1 Мӯсо
12 Яҳува ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз назди хешу табор ва аз хонаи падарат баромада, ба замине, ки ман ба ту нишон медиҳам, равона шав.+ 2 Аз ту халқи бузурге ба вуҷуд меорам, туро баракат медиҳам, ба ту номи бузурге мебахшам ва ту барои дигарон баракат хоҳӣ буд.+ 3 Касонеро, ки бароят баракат хоҳанд, баракат медиҳам, ва касеро, ки бар ту лаънат хонад, лаънат мекунам.+ Ба воситаи ту тамоми хонаводаҳои рӯйи замин баракат меёбанд».+
4 Абром ба сухани Яҳува гӯш доду аз он ҷо рафт ва Лут ҳамроҳаш равона шуд. Вақте ки Абром аз Ҳоррон баромад, 75-сола буд.+ 5 Абром зани худ — Сорай,+ писари бародараш — Лут,+ тамоми дороӣ ва ғуломонеро, ки дар Ҳоррон соҳиб шуда буд,+ гирифта, ба Канъон равона шуд.+ Вақте онҳо ба замини Канъон расиданд, 6 Абром ин заминро гашта, то ба Шакем,+ ки назди дарахтони калони Мӯре воқеъ аст,+ сафар кард. Он вақт дар ин замин канъониён зиндагӣ мекарданд. 7 Он гоҳ Яҳува ба Абром намудор шуд ва гуфт: «Ман ин заминро ба насли ту+ медиҳам».+ Аз ин рӯ Абром дар он ҷо барои Яҳува, ки ба вай зоҳир шуд, қурбонгоҳ сохт. 8 Сипас ӯ аз он ҷо, ба кӯҳистоне, ки дар шарқи Байт-Ил+ ҷойгир аст, равона шуд ва дар он ҷо хайма зад. Аз тарафи ғарбии хаймаи ӯ Байт-Ил ҷойгир буду аз тарафи шарқияш Ой.+ Дар он ҷо ӯ барои Яҳува қурбонгоҳ сохт+ ва номи Яҳуваро хондан гирифт.+ 9 Абром кӯч баста, сӯйи Негеб+ сафар кард ва хаймаи худро аз як ҷо ба дигар ҷо мекӯчонд.
10 Дар он сарзамин гуруснагӣ шуду Абром ба Миср сафар кард*, то дар он ҷо каме бимонад,+ зеро қаҳтии сахте рӯй дода буд.+ 11 Вақте онҳо ба Миср наздик шуданд, Абром ба занаш Сорай гуфт: «Ба ман гӯш деҳ: ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ+ 12 ва, ҳамин ки мисриён туро бинанд, мегӯянд: “Ин зани ӯст”. Он гоҳ онҳо маро мекушанду туро зинда мемонанд. 13 Пас, илтимос, бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ба ман зараре нарасад ва ман зинда бимонам».+
14 Ҳамин ки Абром ба Миср даромад, мисриён диданд, ки занаш хеле хушрӯй аст. 15 Мирони фиръавн низ ӯро диданд ва дар пеши фиръавн зебогияшро таърифу тавсиф карданд ва ӯро ба хонаи фиръавн оварданд. 16 Фиръавн ба хотири Сорай ба Абром некӣ кард ва ба вай гӯсфандон, говон, харони нару мода, ғуломону канизон ва шутурҳо дод.+ 17 Яҳува фиръавн ва хонаводаи ӯро аз барои Сорай, зани Абром, ба балоҳои бад гирифтор кард.+ 18 Он гоҳ фиръавн Абромро назди худ хонда, ба ӯ гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки ту ба ман кардӣ? Барои чӣ нагуфтӣ, ки ӯ зани туст? 19 Чаро ту гуфтӣ: “Ӯ хоҳари ман аст”?+ Қариб буд, ки ман ӯро ба занӣ гирам. Ана занат, ӯро гирифта бирав!» 20 Фиръавн ба хизматгоронаш амр дод ва онҳо Абром ва занашро бо тамоми чизу чораашон гусел карданд.+