Суруди 13
Дуои шукргузорӣ
1. Ҳастӣ, Худо, сазовори сано,
Сароем Туро аз дилу ҷон мо.
Сар хам карда дар дуо назди Ту,
Ҳис кунем мо дасти пурмеҳри Ту.
Ҳастем заиф, кунем ҳар рӯз хато,
Доим бахшишатро бошем ҷӯё.
Пок кардӣ моро бо хуни Масеҳ,
Дилатро чӣ тавр шод созем, ёд деҳ.
2. Хушо касоне, ки кардӣ даъват
Сӯи саҳнҳои нур ва маърифат.
Бошад Каломат ба мо роҳнамо,
То ки дар қасрат сокин шавем мо.
Танҳо Ту ҳастӣ бузург дар қудрат,
Ба ходимони худ деҳ ҷасорат.
Аз Салтанатат мо хонем суруд,
Танҳо он ҳама вақт монад мавҷуд.
3. Ба тарсгорони худ бикун назар,
То кунанд васф Туро дар баҳру бар.
Аз ашк ва марг, аз ғам ва беморӣ
Дасти Ту орад ба мо халосӣ.
Созад нобуд Масеҳ ҳама бадӣ,
Ҳар як махлуқ хоҳад кард хурсандӣ.
Биёед гӯем ҳамроҳ шукрона:
«Ҳамд ба Подшоҳи бузург — Яҳува!»
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 64:3, 5, 12; Фил. 4:6.)