Мундариҷа
15 майи 2011
Нашри омӯзишӣ
ОМӮЗИШИ МАҚОЛАҲО ДАР ҲАФТАҲОИ:
27 июн 2011–3 июл 2011
Оилаҳои масеҳӣ, «бедор ва ҳушёр» бошед
САҲИФАИ 7
4–10 июл 2011
САҲИФАИ 11
11–17 июл 2011
Кӣ дар ҳаёти шумо шахсияти муҳимтарин аст?
САҲИФАИ 16
18–24 июл 2011
Чӣ қадар чуқур аст хиради Худо!
САҲИФАИ 21
25–31 июл 2011
Ба Яҳува пурра такя кардан дилпурӣ мебахшад
САҲИФАИ 28
Мақсади мақолаҳои омӯзишӣ
МАҚОЛАҲОИ ОМӮЗИШИИ 1, 2 САҲИФАҲОИ 7–15
Дар мақолаи якум муҳокима карда мешавад, ки чӣ тавр барои бедору ҳушёр мондани оилаҳои масеҳӣ муҳим аст, ки ҳар як аъзои он вазифаҳои худро иҷро кунад. Дар мақолаи дуюм дида мебароем, ки чаро оддӣ нигоҳ доштани чашм, шитофтан сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ ва мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ барои беҳбудии рӯҳонии тамоми оила муҳиманд.
МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3 САҲИФАҲОИ 16–20
Яҳува бояд дар ҳаёти хизматгоронаш Шахсияти муҳимтарин бошад. Ин мақола нишон медиҳад, ки мо аз воқеаи бо зани аввалин, Ҳавво, рӯйдода, аз Айюби содиқ ва аз Писари комили Худо, Исои Масеҳ, чӣ дарсҳо гирифта метавонем.
МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4 САҲИФАҲОИ 21–25
Дар боби 11–уми китоби Румиён Павлуси ҳавворӣ дар бораи дарахти зайтуни рамзӣ сухан меронад. Қисмҳои гуногуни ин дарахт рамзи чӣ мебошанд? Ҳангоми дар ин мақола муҳокима кардани маънои онҳо мо на танҳо дар бораи нияти Худо бештар мефаҳмем, балки ҳамчунин аз чуқурии хиради Ӯ ба ҳайрат хоҳем омад.
МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5 САҲИФАҲОИ 28–32
Дар ин мақола таронаҳои 3 ва 4–и Забур, ки аз тарафи шоҳ Довуд навишта шудаанд, муҳокима мешаванд. Ин таронаҳои аз тарафи Худо илҳомбахшида нишон медиҳанд, ки агар мо дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсем ва пурра ба Ӯ такя кунем, мо бо дилпурӣ амал карда метавонем. Ин айнан ҳамон корест, ки Довуд ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо чунин душвориҳо, ба монанди хиёнати писараш Абшолӯм, карда буд.
ҲАМЧУНИН ДАР ИН ШУМОРА:
3 Оё Каломи Худо дар ҳақиқат ба шумо хурсандӣ мебахшад?
6 Хонандагони мо савол медиҳанд
26 Аз паи Масеҳ, Пешвои комил, биравед