БОБИ 8
Ҷамоат «ба муддате оромӣ ёфт»
Шоул, душмани ашаддии масеҳиён, воизи ҷонфидо мегардад
Бар Корнома 9:1–43 асос ёфтааст
1, 2. Шоул бо чӣ мақсад ба Димишқ рафт?
ЯК ГУРӮҲ одамони бадқаҳру бадхашм ба шаҳри Димишқ равонаанд. Онҳо дар дил қасди баде доранд. Ин мардон пайравони Масеҳро чашми дидан надоранд, аз ин рӯ мехоҳанд онҳоро аз хонаҳояшон кашола карда бароранд, бандубаст кунанд, паст зананд ва ба Ерусалим, ба назди Шӯрои олияшон баранд, то доварон хашмашонро бар сари ин масеҳиён фурӯ резанд.
2 Сарвари ин гурӯҳ Шоул мебошад. Ӯ аллакай дасташро ба хуни яке аз масеҳиён олуда кардаастa. Чанде пеш Шоул шоҳиди он буд, ки пайравони ашаддии дини яҳудӣ шогирди вафодори Исо — Истефанусро, сангсор карданд, ва ӯ ба куштори ин масеҳӣ тарафдор буд (Кор. 7:57–8:1). Шоул бо таъқиб кардани шогирдони Исо дар Ерусалим қонеъ нашуда, мехоҳад, ки оташи озору азият дар дигар ҷойҳо низ аланга занад. Дар назари ӯ ин мазҳаб, ки «Роҳ» номида мешуд, вабои аср буд ва ӯ ният дошт пеши роҳи паҳн шудани онро гирад (Кор. 9:1, 2; нигаред ба чорчӯбаи «Вазифаи Шоул дар Димишқ»).
3, 4. а) Бо Шоул чӣ рӯй дод? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
3 Шоулу дастааш торафт ба Димишқ наздик мешаванд. Ногаҳон дар аснои роҳ нуре медурахшад ва Шоулро фаро мегирад. Ҳамсафаронаш низ нурро мебинанд ва лолу ҳайрон мемонанд. Чашми Шоул кӯр мешавад ва ӯ ба замин меафтад. Баъд аз ин Шоули нобино овозеро аз осмон мешунавад, ки мегӯяд: «Шоул, Шоул, барои чӣ маро озор медиҳӣ?» Шоули ҳайратзада мепурсад: «Тақсир, ту кистӣ?» Он овоз мегӯяд: «Ман ҳамон Исоям, ки ту ӯро озор медиҳӣ». Ин ҷавоб вуҷудашро ларзонда, ба мағзи ҷонаш расид (Кор. 9:3–5; 22:9).
4 Мо аз ин суханоне, ки Исо ба Шоул гуфт, чӣ мефаҳмем? Аз воқеаҳое, ки ҳангоми масеҳӣ шудани Шоул рӯй доданд, чӣ омӯхтан мумкин аст? Чӣ тавр баъд аз ин ҷамоат давраи оромиро истифода бурд ва мо аз ин чӣ дарс мегирем? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.
«Барои чӣ маро озор медиҳӣ?» (Корнома 9:1–5)
5, 6. Мо аз суханоне, ки Исо ба Шоул гуфт, чӣ мефаҳмем?
5 Вақте Исо пеши роҳи Шоулро гирифт, ӯ нагуфт: «Барои чӣ шогирдони маро озор медиҳӣ?» Чи хеле аллакай зикр гардид, ӯ гуфт: «Барои чӣ маро озор медиҳӣ?» (Кор. 9:4). Аз ин аён аст, ки Исо дарду азоби пайравонашро дарди худ меҳисобад (Мат. 25:34–40, 45).
6 Агар шумо ба сабаби масеҳӣ буданатон ҷабру ҷафо бинед, дилпур бошед, ки ҳам Яҳува ва ҳам Исо аз душвориҳоятон бохабаранд (Мат. 10:22, 28–31). Шояд, шумо душвориҳое доред, ки айни замон бартараф намешаванд. Бо масеҳиёни асри як низ чунин буд. Чи хеле фаҳмидем, Исо медид, ки чӣ тавр Шоул ба куштори Истефанус шарик шуд. Ҳамчунин Исо медид, ки чӣ тавр ин душмани пайравонаш онҳоро дар Ерусалим аз хонаҳояшон кашола карда мебарораду азоб медиҳад (Кор. 8:3). Вале Исо он вақт пеши роҳи озорҳоро нагирифт. Ба ҳар ҳол Яҳува ба воситаи Исо Истефанус ва дигар шогирдонро қувват бахшид, то ба ӯ вафодор монанд.
7. Барои ба душвориҳо тоб овардан чӣ кор кардан лозим аст?
7 Шумо низ мисли масеҳиёни асри як ба азобу озор тоб оварда метавонед, ба шарте ки корҳои зеринро ба ҷо оред: 1) Дар дили худ азм кунед, ки, чизе нашавад, ба Худо вафодор мемонед. 2) Аз Яҳува кумак пурсед (Флп. 4:6, 7). 3) Интиқомро ба дасти Яҳува супоред (Рум. 12:17–21). 4) Бовар дошта бошед, ки Яҳува то бартараф кардани душвориҳоятон ба шумо қувват медиҳад (Флп. 4:12, 13).
«Шоул, бародарам, Ҳазратамон Исо... маро фиристод» (Корнома 9:6–17)
8, 9. Ҳанониё аз супорише, ки Исо ба ӯ дод, эҳтимол, чӣ ҳис кард?
8 Пас аз он ки Исо ба саволи Шоул ҷавоб дода гуфт, ки ӯ кист, суханашро давом дод: «Бархез ва ба шаҳр даро; дар он ҷо ба ту гуфта мешавад, ки бояд чӣ кор кунӣ» (Кор. 9:6). Шоули нобиноро ба Димишқ, ба ҷойи истиқоматаш, бурданд. Дар он ҷо ӯ се рӯз рӯза гирифта, дуо гуфт. Дар ин миён Исо бо яке аз шогирдонаш, ки Ҳанониё ном дошт, дар бораи Шоул гап зад. Ҳанониё дар Димишқ мезист ва «ҳамаи яҳудиёни он ҷо дар борааш сухани нек мегуфтанд» (Кор. 22:12).
9 Тасаввур кунед, ки, вақте Ҳанониё суханони Исоро дар бораи Шоул шунид, чӣ ҳис кард. Сарвари ҷамоат, Исои Масеҳи зиндашуда, бо худи ӯ гап зад ва ба ӯ супориши махсусе дод. Чӣ шарафе ва чӣ супориши тарсоваре! Вақте Исо ба Ҳанониё гуфт, ки рафта, бо Шоул гап занад, Ҳанониё гуфт: «Ҳазратам, ман аз даҳони бисёриҳо дар бораи ин мард ва тамоми бадие, ки ӯ ба покони Ерусалим кардааст, шунидаам. Ба ин ҷо низ ӯ аз коҳинони калон иҷозат гирифта, омадааст, то ҳар касеро, ки ба ту имон дорад, бандӣ кунад» (Кор. 9:13, 14).
10. Мо аз муносибати Исо ба Ҳанониё дар бораи Исо чӣ мефаҳмем?
10 Исо Ҳанониёро барои баён кардани хавотирияш сарзаниш накард, балки ба ӯ дастури аниқу равшане дод. Исо ба Ҳанониё эҳтиром гузошта фаҳмонд, ки барои чӣ ба ӯ чунин супориши ғайриодиеро дод. Исо дар бораи Шоул гуфт: «Ин шахс зарфи хушкардаи ман аст, ки бояд номи маро ба халқҳо, подшоҳон ва писарони Исроил эълон намояд. Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки ба хотири номи ман ӯ бояд чӣ қадар азоб кашад» (Кор. 9:15, 16). Пас аз шунидани ин суханон Ҳанониё ба иҷрои супориши Исо камар баст. Ӯ Шоули таъқибгарро ёфта, ба вай гуфт: «Шоул, бародарам, Ҳазратамон Исо, ки дар роҳ, ҳангоми ба ин ҷо омаданат, ба ту намудор шуд, маро фиристод, то ту бино гардӣ ва аз рӯҳи муқаддас пур шавӣ» (Кор. 9:17).
11, 12. Мо аз воқеаи масеҳӣ шудани Шоул чӣ меомӯзем?
11 Воқеаи масеҳӣ шудани Шоул ба якчанд чиз равшанӣ меандозад, масалан, ба он ки Исо мувофиқи ваъдааш дасту остин барзада кори паҳн кардани хушхабарро роҳбарӣ мекунад (Мат. 28:20). Ҳарчанд Исо имрӯз бо одамон рӯирост гап намезанад, ӯ ба воситаи ғуломи боваринок, ки бар ғуломони дигараш таъйин кардааст, кори мавъизаро пеш мебарад (Мат. 24:45–47). Бо роҳнамоии Ҳайати роҳбарикунанда пешравон ва дигар воизон шахсонеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар бораи Худо ва расулаш Исо бештар фаҳмидан мехоҳанд. Дар боби гузашта аз воқеаҳое ёдовар шудем, ки ҳақиқатҷӯёни зиёде аз Худо роҳнамоӣ мепурсанд ва чанде пас бо Шоҳидони Яҳува шинос мешаванд (Кор. 9:11).
12 Ҳанониё бо дилу ҷон супориши Исоро ба ҷо овард ва соҳиби баракат гашт. Оё шумо, ҳатто вақте шаҳодатдиҳӣ бароятон тарсовар аст, ин супоришро ба ҷо меоред? Барои баъзеҳо хона ба хона гашта, бо одамони ношинос суҳбат кардан осон нест. Барои баъзе воизони дигар бошад, ба одамон дар ҷойи корашон, кӯча, ба воситаи телефон ё нома хушхабарро расондан душвор аст. Ҳанониё бар тарсаш ғолиб омад, барои ҳамин ӯ ба Шоул кумак карда тавонист, ки рӯҳи муқаддас гирадb. Ин барои Ҳанониё шараф буд. Ӯ аз уҳдаи супоришаш баромад, зеро ба Исо такя кард ва ба Шоул чун ба бародару ҳамимонаш нигарист. Мо низ метавонем мисли Ҳанониё бар тарсамон дастболо шавем. Барои ин бояд бовар дошта бошем, ки Исо хушхабаррасониро роҳнамоӣ карда истодааст, инчунин ба одамон дилсӯз бошем ва ба шахсони ваҳмангез чун ба бародарони оянда нигарем (Мат. 9:36).
Шоул «дар бораи Исо эълон кардан гирифт» (Корнома 9:18–30)
13, 14. Агар шумо Каломи Худоро омӯзеду ҳанӯз таъмид нагирифта бошед, аз Шоул чӣ ибрат гирифта метавонед?
13 Шоул аз рӯйи донише, ки гирифт, зуд амал кард. Пас аз шифо ёфтан ӯ таъмид гирифт ва ба ҷамоати масеҳиёни Димишқ ҳамроҳ шуд. Вале ӯ боз як кори дигар кард. Ӯ «дарҳол дар ибодатхонаҳо дар бораи Исо эълон кардан гирифт, ки ӯ Писари Худост» (Кор. 9:20).
14 Агар шумо Китоби Муқаддасро омӯзеду ҳоло таъмид нагирифта бошед, оё метавонед мисли Шоул корро ба қафо напартофта донишатонро ба кор баред? Шояд, гӯед, ки Шоул муъҷизаи Исоро бо чашми худ дид, барои ҳамин амал кард. Вале на ҳама касоне, ки шоҳиди муъҷизаҳои Исо буданд, пайрави ӯ шуданд. Масалан, як гурӯҳ фарисиён дида буданд, ки чӣ хел ӯ мардеро, ки дасташ хушк шуда буд, шифо дод. Ҳамчунин яҳудиёни зиёде медонистанд, ки Исо Лаъзорро зинда кард. Бо вуҷуди ин бисёри он яҳудиён ба Исо имон наоварданд ва ҳатто ба ӯ душманӣ карданд (Марқ. 3:1–6; Юҳ. 12:9, 10). Шоул бошад, баръакси онҳо фикру ақидаашро дигар кард. Чаро Шоул чунин карда тавонисту дигарон не? Чунки ӯ бештар аз Худо метарсид, на аз одамон. Ҳамчунин ӯ барои лутфу марҳамате, ки Масеҳ ба ӯ кард, аз таҳти дил миннатдор буд (Флп. 3:8). Агар шумо ба Шоул пайравӣ кунед, ҳеҷ чиз садди роҳатон намешавад, ки воиз шуда, хушхабарро ба дигарон расонед ва таъмид гиред.
15, 16. Шоул дар ибодатхонаҳо чӣ кор мекард ва муносибати яҳудиёни Димишқ ба ӯ чӣ гуна буд?
15 Оё пеши назар оварда метавонед, ки, вақте Шоул дар бораи Исо дар ибодатхонаҳои яҳудиён гап заданро сар кард, чӣ тавр мардум ҳайратзада гаштанд ва ҳатто ба ғазаб омаданд? Онҳо ба гӯшҳояшон бовар накарда мегуфтанд: «Оё ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ба ин ном имон доранд, бераҳмона озор медод?» (Кор. 9:21). Шоул «бо далелҳои қавӣ Масеҳ будани Исоро исбот карда», ба онҳо мефаҳмонд, ки чаро ӯ фикру ақидаашро дигар кардааст (Кор. 9:22). Вале далел овардан на ҳама вақт қуфлкушои дари дили одамон аст. Ҳатто далелҳои раднопазир наметавонанд ҳар ақлу майнаеро, ки побанди расму русум аст, ва ҳар дилеро, ки пардаи ғурур онро маҳкам пӯшондааст, боз кунанд. Шоул низ инро мефаҳмид, лекин ноумед намешуд.
16 Аз байн се сол гузашта бошад ҳам, яҳудиёни шаҳри Димишқ ҳанӯз бар зидди Шоул буданд. Оқибат онҳо забон як карда ӯро куштанӣ шуданд (Кор. 9:23; 2 Қӯр. 11:32, 33; Ғал. 1:13–18). Вақте Шоул аз суиқасди онҳо огоҳ гашт, роҳи бохирадонаро пеш гирифт. Ҳамроҳонаш илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ андешида, ӯро аз тирезаи девори шаҳр дар сабад поён фароварданд. Луқо мегӯяд, ки онҳое, ки Шоулро он шаб гурезонданд, «шогирдонаш» буданд (Кор. 9:25). Маълум мешавад, ки дар Димишқ камаш якчанд нафар аз шунавандагони Шоул дониши ростиро қабул карданд ва пайрави Масеҳ гаштанд.
17. а) Одамон ба ҳақиқатҳои Каломи Худо чӣ гуна муносибат мекунанд? б) Шумо минбаъд низ чӣ кор кардан мехоҳед ва чаро?
17 Вақте шумо бори аввал ба аҳли оилаатон, дӯстонатон ва дигарон дар бораи ҳақиқатҳои бебаҳои Китоби Муқаддас гуфтед, эҳтимол, умедвор будед, ки ҳамаи онҳо суханони мантиқиву далелноки Каломи Худоро бо дилу ҷон қабул мекунанд. Шояд, баъзеи онҳо чунин карданд, вале аксарияташон не. Беҳуда гуфта нашудааст, ки аҳли хонадони одам душмани ӯ мешавад (Мат. 10:32–38). Бо вуҷуди ин, агар шумо минбаъд низ бо дигарон аз рӯйи Навиштаҳо устокорона мулоҳиза ронед ва худотарсона рафтор кунед, аҷаб нест, ки ҳатто дили сангини касоне, ки ба шумо муқобилат мекунанд, охиру оқибат об шавад (Кор. 17:2; 1 Пет. 2:12; 3:1, 2, 7).
18, 19. а) Вақте Барнаббо Шоулро дастгирӣ кард, ин чӣ самар овард? б) Мо аз Барнаббову Шоул чӣ меомӯзем?
18 Вақте Шоул ба Ерусалим омад, фаҳмост, ки шогирдони он ҷо ба ӯ бо назари шубҳа нигаристанд. Лекин, вақте Барнаббо тасдиқ кард, ки Шоул ба Масеҳ имон овардааст, расулон ӯро қабул карданд ва ӯ якчанд вақт бо онҳо буд (Кор. 9:26–28). Шоул эҳтиёткор бошад ҳам, тарсончак набуд ва аз расонидани хушхабар ор намекард (Рум. 1:16). Ӯ дар Ерусалим, дар ҳамон ҷое, ки дар таъқибу озори пайравони Масеҳ пешсаф буд, далерона шаҳодат медод. Вақте яҳудиёни Ерусалим диданд, ки саркардаи ҷонсупори онҳо, ки масеҳиёнро чашми дидан надошт, ба сафи душманонашон гузаштааст, ба даҳшат омаданд ва ӯро чап гирифта куштанӣ шуданд. «Вақте ки бародарон аз ин хабардор гаштанд, Шоулро ба Қайсария бурданд ва баъд ба Тарсус гусел карданд» (Кор. 9:30). Шоул ин мадади ҷамоатро роҳнамоии Исо дониста, ба он итоат кард. Ин ҳам ба фоидаи Шоул ва ҳам ҷамоат буд.
19 Аҳамият диҳед, ки Барнаббо якум шуда ба Шоул дасти ёрӣ дароз кард. Бешубҳа, ин некии ӯ дӯстии ин мардони дар кори Яҳува боғайратро об дод. Оё шумо мисли Барнаббо тайёред, ки ба одамони нави ҷамоат кумак кунед? Оё шумо якҷоя бо онҳо хизмат мекунед ва ёрӣ медиҳед, ки рӯҳан рушд кунанд? Агар чунин кунед, аз Яҳува барака меёбед. Воизони нави хушхабар, оё шумо мисли Шоул кумаки дигаронро қабул мекунед? Агар шумо бо воизони кордон ҳамкорӣ кунед, ҳунари воизиятонро сайқал медиҳед ва хурсандиятон меафзояд. Илова бар ин, шумо метавонед якумра дӯстони ҷонӣ шавед.
«Бисёриҳо ба Ҳазратамон имон оварданд» (Корнома 9:31–43)
20, 21. Чӣ тавр ходимони Худо дар гузашта ва дар замони мо аз давраи оромӣ нағз истифода бурданд?
20 Баъди масеҳӣ шудани Шоул ва аз душманон халос хӯрдани ӯ «ҷамоат дар саросари Яҳудия, Ҷалил ва Сомария ба муддате оромӣ ёфт» (Кор. 9:31). Шогирдон фурсатро ғанимат дониста чӣ кор карданд? (2 Тим. 4:2). Дар ин порчаи Корнома гуфта мешавад, ки «ҷамоат... обод мешуд». Дар он муддати оромӣ расулон ва дигар бародарони масъул имони ҳаммаслаконашонро қавӣ мегардонданд ва дар ҷамоат, ки «аз рӯҳи муқаддас тасалло меёфт ва дар тарси Яҳува рафтор мекард», роҳбариро ба уҳда мегирифтанд. Масалан, Петрус он вақти муносибро аз даст надода, шогирдонеро, ки дар шаҳри Лиддаи водии Сорӯн буданд, устувор гардонд. Бо кӯшишу заҳмати ӯ бисёр одамон дар он минтақа «ба Ҳазрат имон оварданд» (Кор. 9:32–35). Шогирдон ба якдигар ғамхорӣ мекарданд ва дар паҳн кардани хушхабар ҷаҳд менамуданд. Онҳо намегузоштанд, ки ҳушу ёдашон бо чизҳои дигар банд шавад. Аз ин рӯ ҷамоат рӯз ба рӯз меафзуд.
21 Дар охирҳои асри 20 дар бисёр мамлакатҳо барои Шоҳидони Яҳува давраи оромӣ фаро расид. Сиёсати душманонаи баъзе мамлакатҳо, ки тӯли даҳсолаҳо давом мекард, ногаҳон тағйир ёфт. Баъзе ҳукуматҳо фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро қисман ё пурра иҷозат доданд. Даҳҳо ҳазор Шоҳид акнун метавонистанд ошкоро хабари Худоро паҳн намоянд. Ин тавр карда, онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.
22. Чӣ тавр шумо озодиятонро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонед?
22 Оё шумо озодиеро, ки доред, дуруст истифода мебаред? Агар дар мамлакататон озодона мавъиза карда тавонед, Шайтон, бешубҳа, кӯшиш мекунад, ки шуморо аз роҳ занад, то шумо аз пайи пулу моли дунё шавед, на хизмати Худо (Мат. 13:22). Нагузоред, ки ӯ шуморо гумроҳ созад. Дар ҳар давраи нисбатан ором пуркору босамар бошед. Ҳар дамро ғанимат дониста, ба якояки одамон шаҳодат диҳед ва ҷамоататонро обод созед. Дар хотир доред, ки ҳоли дунёву вазъияти шумо дар як мижа задан дигар шуда метавонад.
23, 24. а) Мо аз рӯйдод бо Тобито чӣ мефаҳмем? б) Мо ба чӣ азми қавӣ дорем?
23 Биёед дида бароем, ки бо Тобито, ё Доркас, ном пайрави Исо чӣ рӯй дод. Ин зани масеҳӣ дар шаҳри Ёфо, ки начандон дур аз Лидда буд, зиндагӣ мекард. Он хоҳари содиқ вақт ва дороияшро бохирадона истифода бурда, «бисёр корҳои нек мекард ва хайру садақоти зиёде медод», вале ногаҳон бемор шуда вафот мекунадc. Масеҳиёни шаҳри Ёфо аз марги ӯ сахт андуҳгин мегарданд. Дили бевазаноне, ки Тобито ба онҳо некии бисёр карда буд, аз ин хун мешавад. Вақте Петрус ба хонае меояд, ки ҷасади Тобиторо барои гӯрондан тайёр карда буданд, ӯ муъҷизае мекунад, ки ягон расули Исои Масеҳ то он дам накарда буд. Пас аз он ки Петрус дуо мегӯяд, Тобито зинда шуда, бармехезад. Сипас Петрус бевазанон ва дигар шогирдонро ба хонае, ки Тобито буд, даъват мекунад. Танҳо тасаввур кунед, вақте онҳо ӯро зинда диданд, чӣ қадар шод гаштанд! Бешубҳа, ин воқеа имони онҳоро мустаҳкам кард ва ба душвориҳои оянда тайёр намуд. Ҷойи ҳайраташ нест, ки «хабари ин воқеа дар тамоми Ёфо паҳн шуд ва бисёриҳо ба Ҳазратамон имон оварданд» (Кор. 9:36–42).
24 Мо аз ин воқеаи рӯҳафзо ду чизи муҳимро мефаҳмем. Якум, кас намедонад, ки пагоҳ бо ӯ чӣ мешавад. Пас, биёед, то даме ҷон дар тан дорем, дар пеши Худо номи нек пайдо кунем (Пандгӯ 7:1). Дуюм, умеди зиндашавӣ воқеист. Корҳои неки Тобито аз назари Яҳува пинҳон намонд ва ба ин зани некукору меҳрубон умри дубора бахшид. Худо заҳмати моро низ фаромӯш намекунад ва, агар то омадани Ҳармаҷиддӯн риштаи ҳаётамон канда шавад, ӯ ҳатман моро зинда мекунад (Ибр. 6:10). Пас, хоҳ мо ҳоло дар вақти душвору ноором зиндагӣ карда истода бошему хоҳ дар вақти нисбатан ором, биёед пайваста дар бораи Масеҳ як ба як шаҳодат диҳем (2 Тим. 4:2).
a Нигаред ба чорчӯбаи «Шоули фарисӣ».
b Одатан атоҳои рӯҳи муқаддас ба воситаи расулон дода мешуд. Дар ин воқеаи ғайриодӣ бошад, Исо инро ба воситаи Ҳанониё кард. Пас аз он ки Шоул пайрави Исо шуд, ӯ муддати дурудароз бо 12 расул вонахӯрд, вале дар давоми ин вақт бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекард. Ҳамин тавр Исо Шоулро дастгирӣ кард, то ӯ барои мавъизаи хушхабар қуввати кофӣ дошта бошад.
c Нигаред ба чорчӯбаи «Тобито — зане, ки “бисёр корҳои нек мекард”».