Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
109 Эй Худое, ки васфат мекунам,+ хомӯш набош,
2 Зеро бадкорону маккорон барои бадгӯйии ман даҳон кушодаанд,
Бо забони дурӯғгӯяшон дар ҳаққи ман сухан мегӯянд.+
3 Онҳо маро бо суханони пур аз нафрат иҳота намудаанд
Ва ба ман бесабаб ҳамла мекунанд.+
4 Ба ивази муҳаббатам ба ман зиддият мекунанд,+
Аммо ман дуо гуфтанро бас намекунам.
6 Бадкорро бар сари душманам таъйин намо
Ва бигзор рақибаш* аз дасти росташ биистад.
7 Бигзор вақти доварӣ гунаҳкор дониста шавад
Ва ҳатто дуояш гуноҳ ҳисоб гардад,+
Вазифаи нозирияш насиби дигар кас гардад,+
9 Фарзандонаш ятим
Ва занаш бева шавад,
10 Фарзандонаш дарбадар гашта, гадоӣ кунанд
Ва аз пайи хӯрок бошанду дар харобазор умр ба сар баранд.
11 Бигзор қарзхоҳ ҳама дороияшро кашида гирад
Ва бегонагон молу мулкашро ғорат кунанд.
12 Бигзор ҳеҷ кас ба ӯ некӣ* накунад
Ва ба фарзандони ятиммондааш касе раҳм нанамояд.
13 Илоҳо тухмаш аз ҷаҳон пок шавад+
Ва аз фарзандонаш то насли дигар ному нишоне намонад.
14 Бигзор Яҳува хатои бобоёнашро ба хотир орад+
Ва гуноҳи модараш шуста нашавад.
15 Бигзор Яҳува ҳамеша корҳояшонро дар хотир дорад
Ва зикри онҳоро аз замин нест кунад,+
16 Зеро меҳру вафо аз хотири чунин шахс баромада буд+
Ва ситамкашу бечораву дилшикастаро ба танг меовард,+
То онҳоро ба қатл расонад.+
17 Ӯ лаънат гуфтанро* дӯст медошт, аз ин рӯ он бар сари худаш омад.
Ба ӯ касеро баракат хондан* маъқул набуд, аз ин рӯ худаш рӯйи баракатро надид.
18 Ӯ лаънатгӯйиро мисли либос пӯшид,
Баданаш онро мисли об
Ва устухонҳояш мисли равған ҷабид.
19 Бигзор лаънаташ мисли либоси танаш
Ва миёнбандаш бошад,+ ки доим бар камараш аст.
20 Ин аст музде аз Яҳува барои касе, ки бо ман душманӣ меварзад+
Ва дар ҳаққи ман бадгӯйӣ мекунад.
21 Аммо ту, эй Яҳува, Парвардигор,
Ба хотири номи худ ба кумаки ман бишитоб+
Маро наҷот деҳ, зеро меҳру вафои ту некуст.+
23 Мисли соя нопадид мегардам
Ва мисли малах афшонда мешавам.
24 Зонуҳоям аз рӯзадорӣ меларзанд,
Танам хароб шудааст, аз ман чизе намондааст.
26 Мададам кун, эй Худоям Яҳува,
Бо меҳру вафоят маро наҷот деҳ.
27 Бигзор онҳо бидонанд, ки инро дасти ту кардааст,
Ки ту, эй Яҳува, инро ба амал овардаӣ.
28 Онҳо лаънат мехонанд, вале ту баракат бидеҳ,
Бигзор вақте бар зидди ман бармехезанд, шарманда шаванд,
Вале бигзор бандаи ту шодӣ кунад.
29 Илоҳӣ душманонам либоси расвоӣ дар бар кунанд
Ва ҷомаи шармандагӣ бипӯшанд.+
30 Васфу ситоиши Яҳува аз даҳонам дур нахоҳад шуд
Ва ӯро пеши одамони бисёр ҳамд хоҳам гуфт,+
31 Зеро ӯ аз дасти рости бечора хоҳад истод,
То ӯро аз дасти касоне, ки маҳкумаш мекунанд, наҷот диҳад.