Матто
1 Зиндагиномаи* Исои Масеҳ*, писари Довуд,+ писари Иброҳим.+
3 Яҳудо падари Форас ва Зораҳ+ буд ва модари онҳо Томор ном дошт.
Форас падари Ҳесрӯн,+
Ҳесрӯн падари Ром,+
4 Ром падари Аминодоб,
Аминодоб падари Наҳшӯн,+
Наҳшӯн падари Салмӯн
5 ва Салмӯн падари Бӯаз буд. Модари Бӯаз Роҳоб+ ном дошт.
Бӯаз падари Убайд ва Рут+ модари ӯ буд.
Довуд падари Сулаймон+ буд ва модари Сулаймон пештар зани Уриё буд.
7 Сулаймон падари Раҳабъом,+
Раҳабъом падари Абиё,
Абиё падари Осо,+
8 Осо падари Еҳушофот,+
Еҳушофот падари Еҳуром,+
Еҳуром падари Узиё,
9 Узиё падари Ютом,+
Ютом падари Оҳоз,+
Оҳоз падари Ҳизқиё,+
10 Ҳизқиё падари Менашше,+
Менашше падари Омӯн,+
Омӯн падари Юшиё+
11 ва Юшиё+ падари Еконёву+ бародарони ӯ буд. Дар он айём яҳудиён ба Бобил бурда шуданд.+
12 Шаалтиили писари Еконё баъди ба Бобил бурда шудани яҳудиён ба дунё омад.
Шаалтиил падари Зарубобил,+
13 Зарубобил падари Абиҳуд,
Абиҳуд падари Элёқим,
Элёқим падари Озур,
14 Озур падари Содӯқ,
Содӯқ падари Ёкин,
Ёкин падари Элиҳуд,
15 Элиҳуд падари Элъозор,
Элъозор падари Маттон,
Маттон падари Яъқуб
16 ва Яъқуб падари шавҳари Марям — Юсуф, буд. Аз Марям Исо, ки Масеҳ+ ном гирифт, таваллуд ёфт.+
17 Ҳамин тавр, аз Иброҳим то Довуд 14 насл, аз Довуд то айёми ба Бобил бурда шудани яҳудиён 14 насл ва аз вақти ба Бобил бурда шудан то Масеҳ 14 насл гузаштааст.
18 Таваллуди Исои Масеҳ чунин буд: модари ӯ Марям номзади Юсуф буд, вале, пеш аз он ки онҳо оиладор шаванд, маълум шуд, ки Марям ба воситаи рӯҳи муқаддас*+ ҳомиладор шудааст. 19 Аммо шавҳари* Марям, Юсуф, одами росткор буд ва намехост ӯро дар пеши мардум беобрӯ кунад. Барои ҳамин вай ният кард, ки пинҳонӣ аз Марям ҷудо шавад.+ 20 Лекин, баъди он ки ӯ дар ин бора фикр кард, фариштаи Яҳува* ба ӯ дар хоб намудор шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд, аз хонадор шудан бо Марям натарс*, зеро вай ба воситаи рӯҳи муқаддас+ ҳомиладор шудааст. 21 Вай писар таваллуд мекунад ва ту ӯро Исо* ном мемонӣ,+ зеро ӯ халқи худро аз гуноҳҳояшон наҷот медиҳад».+ 22 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки суханони зерини Яҳува, ки ба воситаи пайғамбараш гуфта буд, иҷро шаванд: 23 «Бокирае ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунад ва номашро Имонуил мемонанд»,+ ки маънояш «Худо бо мост»+ мебошад.
24 Баъд Юсуф аз хоб бедор шуда, мувофиқи амри фариштаи Яҳува амал кард. Ӯ бо Марям хонадор шуд*, 25 аммо то таваллуд шудани писар бо вай ҳамхоб нагашт. Вақте ки кӯдак ба дунё омад,+ Юсуф ӯро Исо номид.+