РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ
Муҳаббат
ИНСОН БЕ МУҲАББАТ ХОР МЕШАВАД. Агар дар байни аҳли оила ё дӯстон меҳру муҳаббат набошад, зиндагӣ талх мегардад. Аз муҳаббат бошад, талхҳо ширин ва ақлу дил солим мешавад, ҳаёт хушу хурсандона мегузарад. Лекин худи муҳаббат чист?
Гарчанд ишқу ошиқӣ дар ҳаёти инсон ҷойи муҳимро ишғол мекунад, дар ин мақола сухан дар бораи муҳаббати олитаре меравад. Ин гуна муҳаббат одамро бармеангезад, ки пеш аз ҳама дар бораи беҳбудии дигарон фикр кунад, ғами худро неву ғами дигаронро хӯрад. Ин муҳаббат бар қонуну аҳкоми Худо асос меёбад ва ҳиссиёти гарму самимиро низ дар бар мегирад.
Дар Китоби Муқаддас муҳаббат бо чунин суханони зебо тасвир шудааст: «Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст, муҳаббат рашк намекунад, манманӣ намекунад, мағрур намешавад, беодобона рафтор намекунад, фоидаи худро намеҷӯяд, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз бадӣ хурсанд намешавад, балки аз ростӣ шод мегардад. Муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад... ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меорад. Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад» (1 Қӯринтиён 13:4–8).
Ин гуна муҳаббат ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад, ё хотима намеёбад. Баръакс, бо гузашти вақт он фурӯзонтару мустаҳкамтар мешавад. Азбаски муҳаббат пурсабр, меҳрубон ва бахшанда аст, он «ягонагии пурра меорад» (Қӯлассиён 3:14). Риштаи чунин меҳру муҳаббат, ба хатову нокомилии одамон нигоҳ накарда, канда намешавад, балки дилро бо дил мепайвандад ва касро хушбахт месозад. Биёед инро дар мисоли издивоҷ дида бароем.
ПАЙВАНДҲОИ МУҲАББАТ
Ҳазрати Исо дар бораи издивоҷ чизҳои муҳимро таълим дода буд. Масалан, ӯ гуфт: «“Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан хоҳанд буд”... Пас, он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Матто 19:5, 6). Дар ин ҷо камаш ду фикри муҳимро пай бурдан мумкин аст.
«ҲАР ДУ ЯК ТАН ХОҲАНД БУД». Издивоҷ зичтарин пайванди байни одамон аст. Ҳамсароне, ки якдигарро аз таҳти дил дӯст медоранд, асло бевафоӣ намекунанд, яъне бо шахси дигаре «як тан» намешаванд (1 Қӯринтиён 6:16; Ибриён 13:4). Бевафоиву аҳдшиканӣ сабаби гум шудани боварӣ ва барҳам хӯрдани оила шуда метавонад. Ин ба фарзандон низ бетаъсир намемонад: онҳо зиқу дилшикаста, ба меҳру муҳофизат зор ва ҳатто бадқаҳру ғазаболуд мешаванд.
«ОН ЧӢ ХУДО БО ҲАМ ПАЙВАСТААСТ». Издивоҷ пайванди муқаддас аст. Зану шавҳаре, ки инро дарк мекунанд, намегузоранд, ки муносибатҳояшон хунук шавад, балки онҳоро мустаҳкамтар месозанд. Ҳангоми ба миён омадани душворӣ онҳо илоҷи корро дар ҷудошавӣ намебинанд. Муҳаббати онҳо пурзӯру пурбардошт аст. Он «ба ҳама чиз тоб меорад» ва талхиҳои зиндагиро паси сар карда, тинҷию якдигарфаҳмиро дар хонадон нигоҳ медорад.
Падару модаре, ки нисбати якдигар бомеҳру фидокоранд, барои фарзандон намунаи ибрат мебошанд. Ҷавонзане бо номи Ҷессика мегӯяд: «Падару модарам якдигарро дар ҳақиқат нағз мебинанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Модарам ҳеҷ гоҳ гапи падарамро, хусусан дар пеши мо, ду намекунад. Инро дида, ман ҳам мехоҳам, ки мисли вай рафтор кунам».
Муҳаббат хислати асосии Худо аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Барои ҳамин аҷоиб нест, ки Худо, ки номаш Яҳува аст, «Худои хушбахт» мебошад (1 Тимотиюс 1:11). Мо низ, агар ба хислатҳои Офаридгори худ, хусусан ба меҳру муҳаббати Ӯ пайравӣ кунем, хушбахт мешавем. Дар Каломи Худо навишта шудааст: «Чун фарзандони азиз ба Худо пайравӣ кунед ва дар муҳаббат роҳ равед» (Эфсӯсиён 5:1, 2).