БОБИ 115
Тайёрӣ ба охирин иди Раҳоӣ
МАТТО 26:1–5, 14–19 МАРҚӮС 14:1, 2, 10–16 ЛУҚО 22:1–13
ЯҲУДОИ ИСҚАРЮТ ИСОРО МЕФУРӮШАД
ДУ РАСУЛИ ИСО ҲАМА ЧИРО БАРОИ ИД ТАЙЁР МЕКУНАНД
Исо дар кӯҳи Зайтун таълим додани расулонашро ба охир мерасонад ва ба саволи онҳо оиди ҳузури ӯ дар оянда ва охирзамон ҷавоби пурра медиҳад.
Рӯзи 11-уми нисон барои Исо хеле пурташвиш буд. Акнун бошад, ӯ ҳамроҳи шогирдонаш барои шабро рӯз кардан ба Байт-Ҳинӣ рафта истодааст. Шояд, маҳз дар ҳамин маврид Исо ба расулонаш мегӯяд: «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз Иди раҳоӣ фаро мерасад ва Писари одамро ба дасти душманон месупоранд, то ӯро дар сутун ба қатл расонанд» (Матто 26:2).
Рӯзи сешанбе Исо роҳбарони динро маҳкум карда, дурӯягиву бадкории онҳоро фош намуда буд. Акнун онҳо қасди ҷони ӯро доранд. Ду рӯз пас баъд аз ғуруби офтоб 14-уми нисон, яъне рӯзи иди Раҳоӣ, фаро мерасад. Исо намехоҳад, ки чизе ба ӯ барои ин идро бо расулонаш ҷашн гирифтан халал расонад. Барои ҳамин ӯ, эҳтимол, ин рӯзро, ки рӯзи чоршанбест, бо шогирдонаш дар оромӣ мегузаронад ва худро аз назари мардум пинҳон медорад.
Аммо коҳинони калону пирон пеш аз иди Раҳоӣ ором нестанд. Онҳо дар саҳни хонаи саркоҳин Қаёфо ҷамъ меоянд. Бо кадом мақсад? Онҳо мехоҳанд «Исоро бо ҳилаву найранг дастгир карда», кушанд, чунки Исо корҳои онҳоро дар назди мардум фош мекунад. Лекин онҳо мегӯянд: «Инро дар рӯзи ид намекунем, то мардум шӯру ғавғо набардорад» (Матто 26:4, 5). Онҳо метарсанд, чунки мардум ба Исо ихлос дорад.
Дар ин миён шахсе назди роҳбарони дин меояд. Онҳо аз дидани ӯ хеле ҳайрон мешаванд, чунки ин шахс яке аз расулони Исо, Яҳудои Исқарют, мебошад. Шайтон дар дили ӯ фикри хиёнат ба Исоро ҷо кардааст. Яҳудо аз роҳбарони дин мепурсад: «Агар ӯро ба дасти шумо супорам, ба ман чӣ медиҳед?» (Матто 26:15). Аз ин бахти ногаҳон онҳо шод шуда, розӣ мешаванд, ки «ба ӯ тангаҳои нуқрагин диҳанд» (Луқо 22:5). Чӣ қадар тангаи нуқра? Сӣ танга. Аз афташ, сӣ тангаи нуқра ба сӣ сиқл нуқра, ки нархи ғулом мебошад, баробар аст (Хуруҷ 21:32). Бо додани сӣ тангаи нуқра сарварони дин гӯё Исоро ба ғулом баробар дониста, ӯро паст задан мехоҳанд. Аз ҳамон лаҳза сар карда Яҳудо фурсати муносиб ҷустан мегирад, то «Исоро аз мардум пинҳонӣ ба дасти онҳо супорад» (Луқо 22:6).
Рӯзи чоршанбе баъди ғуруби офтоб 13-уми нисон фаро мерасад. Ин шаби шашум ва охирон аст, ки Исо бо шогирдонаш дар Байт-Ҳинӣ мебошад. Рӯзи навбатӣ бошад, шогирдон бояд барои иди Раҳоӣ тайёрӣ бинанд. Онҳо бояд барраеро ёбанд ва баъд аз сар шудани 14-уми нисон онро кушта, яклухт пазанд. Онҳо дар куҷо хӯрок мехӯранд ва онро кӣ тайёр мекунад? Исо дар ин бора ҳеҷ чиз намегӯяд. Барои ҳамин Яҳудо ба коҳинони калон ягон маълумот дода наметавонад.
Рӯзи панҷшанбе, тахминан баъди пешин Исо Петрус ва Юҳанноро аз Байт-Ҳинӣ ба Ерусалим фиристода, мегӯяд: «Биравед ва хӯроки Иди раҳоиро барои хӯрдани мо тайёр кунед». Онҳо мепурсанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки онро тайёр кунем?» Исо ба онҳо мефаҳмонад: «Вақте ба шаҳр медароед, бо марде рӯ ба рӯ мешавед, ки дар кӯзаи гилин об мебарад. Аз ақиби вай ба хонае, ки ӯ медарояд, равед ва ба соҳиби он хона гӯед: “Устод чунин мегӯяд: “Меҳмонхонае, ки дар он ҳамроҳи шогирдонам хӯроки Иди раҳоиро хӯрда метавонам, куҷост?” Он шахс ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки чизҳои лозима дорад. Дар ҳамон ҷо тайёр кунед» (Луқо 22:8–12).
Соҳибхонае, ки Исо дар борааш гап мезанад, бешак, яке аз шогирдони ӯст. Ӯ шояд пешакӣ медонад, ки Исо рӯзи иди Раҳоӣ аз хонааш истифода мебарад. Вақте ду расул ба Ерусалим мерасанд, он мардро меёбанд ва ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, амал мекунанд. Онҳо боварӣ ҳосил мекунанд, ки барра пухта шудааст ва чизҳои дигар ҳам барои иди Раҳоӣ тайёранд. Акнун Исо ва 12 расулаш метавонанд хӯроки иди Раҳоиро хӯранд.