Матто
26 Вақте ки Исо гуфтани ҳамаи ин суханонро тамом кард, ба шогирдонаш гуфт: 2 «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз Иди Раҳоӣ фаро мерасад+ ва Фарзанди одамро ба дасти душманон месупоранд, то ӯро дар сутун ба қатл расонанд».+
3 Дар ин вақт коҳинони калон ва пирони халқ дар рӯйи ҳавлии саркоҳин*, ки Қаёфо+ ном дошт, ҷамъ шуда, 4 ба чунин қарор омаданд,+ ки Исоро бо ҳилаву найранг дастгир карда, кушанд. 5 Аммо онҳо гуфтанд: «Инро дар рӯзи ид накунем, ки боз мардум шӯру ғавғо набардорад».
6 Вақте ки Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ+ 7 дар сари дастархон менишаст, зане бо кӯзачае*, ки равғани хушбӯйи қиматбаҳо дошт, назди Исо омада, равғани онро ба сари ӯ рехт. 8 Шогирдон инро дида ба ғазаб омаданд ва гуфтанд: «Исрофкорӣ чӣ даркор? 9 Охир, ин равғанро бо пули калон фурӯхта, ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!» 10 Исо дар бораи чӣ гап задани онҳоро фаҳмида гуфт: «Чӣ ба ин бечора кордор мешавед? Вай барои ман кори хубе кард. 11 Камбағалон ҳама вақт бо шумо ҳастанд,+ ман на ҳама вақт бо шумоям.+ 12 Ин зан ба баданам равғани хушбӯй молида маро барои гӯронидан тайёр кард.+ 13 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар эълон мешавад, кори кардаи ин занро низ барои ёдоварии вай нақл мекунанд».+
14 Он гоҳ Яҳудои Исқарют,+ ки яке аз 12 расул буд, пеши коҳинони калон рафта,+ 15 гуфт: «Агар ӯро ба дасти шумо супорам, ба ман чӣ медиҳед?»+ Онҳо ба ӯ 30 тангаи нуқра+ ваъда доданд. 16 Аз он вақт сар карда ӯ фурсат меҷуст, ки Исоро ба дасти онҳо супорад.
17 Дар рӯзи якуми Иди Фатир+ шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ хӯроки Иди Раҳоиро бароят тайёр кунем?»+ 18 Ӯ гуфт: «Ба шаҳр, назди фалонӣ рафта, бигӯед: “Устод чунин мегӯяд: “Вақту соати ман* наздик аст; Иди Раҳоиро ҳамроҳи шогирдонам дар хонаи ту ҷашн мегирам”». 19 Шогирдон тамоми фармудаҳои Исоро ба ҷо оварданд ва ҳама чиро барои Иди Раҳоӣ тайёр карданд.
20 Бегоҳирӯзӣ+ ӯ ҳамроҳи 12 шогирдаш дар сари дастархон нишаст.+ 21 Дар вақти хӯрокхӯрӣ ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: яке аз шумо ба ман хиёнат мекунад».+ 22 Шогирдон сахт ғамгин шуда ҳар яке аз ӯ пурсидан гирифтанд: «Ҳазрат, ин ман нестам-а?» 23 Дар ҷавоб Исо гуфт: «Касе, ки бо ман даст дар табақ меандозад, ба ман хиёнат мекунад.+ 24 Фарзанди одам меравад, чи тавре ки дар борааш навишта шудааст, лекин вой+ бар ҳоли касе, ки ба ӯ хиёнат кунад!+ Барои вай беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд».+ 25 Яҳудо, ки ба ӯ хиёнат карданӣ буд, гуфт: «Устод, ин ман нестам-а?» Исо гуфт: «Ту худат ҷавобашро медонӣ».
26 Вақте ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифт ва пас аз дуо гуфтан онро шикаста,+ ба шогирдон доду гуфт: «Бигиреду бихӯред. Ин рамзи бадани ман аст».+ 27 Сипас пиёлаи шаробро гирифт ва шукргузорӣ карда, онро ба шогирдон доду гуфт: «Ҳамаатон аз ин нӯшед,+ 28 зеро ин рамзи хуни ман аст, ки “хуни+ аҳд”+ мебошад ва барои бахшида шудани гуноҳҳои+ бисёриҳо рехта мешавад.+ 29 Аммо ба шумо мегӯям: ман дигар шароб наменӯшам, то он даме ки дар Подшоҳии Падарам ҳамроҳи шумо шароби нав нӯшам».+ 30 Дар охир онҳо дар васфи Худо суруд хонданд ва аз хона баромада, ба тарафи кӯҳи Зайтун рафтанд.+
31 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб аз ман рӯй мегардонед*, зеро навишта шудааст: “Чӯпонро зарба мезанам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд”.+ 32 Лекин, баъди он ки зинда мешавам, пешопеши шумо ба Ҷалил меравам».+ 33 Аммо Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳама аз ту рӯй гардонанд* ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам!»+ 34 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям: худи ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ 35 Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳатто агар бо ту мурданам лозим ояд, ҳеҷ гоҳ туро инкор намекунам».+ Дигар шогирдон ҳам айнан ҳамин хел гуфтанд.
36 Баъд Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба ҷое омад, ки Ҷатсамонӣ ном дошт,+ ва ба онҳо гуфт: «Ман каме дуртар рафта, дуо мегӯям, шумо бошед, то омаданам дар ин ҷо шинед».+ 37 Исо Петрус ва ду писари Забдойро низ ҳамроҳи худ бурд. Ӯ андуҳгин шуда, бениҳоят ба изтироб омад+ 38 ва ба онҳо гуфт: «Аз ғаму ғусса қариб аст, ки бимирам. Ин ҷо бимонед ва ҳамроҳи ман бедор бошед».+ 39 Ӯ каме пештар рафт ва рӯ ба замин афтода, дуо гуфт:+ «Эй Падар, агар мумкин бошад, ин пиёларо+ аз ман дур кун. Лекин бигзор на хости ман, балки хости ту иҷро шавад».+
40 Вақте ӯ назди шогирдонаш баргашт, дид, ки онҳо хоб рафтаанд, ва ба Петрус гуфт: «Магар як соат ҳам бо ман бедор монда натавонистед?+ 41 Бедор бошед+ ва пайваста дуо гӯед,+ то ба васваса наафтед.+ Рӯҳ бардам аст*, вале ҷисм нотавон».+ 42 Ӯ бори дуюм рафта, чунин дуо гуфт: «Эй Падар, агар мумкин бошад, бигзор ин пиёла аз ман дур гардад ва ман аз он нанӯшам. Лекин, агар ин номумкин бошад, бигзор хости ту иҷро шавад».+ 43 Ӯ омада, боз онҳоро хобида дид, зеро сахт хобашон омада буд. 44 Аз пеши онҳо рафта, ӯ бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт. 45 Пас аз ин назди шогирдонаш баргашта, гуфт: «Наход дар чунин вақт ҳам хоб раведу дам гиред?! Ҳоло соате, ки Фарзанди одам ба дасти гунаҳкорон супорида мешавад, наздик аст. 46 Бархезед, меравем. Ана, касе, ки ба ман хиёнат мекунад, омада истодааст». 47 Ҳанӯз Исо гапашро тамом накарда, Яҳудо, ки яке аз 12 расул буд, ҳамроҳи одамони зиёде омад. Ин одамонро, ки дар даст шамшеру таёқ доштанд, коҳинони калон ва пирони халқ фиристода буданд.+
48 Шогирди хиёнаткор пешакӣ бо онҳо чунин гапзанон карда буд: «Касеро бӯса кунам, Исо ҳамон аст, ӯро дастгир кунед». 49 Яҳудо рост пеши Исо омада, гуфт: «Салом, эй Устод!», ва ӯро бӯса кард. 50 Аммо Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ ба ин ҷо омадӣ?»+ Он гоҳ онҳое, ки бо Яҳудо омада буданд, Исоро дастгир карданд. 51 Лекин яке аз ҳамроҳони Исо дасташро дароз карда, шамшерашро аз ғилоф баровард ва ғуломи саркоҳинро зарба заду гӯшашро бурид.+ 52 Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш мон,+ чунки ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта мешаванд.+ 53 Ё гумон мекунӣ, ки ман наметавонам Падари худро илтимос кунам, ки ӯ худи ҳозир ба ман беш аз 12 қӯшун* фариштагонро фиристад?+ 54 Дар ин ҳол Навиштаҳои Муқаддас чӣ хел иҷро мешаванд? Охир, дар он ҷо гуфта шудааст, ки ҳамааш бояд ҳамин тавр ба амал ояд». 55 Он вақт Исо ба мардум гуфт: «Магар ман ғоратгарам, ки шумо барои дастгир карданам бо шамшеру таёқҳо омадед? Ман ҳар рӯз дар ибодатгоҳ нишаста таълим медодам,+ лекин шумо маро дастгир намекардед.+ 56 Вале ҳамаи ин ба амал омад, то навиштаи пайғамбарон иҷро шаванд».+ Он гоҳ ҳамаи шогирдон ӯро тарк карда, гурехтанд.+
57 Онҳое, ки Исоро дастгир карда буданд, ӯро назди саркоҳин Қаёфо+ бурданд. Шариатдонон ва пирон низ он ҷо ҷамъ омада буданд.+ 58 Петрус бошад, аз дур то даруни ҳавлии саркоҳин аз қафои Исо омад. Ӯ ба даруни ҳавлӣ даромада, ҳамроҳи хизматгорон нишаст, то бубинад, ки оқибати кор чӣ мешавад.+
59 Дар ин вақт коҳинони калон ва тамоми Шӯрои олии яҳудиён шоҳид мекофтанд, то Исоро бардурӯғ айбдор карда, ба қатл расонанд.+ 60 Ҳарчанд бисёриҳо бардурӯғ шоҳидӣ медоданд, онҳо ҳеҷ далеле наёфтанд.+ Оқибат ду кас омада, 61 гуфтанд: «Ин мард гуфта буд: “Ман метавонам ибодатгоҳи Худоро вайрон карда, дар се рӯз онро аз нав созам”».+ 62 Пас аз ин суханон саркоҳин аз ҷояш хеста, ба ӯ гуфт: «Чаро чизе ҷавоб намедиҳӣ? Магар намешунавӣ, ки онҳо туро айбдор карда, чӣ мегӯянд?»+ 63 Лекин Исо хомӯш меистод.+ Инро дида саркоҳин ба ӯ гуфт: «Бо Худои зинда қасам хӯрда ба мо бигӯ, ки оё ту Масеҳ, Писари Худо*, ҳастӣ?»+ 64 Исо ба ӯ гуфт: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ. Аммо ба шумо мегӯям: аз ин пас Фарзанди одамро+ хоҳед дид, ки дар тарафи рости Худои Қодир* нишастааст+ ва бар абрҳои осмон меояд».+ 65 Он гоҳ саркоҳин либосашро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр мегӯяд! Дигар ба шоҳид чӣ ҳоҷат? Ана, шумо ҳоло бо гӯши худ шунидед, ки ӯ куфр мегӯяд. 66 Пас, чӣ фикр доред?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Сазои ӯ марг аст».+ 67 Баъд аз ин онҳо ба рӯйи ӯ туф карданд+ ва ӯро бо мушт заданд.+ Дигарон бошанд, ӯро шапалоқ зада,+ 68 мегуфтанд: «Эй Масеҳ, агар пайғамбар бошӣ, ку бигӯ: туро кӣ зад?»
69 Дар ин вақт Петрус дар берун, дар рӯйи ҳавлӣ, менишаст. Яке аз канизон назди ӯ омада, гуфт: «Ту ҳам бо Исои ҷалилӣ будӣ!»+ 70 Вале ӯ инро дар пеши ҳама инкор карда гуфт: «Ту чиҳо мегӯӣ?» 71 Вақте ки ӯ ба тарафи дарвозахона рафт, канизи дигаре ӯро дида, ба одамоне, ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин мард бо Исои носирӣ буд».+ 72 Петрус ин дафъа ҳам рад кард ва қасам хӯрда, гуфт: «Ман он мардро намешиносам!» 73 Чанде пас касоне, ки дар он ҷо буданд, назди Петрус омада, гуфтанд: «Аниқ, ту яке аз онҳо ҳастӣ — ин аз гапзаният маълум аст». 74 Он гоҳ вай қасам хӯрдан гирифту гуфт: «Ман он мардро намешиносам!» Ҳамон лаҳза хурӯс фарёд карду 75 Петрус ин суханони Исоро ба ёд овард: «Пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ Пас аз ин ӯ аз он ҷо баромада, зор-зор гирист.