Ҳангоми ба поён расидани ин дунё ба Яҳува таваккал кунед
«Ба Худованд то абад таваккал кунед» (ИШ. 26:4).
1. Фарқияти байни хизматгорони Худо ва одамони ин ҷаҳон дар чист?
ҲОЛО мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки миллионҳо одамон намедонанд, ки дигар ба кӣ ё ба чӣ таваккал кунанд. Шояд сабаб дар он аст, ки онҳо маротибаҳои зиёд бо ноумедӣ ё дарду азоб дучор шудаанд. Дар ҳақиқат байни хизматгорони Яҳува ва одамони ин ҷаҳон фарқияти калоне вуҷуд дорад! Ба воситаи хиради Худо, онҳо хеле хуб медонанд, ки набояд ба ин ҷаҳон ё ба «мирон» таваккал кунанд (Заб. 145:3). Ва азбаски онҳо медонанд, ки Яҳува дӯсташон медорад ва ҳамеша суханонашро иҷро мекунад, онҳо ҳаёт ва ояндаи худро ба дасти Ӯ месупоранд (Рум. 3:4; 8:38, 39).
2. Чӣ тавр Еҳушаъ тасдиқ кард, ки Худо сазовори боварӣ аст?
2 Еҳушаъ ибни Нун тасдиқ кард, ки Худо сазовори боварӣ аст. Дар охири ҳаёташ вай ба исроилиён чунин гуфт: «Шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст» (Еҳ. 23:14).
3. Номи Худо дар бораи Ӯ чиро мекушояд?
3 Яҳува ваъдаҳояшро на танҳо баҳри муҳаббат нисбати хизматгоронаш, вале асосан ба хотири номи худ иҷро мекунад (1 Подш. 12:22). Дар сарсухани Китоби Муқаддаси «The Emphasized Bible», тарҷумаи Ҷ. Б. Ротергам фаҳмонда мешавад, ки маънои номи Худо ин аст, ки Ӯ барои иҷрои ваъдаҳояш метавонад ҳамоне шавад, ки шуданашро мехоҳад. Вақте ки мо номи Худоро мешунавем ба хотирамон меояд, ки Ӯ ҳамеша суханонашро иҷро мекунад. Худо ҳар он чизеро, ки мехоҳад дар вақт ва ҷойи барояш мувофиқ ба ҷо меорад. Иҷрои ягон кор ба Ӯ душвор нест. Худо ҳамеша мувофиқи маънои номи худ амал мекунад.
4. а) Дар Ишаъё 26:4 ба мо чӣ насиҳате дода шудааст? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Аз худ бипурсед: «Оё ман барои ба Яҳува пурра таваккал кардан, Ӯро хуб мешиносам? Оё ман ба оянда бо боварӣ нигариста, медонам, ки ҳама чиз зери назорати Яҳува аст?». Дар Ишаъё 26:4 гуфта мешавад: «Ба Худованд то абад таваккал кунед, зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист». Албатта, Худо имрӯз ба таври мӯъҷиза ба ҳаёти одамон дахолат намекунад, тавре ки дар замони қадим баъзан мӯъҷиза мекард. Ба ҳар ҳол, мо ба Ӯ чун ба «сахраи [кӯҳпораи] ҷовидонӣ» метавонем «то абад» таваккал кунем. Чӣ тавр Худои мо, ки сазовори боварӣ аст, имрӯз ба ибодаткунандагони содиқи худ ёрӣ мерасонад? Биёед се мавридро дида бароем: Чӣ тавр Ӯ ба мо ҳангоми муқобилат кардан ба васвасаҳо кӯмак мерасонад? Чӣ тавр ҳангоми бепарвоиву муқобилат кардани одамон Ӯ моро дастгирӣ мекунад? Чӣ тавр ҳангоми ташвишҳо моро қувват мебахшад? Ҳангоми муҳокима кардани ин се маврид, албатта мулоҳиза кунед, ки чӣ тавр шумо ба Яҳува бештар таваккал карда метавонед.
Ҳангоми бо васваса дучор шудан ба Яҳува таваккал кунед
5. Дар кадом маврид ба Худо таваккал карданамон ба озмоиши сахт дучор шуда метавонад?
5 Вақте ки сухан дар бораи Биҳишт ва эҳёшавӣ меравад, ба Яҳува таваккал кардан осон аст, чунки мехоҳем, ки ин пешгӯиҳо иҷро шаванд. Лекин агар сухан дар бораи иҷрои меъёрҳои ахлоқии Ӯ равад–чӣ? Оё мо боварии комил дорем, ки ба роҳҳову меъёрҳои Яҳува итоат кардан дуруст аст ва онҳо хушбахтии бузургтарин меоранд? Шоҳ Сулаймон чунин насиҳат дода буд: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Мас. 3:5, 6). Ба калимаи «тариқҳо» ва «роҳҳо» диққат диҳед. Бале, ба Худо таваккал кардани мо бояд на танҳо дар мавриди интизор шудани баракатҳои оянда, балки дар ҳамаи тариқҳои ҳаётамон дида шавад. Чӣ тавр мо ҳангоми пайдо шудани васвасаҳо нишон дода метавонем, ки ба Яҳува таваккал мекунем?
6. Чӣ тавр мо хоҳиши рад кардани фикрҳои бадро инкишоф дода метавонем?
6 Дурӣ ҷустан аз бадӣ аввал аз фикрронӣ сар мешавад. (Румиён 8:5 ва Эфсӯсиён 2:3–ро бихонед.) Пас чӣ тавр шумо хоҳиши рад кардани фикрҳои бадро дар худ инкишоф дода метавонед? Биёед панҷ роҳро дида мебарем: 1) Дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед (Мат. 6:9, 13). 2) Бар намунаҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронед, масалан, оиди шахсоне, ки Яҳуваро гӯш мекарданд ва онҳое, ки гӯш намекарданд. Сипас диққат диҳед, ки натиҷаи рафтори онҳо ба чӣ оварда расонд (1 Қӯр. 10:8–11)a. 3) Дар бораи зарари фикриву эҳсосие, ки гуноҳ ба худи шумо ва ба наздиконатон оварда метавонад, мулоҳиза ронед. 4) Вақте ки ягон хизматгори Худо гуноҳи ҷиддӣ мекунад, дар бораи ҳиссиёти Худо андеша кунед. (Забур 77:40, 41–ро бихонед.) 5) Тасаввур кунед, ки чӣ хурсандие дили Яҳуваро фаро мегирад, вақте мебинад, ки хизматгори содиқаш ҳам дар назди одамон ва ҳам дар танҳоӣ бадиро рад менамояд ва рафтори дуруст мекунад (Заб. 14:1, 2; Мас. 27:11). Шумо низ метавонед бо рафтори дурусти худ нишон диҳед, ки ба Яҳува таваккал мекунед.
Ҳангоми бепарвоӣ ва муқобилат ба Худо таваккал кунед
7. Ирмиё бо чӣ гуна озмоишҳо рӯ ба рӯ шуд ва баъзан ӯ худро чӣ гуна ҳис мекард?
7 Бисёри бародарону хоҳарони мо дар минтақаҳое хизмат мекунанд, ки истодагарии онҳо зери озмоиш қарор мегирад. Пайғамбар Ирмиё низ дар чунин вазъият — дар рӯзҳои охири подшоҳии Яҳудо, ки ноором буд,— хизмат мекард. Ҳар рӯз имони ӯ зери фишор қарор мегирифт, чунки ӯ итоаткорона ҳукмҳои Худоро эълон мекард. Боре ҳатто котиби содиқи ӯ, Борух, андӯҳгин шуда шикоят кард (Ирм. 45:2, 3). Оё Ирмиё ба ғаму андӯҳ дода шуд? Ӯ муддате рӯҳафтода шуда, чунин хитоб намуд: «Малъун бод рӯзе ки дар он зоида шудаам! Чаро ман аз батн берун омадаам, то ки машаққат ва андӯҳ бубинам, ва рӯзҳоям дар хиҷолат адо шавад?» (Ирм. 20:14, 15, 18).
8, 9. Мувофиқи Ирмиё 17:7, 8 ва Забур 1:1–3 чӣ бояд кард, то ки минбаъд низ самари хуб оварем?
8 Лекин Ирмиё таслим нашуд. Ӯ ба Яҳува таваккал карданро давом дод. Дар натиҷа ин пайғамбари содиқ иҷрошавии суханони Яҳуваро, ки дар Ирмиё 17:7, 8 навишта шудаанд, дид: «Муборак аст марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва Худованд пушту паноҳи ӯст; ва ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди об шинонда шудааст, ва решаҳояшро ба сӯи ҷӯйҳо равона мекунад, ва аз омадани гармо наметарсад, ва баргҳояш сабз аст, ва дар хушксолӣ ғам намехӯрад, ва аз мева додан бознамемонад».
9 Мисли дарахти мевадиҳандаи хушнамуд, ки дар назди об ё дар боғи обдодашуда шинонда шудааст, Ирмиё, ҳаргиз додани «мева», яъне овардани самарро бас намекард. Ӯ намегузошт, ки масхарабозони бадкор, ки ӯро иҳота мекарданд, ба ӯ таъсир расонанд. Баръакс ӯ ба Сарчашмаи «об»-е, ки ҳаётро нигоҳ медорад мечаспид ва ҳар чӣ Яҳува ба вай мефармуд, иҷро мекард. (Забур 1:1–3-ро бихонед; Ирм. 20:9.) Чӣ намунаи олиҷанобест барои мо Ирмиё, хусусан барои онҳое, ки дар минтақаҳои душвор хизмат мекунанд! Агар вазъияти шумо ҳам чунин бошад, минбаъд низ пурра ба Яҳува таваккал кунед. Чунки Яҳува барои Ӯро дар назди одамон «ҳамду сано» хондан, ба шумо истодагарӣ мебахшад (Ибр. 13:15).
10. Мо кадом баракатҳоро дорем ва аз худ бояд чӣ пурсем?
10 Дар ин рӯзҳои охир, Яҳува ба мо бисёр баракатҳои рӯҳоние додааст, ки барои паси сар кардани душвориҳо кӯмак мерасонанд. Масалан, Ӯ ба мо Каломи пурраи худро додааст, ки он аниқу дақиқ ба забонҳои бештару бештар тарҷума шуда истодааст. Ӯ тавассути синфи «ғуломи мӯътамад ва доно» сари вақт ба мо ғизои рӯҳонии фаровонро медиҳад. Ҳамчунин Ӯ бародариятро ба мо додааст, ки дастгирии онро дар вохӯриву анҷуманҳоямон ҳис кардан мумкин аст. Оё шумо аз ин баракатҳо пурра истифода мебаред? Ҳамаи онҳое ки чунин мекунанд «аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд», вале онҳое ки Худоро гӯш намекунанд «аз дарди дил фарёд» хоҳанд зад «ва аз шикастагии рӯҳ вовайло» хоҳанд кард (Иш. 65:13, 14).
Ҳангоми бо ташвишҳо дучор шудан ба Худо таваккал кунед
11, 12. Дар ин ҷаҳон зиндагӣ карда, чӣ гуна аз рӯи хиради Худо амал кардан мумкин?
11 Чуноне ки пешгӯӣ шуда буд, бар сари инсоният сели ғаму андӯҳ омадааст (Мат. 24:6–8; Ваҳй 12:12). Масалан, вақте ки ба ягон ҷо сел меояд, одатан одамон ба баландӣ ё ба болои бом мебароянд. Ба монанди ин, ҳангоме ки проблемаҳои ин ҷаҳон бештар мешаванд миллионҳо одамон дар системаҳои пулӣ, сиёсӣ ё динӣ ва илму техника паноҳгоҳ меҷӯянд. Лекин ҳеҷ яке аз инҳо одамро аз хатар эмин намедоранд (Ирм. 17:5, 6). Хизматгорони Яҳува бошанд, паноҳгоҳи бехатар — «сахраи ҷовидонӣ» доранд (Иш. 26:4). Забурнавис навишта буд: «[Яҳува] кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман». (Забур 61:7–10-ро бихонед.) Чӣ тавр ин Кӯҳпораро паноҳгоҳи худ карда метавонем?
12 Вақте ки мо ба Каломи Яҳува, ки он баръакси хиради инсонӣ мебошад, гӯш медиҳем, мо ба Яҳува мечаспем (Заб. 72:23, 24). Масалан, одамоне, ки ба онҳо хиради инсонӣ таъсир кардааст, метавонанд чунин гӯянд: «Аз ин дунёи дурӯза пурра фоида гир». «Ҳаракат кун, ки кори сердаромад ёбӣ». «Пули бисёр кор кун». «Ину онро хар». «Дунёя гарду ҳаловат бар». Вале хиради Худо бошад, чунин маслиҳат медиҳад: «[Бигзор] онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанд; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст» (1 Қӯр. 7:31). Исо низ ба мо насиҳат медиҳад, ки кори Салтанатро ҳамеша дар ҷои аввал гузорем ва «барои худ ганҷҳо дар осмон ғун» кунем, зеро дар он ҷо онҳо дар бехатарианд (Мат. 6:19, 20).
13. 1 Юҳанно 2:15–17-ро дар хотир дошта, мо бояд ба худ кадом саволҳоро диҳем?
13 Оё муносибати шумо ба «ҷаҳон» ва «он чизе ки дар ҷаҳон аст» нишон медиҳад, ки шумо пурра ба Яҳува таваккал мекунед? (1 Юҳ. 2:15–17). Оё баракатҳои Яҳува ва имконияти ба Салтанати Худо хизмат кардан, ба шумо аз чизҳое ки ҷаҳон пешкаш мекунад, азизтару муҳимтар мебошанд? (Фил. 3:8). Оё шумо кӯшиш мекунед, ки чашматонро оддӣ нигоҳ доред? (Мат. 6:22). Албатта, Худо намехоҳад, ки шумо бехирадона ва бепарвоёна амал кунед, хусусан агар оиладор бошед (1Тим. 5:8). Вале Худо интизор аст, ки хизматгоронаш на ба ҷаҳони нобудшудаистодаи Шайтон, балки ба Ӯ пурра таваккал кунанд (Ибр. 13:5).
14–16. Чӣ тавр ба баъзеҳо чашми худро оддӣ нигоҳ доштан ва кори Салтанатро дар ҷои аввал гузоштан баракатҳо овард?
14 Биёед намунаи Ричард ва Рутро, ки як писару ду духтар доранд, дида бароем. «Ман ҳис мекардам, ки барои Яҳува вақту қуввати бештарамро дода метавонам»,— мегӯяд Ричард. «Ман зиндагии бароҳат доштам, вале ҳис мекардам, ки ба Яҳува танҳо чизи боқимондаамро медиҳам. Баъд аз дар ин бора дуо гуфтан ва ҳисобу китоб кардан, ман ва Рут розӣ шудем, то ман аз соҳибкорам хоҳиш кунам, ки ҷадвали кориамро дар як ҳафта то ба чор рӯз кам кунад — гарчанд мамлакат дар бӯҳрони иқтисодӣ қарор дошт. Пешниҳоди ман қабул карда шуд ва як моҳ ҳам нагузашта ман корамро аз рӯи ҷадвали нав сар кардам». Ҳоло бошад, Ричард чӣ фикр дорад?
15 «Ман назар ба пештара 20 фоиз камтар маош мегирам,— мегӯяд ӯ,— вале ҳоло бошад дар як сол 50 рӯзи зиёдатӣ дорам, то ки ҳамроҳи оилаам бошам ва кӯдаконамонро таълим диҳам. Акнун назар ба пештара ман ду баробар зиёдтар хизмат мекунам. Шумораи омӯзиш се баробар зиёд шуд ва бо корҳои ҷамъомад бештар банд мебошам. Азбаски ҳоло ман ба фарзандонам бештар вақт ҷудо карда метавонам, Рут гоҳ-гоҳ чун пешрави ёвар хизмат мекунад. Ман боқатъият қарор кардам, ки то имкон доштанам аз рӯи ин реҷа амал хоҳам кард».
16 Рой ва Петина, ки то ҳол бо духтарашон зиндагӣ мекунанд, тавонистанд рӯзҳои кориашонро камтар намоянд, то ки пурравақт хизмат кунанд. Рой мегӯяд: «Ман дар як ҳафта се рӯз кор мекунам ва Петина бошад ду рӯз. Инчунин мо аз ҳавлӣ ба хонаи бисёрошёна кӯчидем, зеро ташвиши он камтар аст. Пеш аз таваллуди писару духтарамон мо чун пешрав хизмат мекардем ва хоҳиши пешрав будан дар мо ҳеҷ вақт гум нашуда буд. Ва ҳангоме ки кӯдакони мо ба воя расиданд, мо аз нав хизмати пурравақтро барқарор кардем. Ягон миқдори пул бо баракатҳои бадастовардаамон баробар шуда наметавонад».
Бигзор «осоиштагии Худо» дили шуморо нигоҳ дорад
17. Азбаски пагоҳ чӣ шуданашро касе намедонад, шахсан шуморо Навиштаҳо чӣ гуна тасаллӣ мебахшанд?
17 Ҳеҷ касе аз мо намедонад, ки пагоҳ бо ӯ чӣ мешавад, чунки «вақти номусоид ва нокомӣ» ба ҳамаи мо рӯй дода метавонад (Воиз 9:11). Бисёр вақт одамоне, ки бо Худо муносибати наздик надоранд аз ин ба ташвиш меоянд. Лекин надонистани он ки пагоҳ чӣ мешавад набояд моро имрӯз аз осудагии хотир маҳрум созад (Мат. 6:34). Павлуси ҳавворӣ мегӯяд: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7).
18, 19. Яҳува бо кадом роҳҳо ба мо тасаллӣ мебахшад? Мисол оред.
18 Яҳува ба бисёр бародарону хоҳароне, ки бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешаванд, оромиву осоиштагӣ мебахшад. Як хоҳар нақл мекунад: «Ҷарроҳ чанд маротиба маро тарсонда буд, ки ба хунгузаронӣ розӣ шавам. “Ин чӣ сафсата аст, хун нагузарондан?”— ин суханони ҷарроҳ ба ҷои салом буданд. Ҳамон вақт ва дигар вақтҳо низ ман дар дили худ ба Яҳува дуо мегуфтам. Ва осоиштагии Худо маро дастгирӣ мекард. Ман худро мисли кӯҳпора ҳис мекардам. Нигоҳ накарда ба он ки аз сабаби камхуниам беқувват будам, ман аз рӯи Китоби Муқаддас мавқеи худро аниқ фаҳмонда тавонистам».
19 Баъзан Худо ба воситаи ҳамимонон ё ғизои рӯҳонии саривақтӣ моро дастгирӣ мекунад. Шояд шумо аз бародарону хоҳарон чунин шунидаед: «Ин мақола — айнан ҳамон чизе ки ба ман даркор буд. Он маҳз барои ман навишта шудааст!» Бале, нигоҳ накарда ба вазъияту ниёзҳои худ, агар мо ба Яҳува таваккал кунем, Ӯ муҳаббаташро ба мо зоҳир хоҳад кард. Чунки ҳамаи мо «гӯсфандони» Ӯ мебошем ва Ӯ исми худро ба мо гузоштааст (Заб. 99:3; Юҳ. 10:16; Аъм. 15:14, 17).
20. Вақте ки ҷаҳони Шайтон несту нобуд мешавад, хизматгорони Яҳуваро чӣ муҳофизат мекунад?
20 Дар давоми «рӯзи ғазаби Худованд», ки он зуд наздик шуда истодааст, ҳар он чизе ки ҷаҳони Шайтон ба он таваккал мекунад несту нобуд хоҳад шуд. Он вақт тилло, нуқра ва дигар чизҳои қиматбаҳо тамоман муҳофизат карда наметавонанд (Саф. 1:18; Мас. 11:4). Ягона паноҳгоҳи мо — Худое хоҳад буд, ки «сахраи ҷовидонист» (Иш. 26:4). Пас, биёед ба Яҳува пурра таваккал кардани худро бо роҳҳои зерин нишон диҳем: мувофиқи роҳҳои одилонаи Ӯ итоаткорона амал кунем, нигоҳ накарда ба бепарвоӣ ва муқобилати одамон хушхабарро мавъиза кунем ва тамоми ташвишҳоямонро ба Худо партоем. Агар мо чунин амал кунем, дар ҳақиқат «дар амният сукунат хоҳем дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳем буд» (Мас. 1:33).
[Эзоҳ]
a Ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», саҳифаҳои 102–106 нигаред.
Оё фаҳмонида метавонед?
Чӣ гуна мо ба Яҳува таваккал мекунем:
• вақте ки бо васваса рӯ ба рӯ мешавем?
• вақте ки бо бепарвоӣ ва муқобилат дучор мешавем?
• вақте ки бо ташвишҳо дучор мешавем?
[Tасвир дар саҳифаи 13]
Аз рӯи меъёрҳои Худо амал кардан хушбахтӣ меорад
[Tасвир дар саҳифаи 15]
«Худованд Худо сахраи ҷовидонист»