Луқо
23 Пас аз он ҳамаи онҳо бархеста, Исоро назди Пилотус бурданд.+ 2 Онҳо ӯро айбдор карда+ чунин гуфтанд: «Мо фаҳмидем, ки ин одам халқи моро гумроҳ месозад, ба қайсар*+ андоз супориданро манъ мекунад ва худро Масеҳ ва подшоҳ меномад».+ 3 Он гоҳ Пилотус аз ӯ пурсид: «Оё ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ гуфт: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ».+ 4 Сипас Пилотус ба коҳинони калон ва мардум гуфт: «Ман дар ин одам ягон айбе намеёбам».+ 5 Вале онҳо боисрор мегуфтанд: «Ӯ дар тамоми Яҳудия, аз Ҷалил сар карда то худи ин ҷойҳо, мардумро бо таълим доданаш ба шӯр меорад». 6 Пилотус инро шунида пурсид, ки оё ин одам ҷалилӣ аст. 7 Вақте фаҳмид, ки Исо аз вилояти тобеи Ҳиродус*+ аст, ӯро ба назди ин ҳоким, ки он рӯзҳо дар Ерусалим буд, фиристод.
8 Ҳиродус Исоро дида хеле хурсанд шуд. Ӯ кайҳо боз вайро дидан мехост, зеро дар борааш чизҳои бисёр шунида буд,+ ва умед дошт, ки Исо ягон муъҷиза нишон медиҳад. 9 Ҳиродус ба Исо саволҳои бисёр дод, вале ӯ дар ҷавоб чизе нагуфт.+ 10 Аммо коҳинони калон ва шариатдонон ҳар дам аз ҷой хеста, бадхашмона ӯро айбдор мекарданд. 11 Он гоҳ Ҳиродус ҳамроҳи сарбозонаш ӯро паст зад+ ва либоси қиматбаҳо пӯшонида мазоқу масхара кард+ ва пас аз ин боз ба назди Пилотус фиристод. 12 Дар ҳамон рӯз Ҳиродус ва Пилотус бо ҳам дӯст шуданд, гарчанде пештар душманӣ доштанд.
13 Пас аз ин Пилотус коҳинони калон, роҳбарон ва мардумро ҷамъ оварда, 14 ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро назди ман оварда, дар он айбдор кардед, ки халқро ба шӯриш мехезонад. Аммо ман ӯро дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва аз он айбҳое, ки ба гардани ӯ гузоштед, чизе наёфтам.+ 15 Ҳиродус низ дар ӯ айбе наёфт, чунки ӯро ба назди мо баргардонид. Инак, ин шахс ягон кори сазовори марг накардааст. 16 Бинобар ин ман ӯро ҷазо дода,+ озод мекунам». 17 *—— 18 Аммо тамоми мардум фарёд зада гуфтанд: «Ӯро бикуш! Барои мо Бараббосро озод кун!»+ 19 (Бараббосро барои одамкушӣ ва шӯрише, ки дар шаҳр ба амал омада буд, ба зиндон партофта буданд.) 20 Вале Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт.+ 21 Онҳо бошанд, дод зада мегуфтанд: «Ӯро бикуш!* Ӯро бикуш!»+ 22 Пилотус бори сеюм ба онҳо гуфт: «Барои чӣ? Ин одам чӣ бадӣ кардааст? Ман дар ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфтам, барои ҳамин пас аз ҷазо додан ӯро озод мекунам». 23 Онҳо бошанд, якравӣ карда бо овози баланд талаб мекарданд, ки ӯро ба қатл расонад. Онҳо чунон фарёд мезаданд,+ ки 24 оқибат Пилотус қарор кард, ки талабашонро қонеъ кунад. 25 Ӯ мувофиқи талаби онҳо шахсеро, ки барои исён ва одамкушӣ ба зиндон партофта шуда буд, озод кард, вале Исоро ба ихтиёри онҳо супорид.
26 Вақте ӯро мебурданд, Шимъӯн ном марди қуриниро, ки аз деҳот меомад, аз роҳаш боздошта, сутуни азобро* бар ӯ гузоштанд, то онро аз паси Исо барад.+ 27 Мардуми бисёр, аз он ҷумла заноне, ки аз ғаму ғусса ба синаашон мезаданд ва гиряву нола мекарданд, аз паси ӯ меомаданд. 28 Исо ба он занон рӯ оварда, гуфт: «Эй духтарони Ерусалим, барои ман гиря накунед, балки барои худ ва фарзандони худ гиря кунед,+ 29 зеро рӯзҳое мерасанд, ки мардум мегӯянд: “Хушбахтанд занони нозой, онҳое, ки таваллуд накардаанд ва шир надодаанд!”+ 30 Он вақт онҳо ба кӯҳҳо мегӯянд: “Бар мо биафтед!”, ва ба теппаҳо: “Моро пӯшонед!”+ 31 Агар онҳо дар вақти сабз будани дарахт чунин кунанд, пас, ҳангоми хушк шудани он чӣ рӯй медода бошад?»
32 Ду марди ҷинояткорро низ ҳамроҳи ӯ ба куштан мебурданд.+ 33 Вақте онҳо ба ҷое расиданд, ки Косахонаи сар+ ном дошт, Исоро дар байни он ду ҷинояткор, ки яке аз тарафи росташ ва дигаре аз тарафи чапаш буд, ба сутун мехкӯб карданд.+ 34 Вале Исо гуфт: «Падар, онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд». Онҳо ҳамчунин қуръа партофта, либоси ӯро тақсим карданд.+ 35 Одамон бошанд, ҳамаи инро тамошо мекарданд. Роҳбарон ӯро масхара карда мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, пас, агар ӯ Масеҳи Худо, Интихобшуда, бошад, бигзор худашро наҷот диҳад».+ 36 Ҳатто сарбозон вайро мазоқ мекарданд ва наздик омада, шароби турш медоданду+ 37 мегуфтанд: «Агар Подшоҳи яҳудиён бошӣ, худатро наҷот деҳ». 38 Ҳамчунин дар болои сари ӯ лавҳае бо чунин навиштаҷот буд: «Ин Подшоҳи яҳудиён аст».+
39 Яке аз ҷинояткороне, ки бар сутун овезон буд, ӯро дашном дода,+ гуфт: «Магар ту Масеҳ нестӣ? Пас, мову худатро наҷот деҳ!» 40 Аммо ҷинояткори дигар вайро сарзаниш карда гуфт: «Наход тамоман аз Худо натарсӣ? Охир, худат низ ҳамин хел ҷазоро гирифтаӣ. 41 Мо мувофиқи кирдорамон ва аз рӯйи адолат ҷазо гирифтаем, лекин ин мард ҳеҷ кори нодуруст накардааст». 42 Баъд аз ин ӯ гуфт: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ бирасӣ,+ маро ба хотир ор». 43 Исо ба ӯ гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар биҳишт мешавӣ».+
44 Соатҳои дувоздаҳи рӯз* тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва он то соатҳои се* давом кард,+ 45 чунки офтоб рӯшноӣ намедод. Он гоҳ пардаи ибодатгоҳ+ аз миёнааш ду тақсим шуд.+ 46 Сипас Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Эй Падар, рӯҳамро ба дасти ту месупорам».+ Инро гуфта, ӯ ҷон дод*.+ 47 Мирисад ин ҳодисаро дида Худоро ҷалол дод ва гуфт: «Дар ҳақиқат, ин мард одами росткор буд».+ 48 Тамоми мардуме, ки барои тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин рӯйдодҳо аз ғам ба синаашон зада ба хонаҳояшон баргаштанд. 49 Ҳамаи онҳое, ки Исоро мешинохтанд, аз он ҷумла занҳое, ки бо ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода, ҳамаи инро медиданд.+
50 Дар он ҷо ҳамчунин Юсуф ном марди неку росткоре ҳузур дошт, ки узви Шӯрои олии яҳудиён буд.+ 51 (Ин мард барои дастгирии ҳилаву амалҳои Шӯро овоз надода буд.) Ӯ аз Аромот ном шаҳри Яҳудия буд ва омадани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид. 52 Ин шахс пеши Пилотус рафта, аз ӯ иҷозат пурсид, ки ҷасади Исоро бигирад. 53 Ӯ ҷасадро аз сутун фароварда,+ ба катони аълосифате печонд ва онро ба қабри дар кӯҳ кандае гузошт,+ ки то он дам касе дар он гузошта нашуда буд. 54 Он рӯз рӯзи тайёрӣ*+ буд ва бо фарорасии шом рӯзи шанбе+ медаромад. 55 Заноне, ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, рафта, ба қабр назар андохтанд, то бубинанд, ки ҷасади ӯ чӣ тавр гузошта шудааст.+ 56 Баъд онҳо баргаштанд, то алафҳои хушбӯй ва равғанҳои атрафшон тайёр кунанд, вале дар рӯзи шанбе+ мувофиқи амри Шариат дам гирифтанд.