БОБИ ПОНЗДАҲ
Чӣ тавр бояд Худоро парастем?
1. Аз кӣ фаҳмидан мумкин аст, ки чӣ тавр бояд Худоро парастиш кунем?
ҲАР ЯК дин мегӯяд, ки дар бораи Худо ҳақиқатро таълим медиҳад. Лекин ин рост нест, чунки як дин як гапро мегӯяд, дигараш тамоман чизи дигарро. Пас, аз куҷо фаҳмем, ки чӣ тавр бояд Худоро ибодат кунем? Ба ин савол танҳо Яҳува ҷавоб дода метавонад.
2. Аз куҷо фаҳмидан мумкин аст, ки чӣ тавр бояд Худоро ибодат кунем?
2 Яҳува ба мо Каломи худ — Китоби Муқаддасро додааст. Аз он мо фаҳмида метавонем, ки чӣ хел Ӯро ибодат кунем. Мо бояд Каломашро омӯзем ва аз он фоида гирем. Яҳува моро дӯст медорад, барои ҳамин Ӯ дар фаҳмидани Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мерасонад (Ишаъё 48:17).
3. Худо аз мо чӣ талаб дорад?
3 Баъзе одамон мегӯянд, ки ба Худо ҳама динҳо маъқуланд. Оё ин дуруст аст? Не. Исо гуфта буд: «На ҳар кӣ ба ман “Сарвар, Сарвар” бигӯяд, ба Подшоҳии осмонҳо роҳ хоҳад ёфт, балки танҳо он кас ки хости Падари маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ба он роҳ пайдо хоҳад кард». Барои ҳамин мо бояд фаҳмем, ки хости Худо чист ва баъд онро иҷро кунем. Ин хеле муҳим аст. Касонеро, ки хости Худоро иҷро намекунанд, Исо «бадкорон» номид (Матто 7:21–23, ТҶФ).
4. Исо дар бораи иҷрои хости Худо чӣ гуфт?
4 Исо пешгӯӣ карда буд, ки хости Худоро иҷро кардан осон намешавад. Ӯ гуфт: «Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд; зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад ва ёбандагони он кам ҳастанд» (Матто 7:13, 14). Касоне, ки аз дари танг медароянд, онҳоеанд, ки Худоро дуруст ибодат мекунанд. Чунин одамон оқибат ҳаёти ҷовидониро соҳиб мешаванд. Касоне, ки аз дари кушод медароянд, ҳама касоне ҳастанд, ки Худоро ба таври нодуруст ибодат мекунанд. Оқибати чунин одамон марг аст. Лекин Яҳува намехоҳад, ки ягон кас мурад. Ӯ ба ҳама имконият медиҳад, ки дар борааш дониш гиранд (2 Петрус 3:9).
ХУДОРО ДУРУСТ ИБОДАТ КУНЕД
5. Чӣ тавр пайравони дини ҳақиқиро шиносем?
5 Чӣ тавр пайравони дини ҳақиқиро шиносем? Аз рӯйи корҳояшон ва ба чӣ бовар доштанашон. Исо гуфт: «Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт... Ҳар дарахти нек меваи нек меоварад» (Матто 7:16, 17). Албатта, бандагони ҳақиқии Худо ҳам бе камбудӣ нестанд. Лекин онҳо ҳама вақт кӯшиш мекунанд, ки кори дурустро кунанд. Биёед бинем, ки аз рӯйи чӣ бандагони ҳақиқии Худоро шинохтан мумкин аст.
6, 7. Барои чӣ таълимоти ибодати ҳақиқӣ бар Китоби Муқаддас асос меёбад? Исо ба мо чӣ ибрат гузошт?
6 Ходимони ҳақиқии Худо танҳо ба Китоби Муқаддас бовар доранд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Тамоми Навиштаҳо аз рӯйи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2 Тимотиюс 3:16, 17). Павлуси расул ба масеҳиён навишт: «Чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст» (1 Таслӯникиён 2:13). Ибодати пок танҳо ба Китоби Муқаддас асос меёбад, на бар таълимоти одамон, урфу одатҳо ва ё чизи дигар.
7 Он чизе, ки Исо мегуфт, аз Каломи Худо омӯхта буд. (Юҳанно 17:17-ро хонед.) Ӯ бисёр вақт оятҳои Китоби Муқаддасро аз ёд мегуфт (Матто 4:4, 7, 10). Ходимони ҳақиқии Худо ҳам бояд аз рӯйи Китоби Муқаддас таълим диҳанд.
8. Исо дар бораи ибодат кардани Яҳува чӣ гуфт?
8 Мо бояд танҳо Яҳуваро ибодат кунем. Дар тарҷумаи форсии Забур 83:18 гуфта шудааст: «Ва бидонанд Ту ки исмат Яҳува мебошад, ба танҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Исо мехост, ки одамон Худои ҳақиқиро шиносанд, барои ҳамин ба онҳо номи Ӯро мегуфт. (Юҳанно 17:6-ро хонед.) Исо гуфта буд: «Яҳува Худои худро бояд парастӣ ва танҳо Ӯро бояд хидмат кунӣ» (Матто 4:10, ТҶФ). Мисли ходимони Худо мо ба намунаи Исо пайравӣ мекунем. Мо танҳо Яҳуваро ибодат мекунем, номи Ӯро ба забон меорем, номашро ба дигарон мегӯем ва нақл мекунем, ки Ӯ барои мо дар оянда чӣ кор мекунад.
9, 10. Мо чӣ тавр ба якдигар муҳаббат нишон медиҳем?
9 Мо бояд якдигарро аз таҳти дил дӯст дорем. Исо шогирдонашро таълим медод, ки якдигарро дӯст доранд. (Юҳанно 13:35-ро хонед.) Новобаста аз ҷойи зист, маданият ва бою камбағал буданамон мо якдигарро мисли хоҳару бародар дӯст медорем. Дар байни мо ягонагӣ дида мешавад (Қӯлассиён 3:14). Мо дар ҷангҳо иштирок намекунем ва одам намекушем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад... Мо бояд якдигарро дӯст дорем, на ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт» (1 Юҳанно 3:10–12; 4:20, 21).
10 Мо вақту қувват ва чизу чораи худро барои якдигар дареғ намедорем (Ибриён 10:24, 25). Мо мехоҳем «ба ҳама некӣ кунем» (Ғалотиён 6:10).
11. Барои чӣ мо бовар дорем, ки Исо ягона роҳи халосӣ аст?
11 Мо бояд бовар кунем, ки Исо ягона роҳи халосӣ аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъмол 4:12). Аз боби панҷ мо фаҳмидем, ки Яҳува Исоро ба замин фиристод, то ки ӯ ҳаёташро барои мо қурбон кунад (Матто 20:28). Яҳува Исоро интихоб кард, то ки чун Подшоҳ бар рӯйи замин ҳукмронӣ кунад. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки агар мо беохир зиндагӣ кардан хоҳем, бояд ба суханони Исо гӯш диҳем. (Юҳанно 3:36-ро хонед.)
12. Барои чӣ мо дар корҳои сиёсӣ иштирок намекунем?
12 Исо ба сиёсат кордор намешуд. Вақте яке аз ҳокимон — Пилотус бо ӯ саволу ҷавоб мекард, Исо ба ӯ чунин гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест». (Юҳанно 18:36-ро хонед.) Мо ҳам мисли Исо ба ҳукумати Худо вафодорем, барои ҳамин новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунем, дар корҳои сиёсӣ иштирок намекунем. Лекин Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки ба «ҳокимиятҳои боло», яъне ҳукуматҳои ин ҷаҳон итоат кунем (Румиён 13:1). Мо ба қонунҳои он мамлакате, ки дар он зиндагӣ мекунем, итоат мекунем. Албатта, вақте ягон қонун бо қонуни Худо зид барояд, мо мисли шогирдони аввали Исо рафтор мекунем. Онҳо гуфта буданд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:29; Марқӯс 12:17).
13. Мо дар бораи Подшоҳии Худо чиро нақл мекунем?
13 Мо бовар дорем, ки танҳо Подшоҳии Худо ҳама душвориҳои одамонро ҳал мекунад. Исо гуфт, ки хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. (Матто 24:14-ро хонед.) Ягон ҳукумат корҳоеро, ки Подшоҳии Худо барои мо дар оянда мекунад, карда наметавонад (Забур 145:3). Исо гуфта буд, ки мо бояд дар бораи Подшоҳии Худо ин хел дуо гӯем: «Бигзор подшоҳии Ту барқарор гардад ва хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад» (Матто 6:10, Хушхабар). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Подшоҳии Худо ҳама ҳукуматҳоро нест карда, «худаш то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:44).
14. Ба фикри шумо кӣ имрӯз Худоро дуруст ибодат мекунад?
14 Акнун ки шумо ин чизҳоро фаҳмидед, аз худ бипурсед: «Кӣ имрӯз аз рӯйи Китоби Муқаддас таълим медиҳад? Кӣ ба дигарон дар бораи номи Худо нақл мекунад? Кӣ ба якдигар муҳаббати ҳақиқӣ дорад? Кӣ бовар дорад, ки Худо Исоро барои наҷоти мо фиристодааст? Кӣ дар корҳои сиёсӣ иштирок намекунад? Кӣ таълим медиҳад, ки танҳо Подшоҳии Худо ҳама душвориҳоро ҳал мекунад?» Танҳо Шоҳидони Яҳува (Ишаъё 43:10–12).
ШУМО ЧӢ КОР КАРДАНИЕД?
15. Агар хоҳем, ки Худо ибодати моро қабул кунад, мо бояд чӣ кор кунем?
15 Фақат бовар доштан ба он ки Худо ҳаст, бас нест. Ҳатто девҳо бовар доранд, ки Худо ҳаст, лекин ба гапи Ӯ гӯш намедиҳанд (Яъқуб 2:19). Мо бояд на фақат дар гап, балки дар рафтор ҳам имони худро нишон диҳем.
16. Барои чӣ мо бояд аз дини дурӯғ дур бошем?
16 Барои он ки Худо аз ибодати мо розӣ бошад, мо бояд аз дини дурӯғ дур бошем. Пайғамбар Ишаъё дар бораи дини дурӯғ навишта буд: «Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед» (Ишаъё 52:11; 2 Қӯринтиён 6:17). Барои ҳамин мо бояд аз ҳама чизе, ки бо дини дурӯғ алоқаманд аст, дур бошем.
17, 18. «Бобили бузург» чист ва барои чӣ мо бояд тезтар аз он бароем?
17 Кадом дин дини дурӯғ аст? Дине, ки гуфтаҳои он бар зидди Китоби Муқаддас аст. Дар Каломи Худо ҳама динҳои дурӯғ «Бобили бузург» номида шудаанд (Ваҳй 17:5). Барои чӣ? Чунки баъд аз Тӯфон дар шаҳри Бобил бисёр таълимоти дурӯғ пайдо шуд. Баъд онҳо ба тамоми дунё паҳн шуданд. Масалан, мардуми Бобил сегона, яъне се худоро парастиш мекарданд. Имрӯз ҳам динҳои бисёр таълим медиҳанд, ки се худо вуҷуд дорад. Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо яккаву ягона аст ва номи Ӯ — Яҳува мебошад, Исои Масеҳ бошад, Писари Ӯст (Юҳанно 17:3). Ҳамчунин одамон дар Бобили қадим фикр мекарданд, ки баъди марги одам рӯҳаш аз вай мебарояд. Онҳо бовар доштанд, ки рӯҳи одами бад дар дӯзах азоб мекашад. Ин, албатта, дурӯғ аст. (Нигаред ба Мавзӯъҳои 13, 16 ва 17.)
18 Худо пешгӯӣ кардааст, ки ба қарибӣ ҳама динҳои дурӯғ нест мешаванд (Ваҳй 18:8). Оё шумо мефаҳмед, ки барои чӣ худи ҳозир аз дини дурӯғ баромадан хеле муҳим аст? Яҳува мехоҳад, ки шумо тезтар ин корро кунед. Вақт ғанимат аст (Ваҳй 18:4).
19. Агар шумо хизмати Яҳуваро сар кунед, Ӯ чӣ хел шуморо дастгирӣ мекунад?
19 Вақте шумо аз дини дурӯғ мебароеду хизмати Яҳуваро сар мекунед, шояд, бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед. Мумкин, ёру дӯстонатон аз кори шумо норозӣ шаванд, зидди шумо бароянд ё бо шумо қаҳрӣ шаванд. Аммо дар хотир доред, ки Яҳува ҳама вақт бо шумост. Шумо қисми оилаи хеле калон шудед, оилаи умумиҷаҳонӣ. Аъзоёни ин оила якдигарро аз таҳти дил дӯст медоранд. Ҳамчунин шумо ба ҳаёти беохир умед доред (Марқӯс 10:28–30). Кӣ медонад, мумкин, ягон рӯз баъзе наздиконатон аз кори худ пушаймон шаванд ва хондани Китоби Муқаддасро сар кунанд.
20. Барои чӣ Худоро ба таври дуруст ибодат кардан муҳим аст?
20 Худо ҳама бадиро нест мекунад ва Подшоҳии Ӯ бар тамоми замин ҳукмрон мешавад. Он замон хеле наздик аст (2 Петрус 3:9, 13). Он вақт олам гулистон мешавад, чунки ҳама одамон Яҳуваро ибодат мекунанд ва хости Ӯро иҷро мекунанд. Мо бояд ҳар чӣ тезтар амал кунем ва худи ҳозир роҳи ростро пеш гирем.