Эфсӯсиён
5 Пас, чун фарзандони азиз ба Худо пайравӣ кунед+ 2 ва бо роҳи муҳаббат биравед,+ чуноне ки Масеҳ ба мо* муҳаббат дошт,+ ва худро барои мо* ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ, чун бӯйи хуш ба Худо, пешкаш кард.+
3 Ба шумо, ки халқи муқаддасед,+ намезебад, ки дар бораи зино*, ҳар гуна нопокӣ ё чашмгушнагӣ ҳатто даҳон кушоед.+ 4 Ҳамчунин рафтори шармовар, беҳудагапӣ ва шӯхиҳои бемаънӣ+ — ҳар он чӣ нодуруст аст, дар байнатон зикр наёбад, ба ҷойи ин Худоро шукр гӯед,+ 5 зеро шумо медонед ва дарк мекунед, ки ҳеҷ зинокор*,+ нопок ё чашмгушна,+ ки аз бутпараст камӣ надорад, дар Подшоҳии Масеҳ ва Худо меросе надорад.+
6 Бигзор касе шуморо бо гапи хушку холӣ фиреб надиҳад, зеро барои ин беитоатон гирифтори ғазаби Худо мегарданд. 7 Бинобар ин шарики онҳо нашавед, 8 чунки шумо замоне торикӣ будед, вале, акнун ки бо Ҳазрат ягонагӣ доред,+ нур ҳастед.+ Пас, чун фарзандони нур рафтор кунед, 9 зеро самари нур аз ҳар гуна некуӣ, росткорӣ ва рафтори дуруст иборат аст.+ 10 Ҳамеша бовар ҳосил кунед, ки чӣ ба Худованд маъқул аст,+ 11 ва дигар ба корҳои бесамари торикӣ шарик нагардед,+ балки онҳоро фош кунед, 12 чунки корҳои пинҳонии онҳоро ҳатто ба забон овардан шармовар аст. 13 Аммо нур чизҳои нодурустро ошкор мекунад ва ҳар чизе, ки ошкор мегардад, равшан мешавад. 14 Аз ин рӯ гуфта шудааст: «Эй хобида, бедор шав ва аз миёни мурдагон бархез,+ то Масеҳ бар ту нур пошад».+
15 Пас, бодиққат бошед, ки на чун бехирадон, балки чун хирадмандон рафтор кунед, 16 ва фурсатро ғанимат донед*,+ чунки ин рӯзҳо баданд. 17 Бинобар ин дигар бефаҳм набошед, балки аз пайи фаҳмидани хости Яҳува бошед.+ 18 Ҳамчунин масти шароб нашавед,+ ки ба айёшӣ мебарад, балки аз рӯҳ пур шавед. 19 Ба якдигар* бо таронаҳои Забур, сурудҳо дар васфи Худо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед.+ Дар дил ба Яҳува бисароед+ ва ӯро ситоиш кунед,+ 20 ҳамеша барои ҳама чиз Худо ва Падарамонро ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ+ шукр гӯед.+
21 Дар тарси Масеҳ ба якдигар фармонбардор бошед.+ 22 Бигзор занон, чуноне ки ба Ҳазрат фармонбардоранд, ба шавҳарони худ низ фармонбардор бошанд,+ 23 зеро шавҳар сардори зан аст,+ чуноне ки Масеҳ сардори ҷамоат+ ва наҷотбахши ин бадан аст. 24 Чи тавре ки ҷамоат ба Масеҳ фармонбардор аст, занон низ аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ фармонбардор бошанд. 25 Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред,+ чунон ки Масеҳ низ ҷамоатро дӯст медошт ва ҷони худро барои он фидо кард,+ 26 то ба воситаи калом ҷамоатро дар об шуста, поку муқаддас гардонад,+ 27 ва ҷамоат дар шукӯҳи худ — бе доғ, бе ожанг ё нуқсони дигаре,+ балки муқаддасу беайб+ — ба ҳузури ӯ истад.
28 Ба ин монанд, шавҳарон низ бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, 29 чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад. Масеҳ низ бо ҷамоат чунин мекунад, 30 зеро мо узвҳои бадани ӯ ҳастем.+ 31 «Аз ин сабаб мард падару модари худро монда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд».+ 32 Ин сирри муқаддаси+ бузурге, ки мегӯям, дар бораи Масеҳ ва ҷамоат аст.+ 33 Хулоса, ҳар яки шумо бояд зани худро мисли худ дӯст доред+ ва зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад.+