БОБИ 111
Расулон аз Исо аломат мепурсанд
МАТТО 24:3–51 МАРҚӮС 13:3–37 ЛУҚО 21:7–38
ЧОР ШОГИРД ДАР БОРАИ АЛОМАТ САВОЛ МЕДИҲАНД
ИҶРО ШУДАНИ ПЕШГӮЙИҲОИ ИСО ДАР АСРИ ЯК ВА РӮЗҲОИ МО
МО БОЯД ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕМ
Имрӯз сешанбеи 11-уми нисон аст ва рӯз ба охир расида истодааст. Рӯзҳои охир Исо хеле серкор буд ва каме пас хизмати ӯ ба охир мерасад. Ӯ рӯзона дар маъбад таълим медод, шабро бошад, берун аз шаҳр мегузаронд. Мардум «саҳарии барвақт барои шунидани суханони ӯ ба маъбад меомаданд» ва бо шавқу завқ ӯро гӯш мекарданд (Луқо 21:37, 38). Лекин ҳоло Исо ҳамроҳи чор расул — Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно дар кӯҳи Зайтун аст.
Навакак Исо пешгӯйӣ кард, ки маъбад несту нобуд мешавад ва дар он санге бар санге боқӣ намемонад. Расулон дар фикри онанд, ки бо маъбад чӣ рӯй медиҳад, барои ҳамин онҳо дар танҳоӣ пеши Исо омадаанд. Лекин онҳо на танҳо дар бораи маъбад ташвиш мекашанд. Каме пеш Исо гуфта буд: «Шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате, ки гумон надоред, Писари одам меояд» (Луқо 12:40). Ҳамчунин Исо дар бораи «зоҳир шудани Писари одам» гап зада буд (Луқо 17:30). Оё ҳамаи ин бо чизе, ки ӯ дар бораи маъбад гуфт, алоқаманд аст? Расулон инро фаҳмидан мехоҳанд, барои ҳамин ба Исо мегӯянд: «Ба мо бигӯй, ки ин кай рӯй медиҳад ва аломати ҳузур доштани ту ва охирзамон чӣ хоҳад буд?» (Матто 24:3).
Аз афташ, шогирдон нобудшавии маъбади Ерусалимро дар назар доранд. Худи ҳоло онҳо аз болои кӯҳ маъбадро дида истодаанд. Ҳамчунин онҳо дар бораи ҳузури Писари одам мепурсанд. Чанде пеш Исо дар бораи «марде аз хонадони шоҳ» нақл карда буд, ки ӯ ба кишвари дурдасте сафар мекунад, то дар он ҷо подшоҳ таъйин гардида, сипас баргардад. Шояд, расулон ин мисолро ба хотир оварданд (Луқо 19:11, 12). Боз онҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки дар охирзамон чӣ рӯй медиҳад.
Дар ҷавоб Исо як ба як мефаҳмонад, ки аз рӯйи кадом аломатҳо фаҳмидан мумкин аст, ки Ерусалим ва маъбади он аз байн мераванд. Ин аломатҳо дар оянда ба пайравони Исо кӯмак мекунанд, то фаҳманд, ки «ҳузур»-и ӯ ва охирзамон фаро расидааст.
Дар давоми солҳои минбаъда расулон иҷрошавии пешгӯйиҳои Исоро мебинанд. Аллакай дар рӯзҳои расулон бисёре аз ин пешгӯйиҳо иҷро шудан мегиранд. Баъди 37 сол, яъне соли 70-и милодӣ, Ерусалим ва маъбад аз байн мераванд. Масеҳиёне, ки он вақт ҳушёру бедор мемонанд, ба ин воқеаҳо тайёр хоҳанд буд. Лекин на ҳама пешгӯйиҳои Исо пеш аз соли 70-и милодӣ ва дар давоми он иҷро мешаванд. Расулон аз Исо пурсида буданд, ки аломати ҳузури ӯ чӣ мешавад. Ӯ ба ин саволи онҳо ҷавоб медиҳад.
Исо пешгӯйӣ мекунад, ки дар он вақт ҷангҳо рӯй медиҳанд ва «як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг хоҳад кард» (Матто 24:6, 7). Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки «заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гуруснагиву вабоҳо сар мезананд» (Луқо 21:11). Исо шогирдонашро огоҳ мекунад: «Одамон шуморо таъқиб мекунанд» (Луқо 21:12). Дар он замон пайғамбарони бардурӯғе пайдо мешаванд, ки бисёриҳоро гумроҳ месозанд. Аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мешавад. Ғайр аз ин, Исо мегӯяд, ки «хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Матто 24:14).
Баъзе аз пешгӯйиҳои Исо пеш аз он ки Ерусалим аз тарафи румиён нобуд шавад, иҷро мегарданд, баъзеи дигар бошанд, ҳангоми он. Лекин оё ин пешгӯйиҳо боз дар миқёси бузургтар иҷро мешаванд? Оё шумо бо чашмони худ мебинед, ки ин пешгӯйиҳо дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодаанд?
Чи тавре ки Исо гуфт, яке аз аломатҳои ҳузури ӯ ин аст, ки шогирдонаш «чизи нафратангезро, ки ҳама чиро несту нобуд мекунад», мебинанд (Матто 24:15). Соли 66-и милодӣ шогирдон «чизи нафратангезро» мебинанд, яъне «лашкарҳо»-и Рум бо парчаму нишонҳои бутпарастонаашон меоянд. Онҳо Ерусалимро иҳота мекунанд ва аз зери яке аз деворҳои шаҳр роҳи зеризаминӣ мекананд (Луқо 21:20). Ҳамин тавр, чизи нафратангез дар ҷое меистад, ки набояд дар он истад, яъне дар ҷое, ки барои яҳудиён муқаддас аст.
Исо пешгӯйӣ мекунад: «Мусибати бузурге рӯй медиҳад, ки аз аввали ҷаҳон то ба ҳол рӯй надода буд ва дигар ҳеҷ гоҳ рӯй нахоҳад дод». Соли 70-и милодӣ румиён Ерусалимро забт мекунанд. Вайрону валангор шудани шаҳри муқаддасу маъбад ва марги садҳо ҳазор одамон дар ҳақиқат мусибати бузург аст (Матто 4:5; 24:21). То ин дам ба сари Ерусалим ва яҳудиён чунин балои харобиовар наомада буд. Тӯли садсолаҳо халқ Худои худро дар маъбади Ерусалим ибодат мекард, акнун бошад, Ерусалим ва маъбад аз байн мераванд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки вақте пешгӯйиҳои Исо дар оянда иҷро мешаванд, ин дар ҳақиқат мусибати бузург мешавад.
УМЕД ДАР ДАВОМИ ОХИРЗАМОН
Ҳоло нақли Исо дар бораи аломати охирзамон ва чун Подшоҳ ҳузур доштанаш тамом нашудааст. Мувофиқи суханони ӯ, дар он рӯзҳо «одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд». Ба гуфти Исо, чунин шахсон кӯшиш мекунанд, «то, агар тавонанд, ҳатто интихобшудагонро гумроҳ кунанд» (Матто 24:24). Лекин интихобшудагон ба доми онҳо намеафтанд. Одамон шахсонеро, ки худро бардурӯғ Масеҳ меноманд, мебинанд, лекин ҳузури Масеҳ ба чашм ноаён мешавад.
Исо дар бораи мусибати бузурге, ки дар охири ҷаҳони Шайтон рӯй медиҳад, чунин мегӯяд: «Офтоб хира мегардад ва моҳтоб дигар равшанӣ намедиҳад, ситорагон аз осмон меафтанд ва қувваҳои осмон ба ларзиш меоянд» (Матто 24:29). Расулон намедонанд, ки ин суханон маҳз чӣ тавр иҷро мешаванд, лекин мефаҳманд, ки он воқеаҳо даҳшатовар хоҳанд буд.
Ин воқеаҳои даҳшатовар ба одамон чӣ тавр таъсир мекунанд? Исо мегӯяд: «Одамон аз тарсу ҳарос ва интизории воқеаҳое, ки бар сари сокинони замин меоянд, аз ҳол мераванд, чунки қувваҳои осмон ба ларзиш меоянд» (Луқо 21:26). Бале, Исо дар бораи рӯйдодҳои даҳшатоваре гап мезанад, ки одамизод пеш аз ин надида буд.
Ҳамзамон Исо мегӯяд, ки вақте Писари одам «бо қудрат ва ҷалоли бузург меояд», на ҳама аз ғаму андӯҳ ба синаашон мезананд (Матто 24:30). Ӯ каме пеш қайд карда буд, ки «ба хотири интихобшудагон он рӯзҳо кӯтоҳ карда мешаванд» (Матто 24:22). Пас, шогирдони Исо бояд ба ин рӯйдодҳо чӣ гуна муносибат кунанд? Исо мегӯяд: «Вақте ки ба амал омадани ин чизҳо сар мешавад, қомати худро рост карда, сарҳои худро бардоред, чунки халосии шумо наздик аст» (Луқо 21:28).
Лекин чӣ тавр дар охирзамон шогирдони Исо фаҳмида метавонанд, ки анҷоми ҷаҳон наздик аст? Исо мисоли анҷирро меорад: «Ҳамин ки шохаҳои он муғҷа баста, барг мебароранд, шумо мефаҳмед, ки тобистон наздик аст. Ба ин монанд, вақте ҳамаи ин воқеаҳоро мебинед, донед, ки Писари одам наздик аст, дар пеши дар аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз ин насл аз байн нарафта, ҳамаи ин чизҳо ба амал меоянд» (Матто 24:32–34).
Пас, вақте шогирдон дар як замон иҷро шудани якчанд пешгӯйии Исоро мебинанд, онҳо мефаҳманд, ки анҷом наздик аст. Чизе, ки Исо баъд мегӯяд, ба он масеҳиёне дахл дорад, ки дар охирзамон зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд:
«Он рӯз ва соатро ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад: на фариштагони осмон, на Писар. Лекин чунон ки дар рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар буд, дар вақти ҳузури Писари одам низ ҳамон хел хоҳад буд. Чи тавре ки пеш аз Тӯфон, то вақти ба киштӣ даромадани Нӯҳ, одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд ва то вақти омада, ҳамаро несту нобуд кардани Тӯфон чизе намефаҳмиданд, дар вақти ҳузури Писари одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд» (Матто 24:36–39). Исо он вақтро ба Тӯфони рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар монанд мекунад, ки он ба ҳар як сокини замин таъсир карда буд.
Расулоне, ки дар кӯҳи Зайтун ба суханони Исо гӯш медиҳанд, бояд дарк кунанд, ки ҳушёру бедор будан хеле муҳим аст. Исо мегӯяд: «Ба худ диққат диҳед, то ки пурхӯрӣ, мастигарӣ ва ташвишҳои зиндагӣ ҳеҷ гоҳ дилҳои шуморо пахш накунанд ва он рӯз ногаҳон омада, бароятон доме нагардад. Зеро он рӯз бар ҳамаи сокинони замин хоҳад омад. Бинобар ин ҳушёр бошед ва ҳама вақт дар дуо аз Худо илтиҷо кунед, ки дар вақти ба амал омадани ҳамаи ин воқеаҳо наҷот ёфта, дар пеши Писари одам истода тавонед» (Луқо 21:34–36).
Исо боз нишон додан мехоҳад, ки пешгӯйиҳояш дар миқёси бузург иҷро мешаванд. Ӯ дар бораи он воқеаҳое гап намезанад, ки баъди даҳсолаҳо рӯй медиҳанд ва фақат ба Ерусалиму яҳудиён таъсир мекунанд. Рӯйдодҳое, ки Исо дар бораашон гап мезанад, ба «ҳамаи сокинони замин» таъсир мерасонанд.
Исо мегӯяд, ки шогирдонаш бояд тайёр бошанд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд. Барои қайд кардани ин фикр ӯ мисоле меорад: «Ҳаминро бидонед, ки агар соҳиби хона дар кадом вақт омадани дуздро медонист, вай тамоми шаб бедор истода, намемонд, ки ӯ ба хонааш дарояд. Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, чунки Писари одам дар соате меояд, ки гумон надоред» (Матто 24:43, 44).
Баъд Исо ба шогирдонаш мефаҳмонад, ки барои чӣ онҳо бояд ба оянда бо чашми умед нигаранд. Ӯ онҳоро дилпур мекунад, ки вақте ин пешгӯйиҳо иҷро мешаванд, дар рӯйи замин «ғулом»-е амал мекунад, ки ҳушёру бедор мемонад. Баъд ӯ мисоле меорад, ки ба шогирдонаш шинос аст: «Кист он ғуломи бовариноку боандеша, ки хӯҷаинаш ӯро бар ғуломони дигари худ таъйин кардааст, то ба онҳо сари вақт хӯрок диҳад? Хушбахт аст он ғулом, агар хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ӯ ғуломро бар тамоми молу мулки худ таъйин хоҳад кард». Лекин агар «ғулом» бадкор шаваду рӯҳияи нодуруст инкишоф диҳад, он гоҳ хӯҷаин «ӯро сахт ҷазо медиҳад» (Матто 24:45–51; бо Луқо 12:45, 46 муқоиса кунед).
Лекин, Исо гуфтан намехоҳад, ки ягон гурӯҳи пайравонаш чун ғуломи бадкор рафтор мекунад. Пас, шогирдони ӯ аз ин мисол бояд чӣ гуна дарс гиранд? Исо мехоҳад, ки пайравонаш ҳушёру бедор бошанд ва бисёр меҳнат кунанд. Инро аз мисоли дигаре мефаҳмем.