб фарзанд нахоҳанд зоид,
Зеро онҳо ва фарзандонашон+
Насле мебошанд, ки Яҳува баракат додааст.+
24 Пеш аз он ки сӯям фарёд кунанд, ман ҷавоб хоҳам дод,
Пеш аз он ки гапашонро тамом кунанд, онҳоро хоҳам шунид.
Онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси ман бадие нахоҳанд кард ва зараре нахоҳанд расонд»,+— мегӯяд Яҳува.