Масеҳиёни ҳақиқӣ Каломи Худоро эҳтиром мекунанд
«Каломи ту ростист» (ЮҲ. 17:17).
1. Аз таҷрибаи шахсиатон гӯед, ки яке аз ҷиҳатҳои муҳиме, ки Шоҳидони Яҳува аз дигар динҳо фарқ мекунанд, кадом аст?
ДАР бораи сӯҳбати пурмазмуне, ки бори аввал байни шумову яке аз Шоҳидони Яҳува буд, фикр кунед. Шумо чиро дар хотир доред? Бисёриҳо шояд чунин гӯянд: «Ба ман хеле маъқул буд, ки он Шоҳид ба ҳамаи саволҳои ман аз Китоби Муқаддас ҷавоб дод». Чӣ қадар хурсанд шудем мо, вақте фаҳмидем, ки Худо нисбати замин чӣ ният дорад, баъди марг чӣ мешавад ва наздикони вафоткардаамонро чӣ гуна оянда интизор аст!
2. Аз кадом сабабҳо шумо Китоби Муқаддасро қадр мекардагӣ шудед?
2 Лекин баъдтар дар давоми омӯзиш мо фаҳмидем, ки Китоби Муқаддас на танҳо ба саволҳо оиди ҳаёт, марг ва оянда ҷавоб медиҳад. Мо фаҳмидем, ки Китоби Муқаддас назар ба ҳамаи дигар китобҳо барои беҳтар кардани ҳаёт ва ҳал кардани душвориҳо китоби беҳтарин аст. Маслиҳатҳои он кӯҳна намешаванд ва касоне, ки бодиққат аз рӯи онҳо амал мекунанд, ҳаёти бомуваффақият ва хушбахтона мебаранд. (Забур 1:1–3-ро бихонед.) Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳамеша Китоби Муқаддасро «на ҳамчун каломи одамизод қабул [мекунанд], балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст» (1 Тас. 2:13). Кӯтоҳ дида баромадани таърих нишон медиҳад, ки онҳое, ки Каломи Худоро дар ҳақиқат эҳтиром мекарданд аз онҳое, ки ба он эҳтиром надоштанд, бо чӣ фарқ мекарданд.
САВОЛИ ТЕЗУТУНДЕ ҲАЛ ГАШТ
3. Кадом савол ягонагии ҷамъомади масеҳиро зери хатар мегузошт ва чаро ҳал кардани он душвор буд?
3 Баъди тадҳин гаштани якумин ғайрияҳудии хатна нашуда, Корнилюс, 13 сол гузашт. Дар ин муддат масъалае ба миён омад, ки ягонагии ҷамъомади масеҳиро зери хатар мегузошт. Шумораи торафт зиёди ғайрияҳудиён масеҳӣ мешуданд, аз ин сабаб савол ба миён омад, ки оё мардон пеш аз таъмид гирифтан аз рӯи одати яҳудиён хатна шаванд ё не? Ин барои масеҳиёни яҳудӣ масъалаи душвор буд. Яҳудиёне, ки Қонунро риоя мекарданд, ба остонаи хонаи ғайрияҳудиён ҳатто қадам намегузоштанд ва оиди бо онҳо муносибати дӯстона доштан бошад, ҳоҷати гап ҳам набуд. Масеҳиёни яҳудӣ барои тарк кардани дини пештараашон аллакай гирифтори таъқиботҳои сахт буданд. Агар онҳо ғайрияҳудиёни хатна нашударо чун бародарони худ қабул кунанд, ин танҳо ба зиёдтар шудани таъқиботҳо оварда мерасонд ва байни онҳову пайравони дини яҳудӣ ҷудоии бештар меовард (Ғал. 2:11–14).
4. Барои ҳал кардани масъала киҳо ҷамъ шуданд ва оиди вохӯрии онҳо чӣ хел саволҳо пайдо шуданаш мумкин аст?
4 Соли 49–уми эраи мо, ҳаввориён ва пирони Ерусалим, ки худашон яҳудиёни хатнашуда буданд, «ҷамъ шуданд, то ки ин масъаларо муҳокима намоянд» (Аъм. 15:6). Вохӯрии онҳо ба вохӯриҳои роҳбарони калисоҳои асрҳои минбаъда монанд набуд. Он бародарон на барои муҳокимаи гапҳои майда–чуйда, балки барои муҳокимаи таълимоти Китоби Муқаддас ҷамъ омаданд. Вохӯрии онҳо дилгиркунанда набуд, балки он пурҷӯшу хурӯш мегузашт ва ҳамаи ҳозирон фикру ақидаи худро баён мекарданд. Масъаларо онҳо чӣ тавр ҳал мекунанд? Оё онҳо мегузоранд, ки ягон хоҳиши шахсӣ ё бадгумонӣ ба қарори онҳо таъсир намояд? Оё бародарони масъул беҳтар шудани вазъияти масеҳиёни Исроилро интизор шуда қабул кардани қарорро қафо мепартоянд? Ё барои ба созиш омадан ба он чизе ки дар асл дуруст намешуморанд, розӣ мешаванд?
5. Вохӯрие, ки соли 49–уми эраи мо дар Ерусалим гузашт, аз вохӯриҳои роҳбарони калисо чӣ фарқият дошт?
5 Пӯшида нест, ки дар вохӯриҳои роҳбарони динҳои масеҳӣ, ин роҳбарон барои ба як қарор омадан, ин ё он ақидаеро, ки дар асл бо он розӣ нестанд, қабул мекунанд. Ҳамчунин баъзеи онҳо мекӯшанд, ки барои ақидаи худро ба дигарон гузарондан, бо ҳар роҳ онҳоро ба худ моил месозанд. Лекин дар вохӯрие, ки дар Ерусалим гузашта буд, чунин чизҳо ҷой надоштанд. Бо вуҷуди ин, бародарон қарори якдилона қабул карданд. Чӣ тавр ин ба онҳо муяссар гашт? Ҳарчанд ҳар кас нисбати он масъала фикру ақидаи худро дошт, ҳамаи ҳозирон Каломи Худоро эҳтиром мекарданд ва барои ҳалли масъала аз Навиштаҳо истифода бурданд. (Забур 118:97–101-ро бихонед.)
6, 7. Чӣ тавр ҳаввориёну пирон барои ҳалли масъалаи хатнакунӣ аз Навиштаҳо истифода бурданд?
6 Кадом порчаи Китоби Муқаддас ба бародарон барои ҳалли масъала ёрдам кард? Ин ояти Омӯс 9:11, 12 буд. Он дар Аъмол 15:16, 17 иқтибос оварда шудааст: «Хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям, то ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое, ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованд».
7 Вале шояд касе гӯяд: «Дар ин оят қайд нашудааст, ки ғайрияҳудиёни масеҳишуда набояд хатна шаванд». Ин дуруст аст. Лекин масеҳиёни яҳудӣ инро ҳамин тавр фаҳмиданд. Чаро? Зеро онҳо ба ғайрияҳудиёни хатнашуда чун ба бародарони худ нигоҳ мекарданд, на чун ба дигар «халқҳо» (Хур. 12:48, 49). Масалан, дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас, ояти Эстер 8:17 чунин омадааст: «Бисёри ғайрияҳудиён хатна гаштанд ва яҳудӣ шуданд» («Bagster’s version of the Septuagint»). Барои ҳамин, вақте ки бародарон пешгӯии Навиштаҳоро аз китоби Омӯс дида баромаданд, онҳо фаҳмиданд, ки «бақияи мардум» (яҳудиён ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда) ва «ҳамаи халқҳо» (ғайрияҳудиёни хатнанашуда) як халқ — халқи Худо мешаванд. Пас, аз ғайрияҳудиёне, ки масеҳӣ шудан мехостанд, хатнакунӣ талаб карда намешуд.
8. Чаро барои дастгирӣ кардани қарори қабулшуда далерӣ лозим буд?
8 Каломи Худо ва рӯҳи Ӯ он масеҳиёни самимиро ҳидоят кард, ки «якдилона ба қароре» оянд (Аъм. 15:25). Ҳарчанд қарори онҳо шояд сабаби ба таъқиботҳои зиёдтар дучор шудани масеҳиёни яҳудӣ мегашт, шахсони содиқ ин қарори бар Китоби Муқаддас асосёфтаро пурра дастгирӣ карданд (Аъм. 16:4, 5).
ФАРҚИЯТИ КАЛОН
9. Яке аз сабабҳои муҳими нопок шудани ибодати ҳақиқӣ кадом буд ва кадом таълимоти муҳим фасод гардид?
9 Павлуси ҳавворӣ пешгӯӣ карда буд, ки баъди марги ҳаввориён ибодати ҳақиқиро таълимотҳои бардурӯғ нопок месозанд. (2 Таслӯникиён 2:3, 7–ро бихонед.) Ӯ гуфт, ки ҳатто баъзе бародарони масъул «таълимоти солимро» рад мекунанд (2 Тим. 4:3). Павлус пирони ҷамъомади замони худро огоҳ кард: «Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд» (Аъм. 20:30). «Энсиклопедияи нави бритонӣ» яке аз сабабҳои муҳими паҳн шудани таълимотҳои каҷро фаҳмонда мегӯяд: «Масеҳиёне, ки пеш ба андозае фалсафаи юнониро омӯхта буданд, эътиқоди худро бо истифодаи он фалсафа мефаҳмондагӣ шуданд. Онҳо аз ин худро доно ҳис мекарданд ва фикр доштанд, ки бо ин роҳ дигар бутпарастони саводнокро ба дини масеҳӣ ҷалб карда метавонанд». Яке аз таълимоти муҳиме, ки онҳо бо ақидаҳои бутпарастона омехта карданд, таълимот оиди кӣ будани Исои Масеҳ буд. Китоби Муқаддас ӯро Писари Худо меномад, вале дӯстдорони фалсафаи юнонӣ таъкид мекарданд, ки ӯ Худо аст.
10. Савол оиди кӣ будани Масеҳ чӣ тавр ба осонӣ ҳал шуда метавонист?
10 Баъдтар, ин савол дар якчанд вохӯриҳои роҳбарони калисои католикӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Он ба осонӣ ҳалли худро ёфта метавонист, агар онҳо ба Навиштаҳо аҳамияти лозима медоданд, лекин аксарият ин тавр намекарданд. Дар асл, бештари онҳо аллакай пеш аз сар шудани вохӯриҳо қарори худро қабул мекарданд ва чизе фикри онҳоро дигар карда наметавонист. Дар қоидаҳо ва қарорҳое, ки дар ин вохӯриҳо қабул мешуданд, Навиштаҳо қариб тамоман зикр намеёфтанд.
11. Роҳбарони калисо дар қарорҳои худ бештар ба чӣ такя мекарданд ва чаро?
11 Барои чӣ роҳбарони калисо дар қабули қарорҳояшон бештар ба Навиштаҳо такя намекарданд? Олим Чарлз Фриман сабаби инро чунин мефаҳмонад, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас бо ақидаи онҳо, ки Исоро Худо мегуфтанд, мувофиқат намекард. Суханони худи Исо нишон медиҳанд, ки Худо аз ӯ бузургтар аст. Азбаски ин роҳбарон суханони вайро фаҳмонда наметавонистанд, гуфтаҳои чор Инҷилро бо урфу одатҳои калисо ва ақидаҳои инсонӣ иваз карданд. То имрӯз, бисёри рӯҳониён гуфтаҳои шахсонеро, ки гӯё Падарони Калисо ном доранд, аз гуфтаҳои Каломи Худо болотар мегузоранд! Агар шумо боре оиди таълимоти Сегона бо ягон донишҷӯи таълимгоҳи масеҳӣ сӯҳбат карда бошед, шояд инро пай бурдаед.
12. Император чӣ гуна таъсир дошт?
12 Ҷолиби диққат аст, ки ба ин вохӯриҳо императорони Рум таъсири калон мерасонданд. Масалан, профессор Ричард Рубенстайн навишт, ки император Константин ба вохӯрии роҳбарони калисои католикӣ, ки дар шаҳри Нисея гузашт, чӣ гуна таъсир дошт. Ӯ гуфт: «Константин [ба роҳбарони калисо] илтифот зоҳир кард ва онҳоро чунон бою бадавлат гардонд, ки онҳо ҳатто орзу ҳам накарда буданд. Як сол ҳам нашуда, ӯ ҳамаи биноҳои калисоҳои онҳоро гардонда дод ё аз нав сохт, ба онҳо кор ва унвонҳои кашида гирифтаро баргардонд... Ӯ ба рӯҳониёни масеҳӣ имтиёзҳое бахшид, ки аз ин пеш коҳинони бутпараст соҳиб буданд». Дар натиҷа, «Константин мавқеи хеле калон пайдо кард. Ӯ метавонист ба қарорҳои вохӯрии калисоҳо, ки дар шаҳри Нисея мегузашт, таъсир кунад — шояд ҳатто онҳоро дигар кунад». Чарлз Фриман тасдиқ кард, ки баъди ин вохӯрӣ император ба корҳои калисо бештар дахолат мекардагӣ шуд. Ғайр аз дастгирӣ кардани калисо, вай ба таълимоти он низ таъсир мерасонд. (Яъқуб 4:4–ро бихонед.)
13. Ба фикри шумо, барои чӣ роҳбарони калисо ҳақиқатҳои равшани Китоби Муқаддасро қабул намекарданд?
13 Ба мансабдорони калисо аниқ муайян кардани кӣ будани Исои Масеҳ душвор буд. Вале бисёр мардуми оддӣ чунин душворӣ надоштанд. Азбаски онҳо мисли рӯҳониён набуданд ва ба пулу мансабе, ки император медод, майл надоштанд, онҳо ба ин мавзӯъ беғаразона, яъне аз нуқтаи назари Навиштаҳо нигоҳ мекарданд. Олими дини ҳамон давра, Григорий Нисса одамони оддӣ — либосфурӯшон, ивазкунандагони пул ва хизматгоронро масхара карда онҳоро «олимони дин» номид. Барои чӣ вай ин хел гуфт? Барои он ки бисёр одамони оддӣ мефаҳмонданд, ки Писар аз Падар фарқ дорад, Падар аз Писар бузургтар аст ва Писар офарида шудааст. Бале, баръакси мансабдорони калисо, бисёр одамони оддӣ ин ҳақиқатҳоро аз рӯи Китоби Муқаддас мефаҳмонданд. То чӣ андоза хуб мебуд, агар Григорий ва дигар роҳбарони динӣ одамони оддиро гӯш мекарданд!
«ГАНДУМ» ВА «МАСТАК» ЯКҶОЯ МЕРӮЯНД
14. Чаро мо гуфта метавонем, ки аз асри як сар карда ҳамеша дар рӯи замин баъзе масеҳиёни тадҳиншудаи ҳақиқӣ вуҷуд доштанд?
14 Дар як масали худ Исо ишора кард, ки аз асри як сар карда ҳамеша дар рӯи замин баъзе масеҳиёни тадҳиншудаи ҳақиқӣ вуҷуд хоҳанд дошт. Вай онҳоро ба «гандум»–е монанд кард, ки дар байни «мастак»–ҳо мерӯяд (Мат. 13:30). Албатта, мо пурра намедонем, ки маҳз кӣ ё кадом гурӯҳи одамон ба синфи гандум, яъне масеҳиёни тадҳиншуда тааллуқ доштанд. Вале мо медонем, ки ҳамеша шахсоне буданд, ки Каломи Худоро далерона муҳофизат мекарданд ва таълимотҳои дурӯғи калисоро фош менамуданд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
15, 16. Баъзе шахсонеро, ки Каломи Худоро эҳтиром мекарданд, номбар кунед.
15 Рӯҳонии калони шаҳри Лион (Фаронса), Агобард (с. 779–840 эраи мо) ба муқобили парастиши бутҳо, ба муқаддасон бахшидани калисоҳо ва ба муқобили амалҳою тарзи ибодати калисоҳо баромад мекард. Ҳамзамони Агобард, рӯҳонӣ Кловдиус низ урфу одатҳои калисоро рад кард ва бо бутпарастию ба муқаддасон дуо гуфтан розӣ набуд. Дар асри 11, рӯҳонии дигар Беренгариес, ки аз шаҳри Тур (Фаронса) буд, аз калисо ронда шуд, чунки вай таълимоти католикиро оиди он ки нону шароб ба бадану хуни аслии Масеҳ табдил меёбанд, рад намуд. Беш аз ин, вай таълим медод, ки на ба урфу одатҳои калисо, балки ба Китоби Муқаддас гӯш кардан лозим аст.
16 Боз ду марде, ки ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро дӯст медоштанд, Питер (аз шаҳри Бруэ) ва Ҳенри (аз шаҳри Лосанн) буданд, ки дар асри 12 зиндагӣ мекарданд. Питер аз коҳини калисо буданаш рӯй гардонд, чунки вай фикр мекард, ки таълимотҳои католикӣ оиди таъмиди кӯдакон, ба бадан ва хуни аслии Исо табдил ёфтани нону шароб, дуо гуфтан барои мурдагон ва парастиши салиб ба Навиштаҳо муқобиланд. Соли 1140 Питер барои ин ақидааш дар оташ сӯзонда шуд. Ҳенри, ки роҳиби монастир буд, бар муқобили амалҳои нопоки калисо ва ҳамчунин тарзҳои нодурусти ибодат баромад мекард. Вай соли 1148 дастгир шуд ва бақияи умрашро дар зиндон гузаронд.
17. Валдо ва пайравонаш кадом кори муҳимро иҷро карданд?
17 Тақрибан дар ҳамон вақте ки Питер барои танқиди амалҳои калисо дар оташ сӯзонда шуд, шахсе таваллуд ёфт, ки баъдтар дар паҳн шудани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас таъсири бузурге расонд. Номи вай Валдес ё Валдо будa. Баръакси Питер ва Ҳенри, ӯ рӯҳонӣ набуд, вале Каломи Худоро чунон қадр мекард, ки аз давлату боигарии худ рӯй гардонда, бо кори муҳиме машғул шуд. Вай тарҷумаи баъзе қисмҳои Китоби Муқаддасро ба забоне, ки одамони оддӣ дар тарафи ҷанубу шарқии Фаронса гап мезаданд, ташкил кард. Баъзеҳо хабари Китоби Муқаддасро бо забони модариашон шунида чунон ба ваҷд омаданд, ки онҳо низ молу мулкашонро партофта ҳаёташонро барои ба дигарон нақл кардани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас сарф карданд. Ба сардорони калисои католикӣ ин хеле маъқул набуд. Соли 1184 ин мардону занони боғайратро, ки баъдтар валденсҳо ном гирифтанд, поп аз калисо ронд ва ба онҳо дигар роҳ дода нашуд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. Ин дар асл кӯмак кард, ки хабари Китоби Муқаддас дар дигар маҳаллҳо паҳн шавад. Бо гузашти вақт, пайравони Валдо, Питер, Ҳенри ва ҳамчунин дигар одамоне, ки бо корҳои калисо норозӣ буданд, дар бисёр қисмҳои Аврупо ёфт мешуданд. Дар асрҳои минбаъда низ шахсоне буданд, ки ҳақиқати Китоби Муқаддасро муҳофизат мекарданд, ба монанди Ҷон Уиклиф (тақр. с. 1330–1384), Уилям Тиндал (тақр. с. 1494–1536), Ҳенри Гру (с. 1781–1862) ва Ҷорҷ Сторрз (с. 1796–1879).
«КАЛОМИ ХУДО БА ЗАНҶИРҲО БАНД НЕСТ»
18. Фаҳмонед, ки тадқиқотчиёни самимии Китоби Муқаддас дар охири асри 19 Китоби Муқаддасро чӣ тавр меомӯхтанд ва чаро он тарзи хуби омӯзиш буд.
18 Душманони ҳақиқати Китоби Муқаддас чӣ қадар кӯшиш накунанд ҳам, паҳн шудани онро манъ карда натавонистанд. «Каломи Худо ба занҷирҳо банд нест»,— гуфта мешавад дар 2 Тимотиюс 2:9. Соли 1870 гурӯҳи тадқиқотчиёни самимии Китоби Муқаддас ба ҷустуҷӯи ҳақиқат сар карданд. Онҳо чӣ тавр онро мекофтанд? Касе ягон саволро мебардошт. Баъд онҳо онро муҳокима мекарданд. Онҳо ҳамаи оятҳои ба ин савол дахл доштаро дида мебаромаданд ва сипас вақте медиданд, ки фаҳмиши онҳо ба ҳамаи он оятҳо мувофиқат мекунад, онҳо хулосаи худро менавистанд. Ин тарзи хуби омӯзиш буд, зеро ҳамин тавр он мардони содиқи охири асри 19 ба ҳаввориёну пирони асри як пайравӣ менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки ақидаҳои худро пурра ба Каломи Худо асоснок гардонданд. Оё донистани ин шуморо рӯҳбаланд намекунад?
19. Матни солона барои соли 2012 кадом аст ва чаро он интихоб шудааст?
19 Китоби Муқаддас то ҳол асоси эътиқоди мо аст. Аз ин рӯ, Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува чун матни солона барои соли 2012 суханони зерини Исоро интихоб кардааст: «Каломи Ту ростист» (Юҳ. 17:17). Ҳар як шахсе, ки илтифоти Худоро ба даст овардан мехоҳад, бояд дар роҳи ҳақиқат роҳ гардад. Пас, биёед ҳар яки мо минбаъд низ бо тамоми ҳастиамон кӯшиш намоем, ки аз рӯи ҳидояти Каломи Худо зиндагӣ кунем.
[Эзоҳ]
a Валдес баъзан Пиер Валдес, баъзан Питер Валдо номида мешавад, вале кадоми ин ном аниқ буданаш маълум нест.
[Матн дар саҳифаи 8]
Матни солона барои соли 2012 чунин аст: «Каломи Ту ростист» (Юҳ. 17:17).
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Валдо
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Уиклиф
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Тиндал
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Гру
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Сторрз