Ҷамъомадро обод кунед
«Ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед» (1 ТАС. 5:11).
1. Аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ аз чӣ гуна баракатҳо баҳраваранд ва ҳамзамон онҳо аз чӣ гуна мушкилиҳо эмин нестанд?
АЪЗОИ ҷамъомади масеҳӣ будан дар ҳақиқат баракати бузургест. Шумо бо Яҳува муносибатҳои хуб доред. Зиндагӣ мувофиқи Каломи Худо шуморо аз оқибатҳои бади тарзи ҳаёти ба Худо номақбул муҳофизат мекунад. Шуморо дӯстони самимию некхоҳ иҳота мекунанд. Бале, баракатҳо дар ҳақиқат зиёданд. Бо вуҷуди ин, аксари масеҳиён бо ин ё он мушкилиҳо мубориза мебаранд. Баъзеи онҳо ба хубтар фаҳмидани Каломи Худо ниёз доранд. Дигарон бемор ё афсурдарӯҳанд ва ё аз оқибатҳои қарорҳои беақлонаашон азоб мекашанд. Ва ҳамаи мо дар ин ҷаҳони аз Худо бегона зиндагӣ мекунем.
2. Вақте ки бародаронамон бо мушкилиҳо дучор мешаванд, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем ва чаро?
2 Ба ҳеҷ кадоми мо дидани он ки касе аз ҳамимононамон азоб мекашад ё бо мушкилие мубориза мебарад, маъқул нест. Павлуси расул ҷамъомадро ба бадани инсон ташбеҳ дода, гуфт, ки «агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд» (1 Қӯр. 12:12, 26). Дар чунин мавридҳо мо бояд бикӯшем, то бародарону хоҳаронро дастгирӣ кунем. Дар Навиштаҳо мисолҳое ҳастанд, ки аъзоёни ҷамъомад дар мушкилиҳо ба якдигар кӯмак менамуданд. Ҳангоми муҳокимаи ин мисолҳо фикр кунед, ки чӣ тавр шумо ба дигарон ҳамин хел кӯмак карда метавонед. Чӣ тавр шумо метавонед бародарону хоҳаронро аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ кунед ва бо ин ҷамъомади Яҳуваро обод намоед?
Онҳо «ӯро назди худ оварданд»
3, 4. Акило ва Прискила чӣ тавр ба Апӯллӯс кӯмак намуданд?
3 Ҳангоми дар Эфсӯс зиндагӣ карданаш Апӯллӯс аллакай воизи бо ҷидду ҷаҳд буд. Дар Аъмол гуфта мешавад: «[Ӯ] бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳё огоҳӣ дошт». Он ки Апӯллӯс бо таъмид «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» шинос набуд, маънои онро дошт, ки ба ӯ эҳтимол то соли 33−юми эраи мо шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ё пайравони Исо мавъиза карда буданд. Ҳарчанд Апӯллӯс бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекард, ӯ баъзе чизҳои муҳимро намедонист. Чӣ тавр муошират бо ҳамимонон ба ӯ кӯмак кард? (Аъм. 1:4, 5; 18:25; Мат. 28:19).
4 Вақте ки ҳамсарони масеҳӣ Акило ва Прискила дар куништ далерона мавъиза кардани Апӯллӯсро шуниданд, онҳо ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба вай тариқи Худовандро хубтар фаҳмонданд ва бо ин ба ӯ муҳаббат зоҳир намуданд. (Аъмол 18:24–26-ро бихонед.) Албатта Акило ва Прискила бо Апӯллӯс ҳалимона сӯҳбат карданд, то ин ки вай фикр накунад, ки онҳо ӯро танқид мекунанд. Камбудии ӯ фақат дар он буд, ки вай таърихи масеҳиёни аввалинро намедонист. Ва бешубҳа Апӯллӯс ба дӯстони наваш миннатдор буд, ки онҳо ба вай ин чизҳои муҳимро фаҳмонданд. Апӯллӯс дониши гирифтаашро ба кор бурда, ба бародарони Охоия «ёрдами бисёр» расонд ва шаҳодати бузург дод (Аъм. 18:27, 28).
5. Ҳазорҳо воизони Салтанат аз расонидани чӣ гуна кӯмак хурсанданд ва ин кори онҳо чӣ натиҷае меорад?
5 Имрӯз масеҳиёни зиёд ба касоне, ки ба онҳо дар фаҳмидани Китоби Муқаддас кӯмак намуданд, хеле миннатдоранд. Бисёре аз онҳо дӯстони наздик шуданд. Дар аксар ҳолатҳо барои он ки шахс ҳақиқатро аз худ кунад, бо ӯ тӯли чанд моҳ мунтазам омӯзиш гузарондан лозим аст. Лекин воизони Салтанат ба чунин фидокорӣ тайёранд, зеро мефаҳманд, ки аз ин ҳаёти одамон вобаста аст (Юҳ. 17:3). Ва чӣ хурсандиест, дидани он ки касе ҳақиқатро қабул менамояд, мувофиқи он зиндагӣ мекунад ва ҳаёташро барои иҷро намудани иродаи Яҳува сарф мекунад!
«Ӯро таъриф мекарданд»
6, 7. а) Чаро Павлус Тимотиюсро ёрдамчии худ интихоб кард? б) Ба туфайли кӯмаки Павлус Тимотиюс чӣ гуна муваффақиятҳо ба даст овард?
6 Вақте ки Павлуси расул ва Сило дар давоми сафари дуюми миссионерӣ ба Лустра омаданд, онҳо ҷавонеро бо номи Тимотиюс, ки тақрибан 20–сола буд, вохӯрданд. «Бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд». Модари Тимотиюс Авниқо ва модаркалонаш Лӯид масеҳӣ буданд, вале падари ӯ беимон буд (2 Тим. 1:5). Павлус эҳтимол бо ин оила чанд сол пеш, ҳангоми бори аввал ба ин ҷо омаданаш, шинос шуда буд. Аммо ҳоло расул ба Тимотиюс таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуд, зеро ӯ ҷавони ғайриоддӣ буд. Бо розигии шӯрои маҳаллии пирон Тимтиюс дар фаъолияти миссионерӣ ёрдамчии Павлус гашт. (Аъмол 16:1–3-ро бихонед.)
7 Тимотиюс аз рафиқи калонсолаш бояд бисёр чизҳоро меомӯхт. Бо гузашти вақт вай чунон баркамол шуд, ки Павлус ӯро бо дили пур ба ҷамъомадҳои дигар чун намояндаи худ фиристода метавонист. Дар натиҷаи тақрибан 15 соли бо Павлус ҳамкорӣ карданаш, Тимотиюс, ки замоне ҷавони камтаҷриба ва шояд шармгин буд, як нозири хуби масеҳӣ гашт (Фил. 2:19–22; 1 Тим. 1:3).
8, 9. Аъзоёни ҷамъомад чӣ кор карда метавонанд, то ҷавононро рӯҳбаланд созанд? Мисоле оред.
8 Имрӯз бисёр ҷавондухтарону ҷавонписарони ҷамъомади масеҳӣ барои васеъ кардани доираи хидматашон имкониятҳои зиёд доранд. Бо ғамхориву дастгирии дӯстоне, ки дар хидмат ба Худо намунаанд, ин ҷавонон метавонанд байни халқи Яҳува барои иҷро кардани масъулиятҳои бештар бикӯшанд. Ба ҷамъомади худ як назар кунед. Оё шумо дар он бародарону хоҳаронеро, ки мисли Тимотиюс метавонанд худро барои хидмат пешкаш кунанд, мебинед? Бо кӯмаку дастгирии шумо онҳо шояд чун пешравон, ходимони Байт–Ил, миссионерон ё нозирони сайёр хидмат карданро сар кунанд. Чӣ тавр шумо кӯмак карда метавонед, ки онҳо ба чунин мақсадҳо кӯшиш намоянд?
9 Мартин, ки 20 сол боз аъзои оилаи Байт–Ил аст, бо миннатдорӣ таваҷҷӯҳеро, ки нозири ноҳиявӣ 30 сол пеш ҳангоми ҳамкорӣ дар хидмати мавъиза зоҳир карда буд, ба хотир меорад. Нозир бо шавқу завқ нақл кард, ки чӣ тавр ӯ дар ҷавониаш дар Байт–Ил хидмат карда буд. Ӯ Мартинро ташвиқ намуд, ки дар бораи ин намуди хидмат фикр кунад. Ба фикри Мартин он сӯҳбати фаромӯшнашаванда дар интихоби минбаъдаи ӯ нақши муҳим бозид. Кӣ медонад, ки сӯҳбатҳои шумо дар бораи мақсадҳои рӯҳонӣ ба дӯстони ҷавонатон чӣ гуна таъсир карда метавонанд.
«Афсурдадилонро тасаллӣ диҳед»
10. Эпафрӯдитус чӣ эҳсос мекард ва чаро?
10 Эпафрӯдитус роҳи дуру дароз ва пурмашаққатро тай намуда, аз Филиппӣ ба Рум рафт, то Павлуси расулро, ки барои имон ҳабс шуда буд, хабар гирад. Ӯро масеҳиёни филиппӣ фиристода буданд. Вай ба Павлус на танҳо тӯҳфаи онҳоро дод, балки ҳамчунин мехост муддате бо расул бимонад, то дар ин вазъияти душвор ҳар кори аз дасташ меомадаро карда, ба ӯ кӯмак расонад. Аммо дар Рум Эпафрӯдитус бемор шуд ва ба мурдан қариб наздик буд. Фикри он ки вай аз ӯҳдаи вазифаи супоридашуда набаромад, ӯро сахт рӯҳафтода менамуд (Фил. 2:25–27).
11. а) Чаро мо набояд ҳайрон шавем, агар баъзе аъзоёни ҷамъомад афсурдарӯҳ гарданд? б) Павлус дар мавриди Эпафрӯдитус ба филиппиён чӣ маслиҳате дод?
11 Имрӯз одамон аз бисёр сабабҳо сахт рӯҳафтода ё афсурдарӯҳанд (яъне ба бемории депрессия гирифторанд). Мувофиқи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ ҳар панҷум сокини замин дар ин ё он давраи ҳаёташ афсурдарӯҳиро аз сар гузаронидааст. Халқи Яҳува низ аз ин эмин нест. Мушкилиҳои бо таъмини оила алоқаманд, беморӣ, ҳар гуна нобарориҳо ё чизҳои дигар шахсро рӯҳафтода карда метавонанд. Чӣ тавр филиппиён ба Эпафрӯдитус кӯмак карда метавонистанд? Павлус навишт: «Ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед, зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад» (Фил. 2:29, 30).
12. Ба рӯҳафтодагон чӣ тасаллӣ бахшида метавонад?
12 Мо ҳам бояд ҳамимонони рӯҳафтодаву афсурдадилро рӯҳбаланд кунем. Бешубҳа мо дар бораи хидмате, ки онҳо ба Яҳува мекунанд, бисёр чизҳои нек гуфта метавонем. Эҳтимол ин бародарону хоҳарон барои масеҳӣ ё ходими пурравақт шудан ба ҳаёташон дигаргуниҳои калон дароварданд. Мо ин кӯшишҳои онҳоро баланд қадр мекунем ва онҳоро эътимод бахшида метавонем, ки Яҳува низ ҳамин тавр муносибат менамояд. Агар аз пиронсолӣ ё беморӣ баъзе масеҳиёни содиқ дигар ҳамаи корҳоеро, ки пеш мекарданд, карда натавонанд ҳам, онҳо барои солҳои дар хидмат гузаронидаашон то ба ҳол сазовори ҳурмату эҳтироми мо мебошанд. Сабаби рӯҳафтодагӣ чизе ки набошад, Яҳува ҳамаи ходимони содиқашро даъват мекунад: «Беҷуръатонро [«афсурдадилонро», ТДН] тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед» (1 Тас. 5:14).
«Афв намоед ва тасалло диҳед»
13, 14. а) Чӣ чораҳои ҷиддӣ дар ҷамъомади қӯринтӣ дида шуданд ва чаро? б) Аз ҷамъомад хориҷ карда шудани шахси гуноҳкарда чӣ натиҷаҳо овард?
13 Дар асри як, марде аз ҷамъомади шаҳри Қӯринт бо зино машғул мешуд ва аз ин тавба намекард. Ин рафтори ӯ ба покии ҷамъомад таҳдид мекард ва он ҳатто барои беимонон мудҳиш буд. Аз ин рӯ, Павлус барҳақ дастур дод, ки ин мардро аз ҷамъомад хориҷ кунанд (1 Қӯр. 5:1, 7, 11–13).
14 Ин чора натиҷаҳои хуб овард. Ҷамъомад аз таъсироти фасодкунанда эмин буд, шахси гуноҳкарда бошад, ба худ омада, самимона тавба кард. Азбаски он мард корҳои ба тавба хосро мекард, Павлус дар номаи дуюмаш ба қӯринтиён дастур дод, ки ӯро аз нав дар ҷамъомад барқарор кунанд. Аммо ин кофӣ набуд. Павлус ҳамчунин ба ҷамъомад маслиҳат дод: «Ӯро [гунаҳкори тавбакардаро] афв намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад». (2 Қӯринтиён 2:5–8-ро бихонед.)
15. Ба гунаҳкорони тавбакарда, ки дар ҷамъомад аз нав барқарор карда шудаанд, бояд чӣ гуна муносибат кунем?
15 Аз ин воқеа мо чӣ меомӯзем? Вақте ки касе аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад, мо ғамгин мегардем. Ин шахс шояд ба номи Худо ва обрӯи ҷамъомад доғ овардааст ва ё шояд ҳатто бар зидди худи шумо гуноҳ кардааст. Бо вуҷуди ин, вақте ки пирони барои дида баромадани ин масъала таъиншуда аз рӯи ҳидояти Яҳува амал намуда, қарор мекунанд, гунаҳкори тавбакардаро дар ҷамъомад аз нав барқарор кунанд, ин нишон медиҳад, ки Яҳува ӯро бахшидааст (Мат. 18:17–20). Пас мо ҳам набояд мисли Ӯ рафтор кунем? Вақте ки шахс рӯҳияи якравӣ зоҳир мекунаду бахшидан намехоҳад, ин рафтори ӯ ба муқобилат кардан ба Яҳува баробар аст. Барои мусоидат кардан ба сулҳ ва ягонагӣ дар ҷамъомад ва доштани илтифоти Яҳува мо бояд ба гунаҳкоре, ки дар ҳақиқат тавба кардаасту аз нав барқарор карда шудааст, «муҳаббати худро зоҳир» намоем (Мат. 6:14, 15; Луқ. 15:7).
«Ба ман барои хизматам муфид аст»
16. Чаро Павлус аз Марқӯс дилхунук шуд?
16 Мисоли дигари Навиштаҳо нишон медиҳад, ки мо набояд нисбати касе, ки диламон аз ӯ мондааст, дар дил кина дошта бошем. Масалан, Павлус аз Юҳаннои Марқӯс сахт дилхунук шуд. Аз кадом сабаб? Вақте ки Павлусу Барнаббо ба сафари якуми миссионерӣ баромаданд, Марқӯс ҳамроҳашон рафт, то ба онҳо кӯмак кунад. Лекин чанде пас бо сабаби номаълуме Юҳаннои Марқӯс ҳамсафаронашро тарк намуда, ба хона баргашт. Павлус аз ин қарори ӯ сахт дилхунук шуд. Вақте ки Павлусу Барнаббо ба сафари дуюми миссионерӣ тайёрӣ медиданд, гапашон гурехт, зеро Барнаббо мехост, ки Марқӯсро ҳамроҳашон гирад, Павлус бошад, бо назардошти он ки Марқӯс дафъаи пешин онҳоро тарк карда буд, инро намехост. (Аъмол 13:1–5, 13; 15:37, 38-ро бихонед.)
17, 18. Аз куҷо мо медонем, ки хархашаи байни Павлусу Марқӯс баамаломада бартараф карда шуд ва мо аз ин чӣ омӯхта метавонем?
17 Марқӯс аз он ки Павлус ӯро рад кард, сахт рӯҳафтода нашуд. Ӯ ҳамроҳи Барнаббо фаъолияти миссионериашро дар ҷои дигар давом дод (Аъм. 15:39). Бо ин роҳ Марқӯс нишон дод, ки ӯ шахси вафодор ва сазовори боварӣ аст. Ва инро суханоне, ки Павлус дар бораи ӯ чанд сол баъдтар навишт, исбот мекунанд. Павлус ҳангоми дар маҳбаси Рум буданаш ба Тимотиюс мактуб навишта, аз ӯ хоҳиш кард, ки наздаш ояд. Дар он мактуб Павлус ҳамчунин навишт: «Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст» (2 Тим. 4:11). Чӣ хеле ки мебинем, муносибати Павлус ба Марқӯс дигар шуд.
18 Аз ин мисол мо дарс омӯхта метавонем. Марқӯс дар худ хусусиятҳои ба миссионерони хуб хосро инкишоф дод. Он ки Павлус ӯро рад кард, барояш монеа нашуд. Ӯ ва Павлус шахсони рӯҳан баркамол буданд ва нагузоштанд, ки хархашаи байни онҳо баамаломада ба душмании бардавом табдил ёбад. Баръакс, Павлус дертар Марқӯсро чун ёрдамчии хуб эътироф намуд. Пас, вақте ки мушкилиҳои байни бародарон пайдошуда ҳал мешаванд ё аз байн мераванд, ин бародарон бояд воқеаи рӯйдодаро фаромӯш кунанд ва минбаъд низ ба дигарон дар рушди рӯҳонӣ кӯмак намоянд. Дар дигарон дидани хусусиятҳои нек ҷамъомадро обод мекунад.
Ҷамъомад ва шумо
19. Ҳама аъзоёни ҷамъомад ба якдигар чӣ гуна кӯмакро пешкаш карда метавонанд?
19 Дар ин «рӯзҳои сахт»–и охирзамон шумо ба кӯмаки бародарону хоҳарони ҷамъомад ниёз доред, онҳо бошанд,— ба кӯмаки шумо (2 Тим. 3:1). Баъзан масеҳие, ки бо ин ё он мушкилӣ дучор мешавад, намедонад, ки барои ҳалли он чӣ гуна рафтор кунад, вале инро Яҳува медонад. Ва Ӯ метавонад ҳар аъзои ҷамъомад — аз он ҷумла шуморо — истифода барад, то ба дигарон барои дуруст рафтор кардан кӯмак кунад (Иш. 30:20, 21; 32:1, 2). Аз ин рӯ, минбаъд низ мувофиқи даъвати зерини Павлуси расул амал намоед: «Ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед» (1 Тас. 5:11).
Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?
• Чаро ба аъзоёни ҷамъомад якдигарро обод кардан лозим аст?
• Дар мубориза бо кадом мушкилиҳо шумо ба дигарон кӯмак карда метавонед?
• Чаро мо ба кӯмаки дигар аъзоёни ҷамъомад ниёз дорем?