ДАРСИ 3
Оё Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст?
Дар Китоби Муқаддас маслиҳату ваъдаҳои Худо оварда шудаанд. Шояд, шумо бо таълимоти ин китоб шинос шудан хоҳед, лекин шубҳа доред, ки он сазовори боварӣ аст. Оё маслиҳату ваъдаҳои ин китоби қадима лоиқи боварианд? Оё панду насиҳатҳои он имрӯз ягон фоида меоранд? Миллионҳо одамон ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас бовар карданд. Шумо низ бовар ҳосил карда метавонед.
1. Оё воқеаҳое, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, ҳақиқатанд?
Дар худи Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар он «суханони аниқи ростӣ» навишта шудаанд (Пандгӯ 12:10). Рӯйдодҳо ва қаҳрамонҳои Китоби Муқаддас воқеиянд. (Луқо 1:3; 3:1, 2-ро хонед.) Бисёр таърихдонону бостоншиносон тасдиқ мекунанд, ки санаҳои муҳим, одамон, ҷою макон ва рӯйдодҳое, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудаанд, аниқанд.
2. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Китоби Муқаддас куҳна нашудааст?
Аниқ будани маълумоти Китоби Муқаддас бо гузашти солҳо бештар аён мегардад. Масалан, ин китоб далелҳои илмиро дар бар мегирад, ки дар замонҳои пеш ба аксарашон одамон бовар надоштанд. Лекин имрӯз олимон тасдиқ мекунанд, ки Китоби Муқаддас аз ҷиҳати илм дақиқ аст. Ин китоб «доимо, то абад,» боваринок мемонад (Забур 111:8).
3. Чаро мо ба пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас бовар дошта метавонем?
Китоби Муқаддас «чизеро, ки ҳанӯз рӯй надодааст», пешгӯйӣ мекунадa (Ишаъё 46:10). Дар он бисёр рӯйдодҳои таърихӣ аниқ пешгӯйӣ шудаанд. Инчунин дар ин китоб дар бораи вазъияти имрӯзаи ҷаҳон батафсил нақл карда шудааст. Дар ин дарс мо баъзе пешгӯйиҳои Каломи Худоро дида мебароем. Як ба як иҷро шудани ин пешгӯйиҳо касро ба ҳайрат меорад!
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр гуфтаҳои Китоби Муқаддас ба илми ҳозира рост меояд. Баъзе пешгӯйиҳои ҳайратангезро дида бароед.
4. Илм гуфтаҳои Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунад
Дар замонҳои қадим бисёр одамон бовар доштанд, ки замин ба болои чизе гузошта шудааст. ВИДЕОРО тамошо кунед.
Аҳамият диҳед, ки дар китоби пайғамбар Айюб тақрибан 3500 сол пеш чӣ гуфта шуда буд. Айюб 26:7-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро суханони «заминро бар ҳеҷ чиз овехтааст» ҷолиби диққат мебошад?
Ҳоло маълум аст, ки аз таъсири нури офтоб оби уқёнусҳо бухор шуда, абр мешавад. Дар натиҷа борон борида, об боз ба уқёнусҳо бармегардад. Ҳарчанд одамон дар бораи гардиши об то солҳои 1800-ум фаҳмиши дуруст надоштанд, аҳамият диҳед, ки Китоби Муқаддас ҳазорҳо сол пеш дар ин бора чӣ гуфта буд. Айюб 36:27, 28-ро хонед ва саволҳои зеринро дида бароед:
Чаро гуфтаҳои ин оят дар бораи гардиши об сазовори диққат аст?
Оё ин оятҳо боварии шуморо ба Китоби Муқаддас зиёд мегардонанд?
5. Дар Китоби Муқаддас рӯйдодҳои муҳим пешгӯйӣ шудаанд
Ишаъё 44:27–45:2-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Китоби Муқаддас 200 сол пеш аз забт шудани Бобил чиро пешгӯйӣ карда буд?
Таърих исбот мекунад, ки шоҳи форс, Куруш, бо лашкари худ соли 539-и то милод Бобилро забт кард. Ҷанговарони ӯ оби дарёро, ки шаҳрро муҳофизат мекард, ба дигар тараф равона карданд. Азбаски дарвозаҳо кушода буданд, онҳо бе ҷанг шаҳрро забт намуданд. Аз он рӯз беш аз 2500 сол гузашта бошад ҳам, Бобил то ҳол харобазор аст. Аҳамият диҳед, ки дар Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ пешгӯйӣ шуда буд.
Ишаъё 13:19, 20-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр ин пешгӯйӣ иҷро шуд?
6. Китоби Муқаддас воқеаҳои имрӯзаро пешгӯйӣ кардааст
Мувофиқи Китоби Муқаддас мо дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем (2 Тимотиюс 3:1). Аҳамият диҳед, ки он дар бораи замони мо чиро пешгӯйӣ кардааст:
Матто 24:6, 7-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Мувофиқи Китоби Муқаддас дар рӯзҳои охир кадом воқеаҳо рӯй медиҳанд?
2 Тимотиюс 3:1–5-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:
Китоби Муқаддас дар бораи одобу ахлоқи одамон дар рӯзҳои охир чӣ мегӯяд?
Шумо дар одамон кадоме аз ин хислатҳоро мебинед?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Китоби Муқаддас китоби афсонаву ривоят аст».
Ба фикри шумо, кадом далел бештар исбот мекунад, ки Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Таърих, илм ва иҷро шудани пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки Китоби Муқаддас боваринок аст.
Такрор
Оё воқеаҳои Китоби Муқаддас ҳақиқатанд?
Аз кадом ҷиҳат Китоби Муқаддас бо илм мувофиқ аст?
Оё бовар доред, ки Китоби Муқаддас ояндаро пешгӯйӣ кардааст? Чаро шумо ин тавр фикр мекунед?
ДИДА БАРОЕД
Оё маълумоти илмие, ки дар Китоби Муқаддас омадааст, дуруст аст?
«Оё гуфтаҳои Китоби Муқаддас ба илм рост меояд?» (Мақола аз сомона)
Дар Китоби Муқаддас дар бораи «рӯзҳои охир» чӣ пешгӯйӣ шудааст?
«Шаш пешгӯйии Китоби Муқаддас, ки имрӯз иҷро мегарданд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 майи с. 2011)
Фаҳмед, ки чӣ тавр пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас дар бораи давлати абарқудрати Юнон иҷро шуданд.
Фаҳмед, ки чӣ тавр ҷавоне пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро хонда, ба он имон пайдо кард.
«Ман ба вуҷуд доштани Худо бовар намекардам» («Бурҷи дидбонӣ» № 5 с. 2017)
a Пешгӯйӣ ин хабари Худо дар бораи оянда мебошад.