Ба пеш бурдани ҳаёт баъди ҷудошавӣ
«Ман фикр кардам, ки ба ин тоб оварда наметавонам. Зеро ҳаёти хубе, ки ман доштам ногаҳон ранги дигар гирифт ва ман ҳеҷ чиз шуда мондам» — МАРКa, ки аз ҷудошавиаш як сол гузаштааст.
«Шавҳари ман бо зане, ки ҳамсинну соли духтарамон буд, муносибати ошиқона пайдо кард. Вақте ки мо ҷудо шудем, ман аз рафтори дағалонаи шавҳарам халос гаштам, вале ҳамзамон худро хоршуда ва беқадр ҳис мекардам» — ЭММАЛИН, ки аз ҷудошавиаш 17 сол гузаштааст.
Баъзе одамон аз ҳамсарашон ҷудо шуда умед мекунанд, ки ҳаёташон беҳтар мегардад. Дигарон бошанд, ҳарчанд ҷудо шудан нахоҳанд ҳам, ҳамсарашонро аз ҷудошавӣ боздошта наметавонанд. Вале қариб ҳамаи онҳое, ки ҷудо мешаванд, дарк мекунанд, ки ҳаёт пас аз ҷудошавӣ назар ба гумони онҳо душвортар будааст. Дар ҳақиқат, агар шумо ба наздикӣ аз ҳамсаратон ҷудо шуда бошед, шумо шояд розиед, ки ин воқеаи мудҳиштаринест, ки шумо дар ҳаётатон рӯ ба рӯ шудаед. Аз ин рӯ, биёед аз Китоби Муқаддас баъзе маслиҳатҳои муфидро дида бароем, ки ба шумо барои бомуваффақият аз сар гузаронидани мушкилиҳои ҷудошавӣ кӯмак мекунанд.
ДУШВОРИИ 1: ҲИССИЁТИ МАНФӢ
Стрессе, ки бо душвориҳои моддӣ, тарбияи кӯдакон ва танҳоӣ алоқаманд аст, метавонад бартарафнашаванда тобад ва чунин ҳиссиёт на ҳама вақт тез мегузарад. Психолог Ҷудит Валлерстайн мегӯяд, ки ҳатто баъди гузашти солҳои зиёд аз ҷудошавӣ, баъзеҳоро ҳиссиёти он ки ба онҳо хиёнат карданд ва партофта рафтанд, тарк намекунад ва чунин шахсон бар он ақидаанд, ки «ҳаёт аз беадолатӣ, рӯҳафтодагӣ ва танҳоӣ иборат аст».
ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?
Оиди чизи аз даст рафта зиқии худро пинҳон накунед. Шумо шояд ҳамсаратонро, ки то ҳол дӯсташ медоред, ёд кунед. Гарчанд муносибат байни шумову ӯ хуб набуд, лекин ҳоло шояд аз боиси он ғамгинед, ки акнун он умеди аз издивоҷ хурсандӣ гирифтанро аз даст додаед (Мас. 5:18). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «вақте барои гиристан» аст, аз ин рӯ аз ашк рехтан шарм надоред (Воиз 3:1, 4).
Худро аз ҳама дур нагиред. Ҳарчанд шумо аз сабаби ғаму андӯҳатон ба танҳо мондан ниёз доред, лекин муддати дурудароз худро аз ҳама дур гирифтан аз рӯи хирад нест (Мас. 18:1). Бо дӯстон дар мавзӯъҳои рӯҳбаландкунанда муошират кунед. Чунки агар доимо дар бораи ҳамсари пештараатон нолаву шикоят кунед, ҳатто ӯ сазовор бошад ҳам, дигарон метавонанд аз шумо худро дур гиранд. Агар дарҳол пас аз ҷудошавӣ ба шумо қарорҳои ҷиддӣ қабул кардан лозим ояд, аз шахсе, ки ба ӯ боварӣ доред, кӯмак пурсед.
Дар бораи саломатии худ ғамхорӣ кунед. Стрессе, ки ҷудошавӣ бо худ меорад, бисёр вақт ба саломатии кас таъсир карда, сабаби баланд шудани фишори хун ва дарди сар мегардад. Кӯшиш кунед, ки нағз хӯрок хӯред, машқи ҷисмонӣ кунед ва ба миқдори кофӣ хоб равед (Эфс. 5:29).
Чизҳоеро, ки аз нав хашми шуморо нисбати ҳамсари пешинаатон зиёд мекунанд ё ин ки ба шумо лозим нестанд, партоед, аммо варақаю ҳуҷҷатҳои лозимаро нигоҳ доред. Агар дидани чунин чизҳо ба монанди суратҳои тӯятон ба шумо дардовар бошанд, онҳоро ба як қуттӣ андохта, барои фарзандонатон нигоҳ доред.
Бо фикрҳои манфӣ мубориза баред. Олия, ки баъд аз зино кардани шавҳараш аз ӯ ҷудо шуд, мегӯяд: «Ман доим аз худ чунин мепурсам: “Он зан аз ман чӣ бартарие дошт?”». Лекин чӣ тавре, ки Олия баъдтар фаҳмид, гаштаву баргашта оиди чизҳои манфӣ фикр кардан метавонад рӯҳро «афсурда» гардонад (Мас. 18:14).
Бисёр одамон мегӯянд, ки фикрҳои худро рӯи варақ овардан ба онҳо кӯмак мекунад, ки вазъияти худро равшантар фаҳманд ва тарзи фикррониашонро назорат кунанд. Агар шумо низ чунин карданӣ бошед, кӯшиш намоед, ки диққататонро ба фикрҳои нав ва мусбӣ равона созед, то ба фикрҳои манфӣ ғолиб оед (Эфс. 4:23). Ду мисоли зерин нишон медиҳад, ки чӣ тавр фикрҳои кӯҳнаро бо фикрҳои нав иваз кардан мумкин аст:
Фикри кӯҳна: Ба хиёнати ҳамсарам камбудиҳои худи ман сабабгоранд.
Фикри нав: Камбудиҳои ман ба хиёнат кардани ҳамсарам сабаб шуда наметавонистанд.
Фикри кӯҳна: Ман солҳои беҳтарини ҳаётамро барои ин марди нобакор ҳайф кардам.
Фикри нав: Агар ман ба ҳаёти гузаштаи худ неву ба оянда нигоҳ кунам, ман хушбахттар хоҳам буд.
Ба шарҳу эродҳои дардовар аҳамият надиҳед. Дӯстону хешовандон аз дилсӯзӣ метавонанд суханонеро гӯянд, ки дардовар ё ҳатто дар вазъияти шумо нодуруст бошанд, ба монанди: «Вай ба ҳар ҳол ба ту мувофиқ набуд» ё «Худо аз талоқ нафрат дорадb». Дар ин маврид Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад: «Ба ҳамаи суханоне ки гуфта мешавад, диққат надеҳ» (Воиз 7:21). Мартина, ки аз шавҳараш ду сол пеш ҷудо шуда буд, мегӯяд: «Ба ҷои диққатро ба суханони дардовари дигарон равона кардан, ман мекӯшам, ки ба вазъият аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ кунам. Зеро фикрҳои Ӯ аз фикрҳои мо баландтаранд» (Иш. 55:8, 9).
Ба Худо дуо гӯед. Ӯ ходимонашро бармеангезад, ки «ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор» намоянд, хусусан дар мушкилиҳои сахт (1 Пет. 5:7).
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Аз Китоби Муқаддас оятҳоеро, ки шуморо рӯҳбаланд мекунанд, навишта, онҳоро дар ҷойҳои ба чашм намоён часпонед. Барои бисёр шахсони аз ҳамсарашон ҷудошуда, ғайр аз оятҳое, ки аллакай дар боло оварда шуданд, боз оятҳои зерин ёрдам мекунанд: Забур 26:10; 33:19; Ишаъё 41:10 ва Румиён 8:38, 39.
ДУШВОРИИ 2: МУНОСИБАТ БО ҲАМСАРИ ПЕШИНААТОН
Ҷулиана, ки 11 сол оиладор буд, мегӯяд: «Ман шавҳарамро илтиҷо кардам, ки бо ман монад. Лекин вай рафт. Баъди рафтани вай, ман аз ӯ ва аз он зане, ки шавҳарам ба наздаш рафт, сахт ба хашм омада будам». Бисёри шахсоне, ки ҷудо шудаанд, қаҳру ғазаби сахтро нисбати собиқ ҳамсарашон тӯли солҳо нигоҳ медоранд. Лекин онҳо аз сабаби ба миён омадани баъзе масъалаҳо маҷбуранд, ки бо ҳамсари пешинаашон муошират кунанд, хусусан агар фарзандони умумӣ дошта бошанд.
ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?
Ҳангоми бо ҳамсари пешинаатон муошират кардан, одоби сӯҳбаткуниро нигоҳ доред. Ба масъалаҳои даркорӣ диққат диҳед ва кӯтоҳу бамаврид сухан ронед. Бисёриҳо ба хулоса омаданд, ки чунин тарзи амал ба сулҳу муросо мусоидат мекунад (Рум. 12:18).
Аз гуфтани суханони дағалу иғвогарона худдорӣ намоед. Хусусан, вақте ки шумо худро зери фишор ҳис мекунед, ин маслиҳати оқилонаи Китоби Муқаддасро ба кор баред: «Одами оқил ором ва сабур аст» (Мас. 17:27, Тарҷумаи форсии дарӣ). Агар шумо ҳис кунед, ки сӯҳбати шумо бо ҳамсари пешинаатон тезутунд шуда истодааст ва ба ягон қарор омадани шумо душвор аст, он гоҳ метавонед чунин гӯед: «Ба ман лозим аст, ки дар бораи гуфтаҳои ту фикр кунам ва баъдтар дар ин бора гап занам».
Кору масъулиятҳоеро, ки пеш барои ҳар дуи шумо умумӣ буданд, то ҳадди имкон ҷудо кунед, аз он ҷумла корҳои бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, пулию молиявӣ ва тиббӣ алоқамандро.
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Дафъаи дигар, ҳангоми бо ҳамсари пешинаатон вохӯрдан ҳолатҳоеро пай баред, ки ӯ ё шуморо ба ғазаб оварда ба якравӣ ё баҳсу мунозира тела медиҳанд. Ва агар лозим ояд, аз ӯ хоҳиш кунед, ки муҳокимаи масъаларо ба дафъаи дигар гузаронад ё тавассути почтаи электронӣ муҳокима кардани онро пешниҳод кунед (Мас. 17:14).
ДУШВОРИИ 3: БА ФАРЗАНДОНАТОН БАРОИ ОДАТ КАРДАН КӮМАК КУНЕД.
Мария ба хотир меорад, ки вақтҳои аввали баъди ҷудошавиаш дар хона чӣ гуна ҳолат буд: «Духтари хурдии ман доим гиря мекард ва аз нав шабҳо ҷойгаҳашро тар мекардагӣ шуд. Духтари калониам бошад, ҳарчанд мекӯшид, ки ҳиссиёташро пинҳон дорад, лекин ман пай мебурдам, ки ҷудошавии мо ба ӯ низ таъсир кардааст». Мутаассифона, шумо шояд ҳис мекунед, ки вақт ва қуввати эмотсионалии шумо намерасад, то ба фарзандонатон дар вақти аз ҳама бештар мӯҳтоҷ буданашон кӯмак расонед.
ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?
Фарзандонатонро барангезед, ки ҳиссиёташонро ба шумо баён кунанд, ҳатто агар суханони онҳо ба назаратон «сахт» тобанд ҳам (Айюб 6:2, 3).
Нақши ҳар касро дуруст эътироф кунед. Ҳангоми ба дастгирии эмотсионалӣ мӯҳтоҷ буданатон, ба назаратон метавонад чунин тобад, ки кӯдакатон ба расондани чунин ёрӣ тайёр аст. Лекин дар хотир доред, ки ӯ ҳоло кӯдак аст ва аз кӯдакон барои ҳалли проблемаҳои одамони калон кӯмак пурсидан аз рӯи инсоф ва хирад нест (1 Қӯр. 13:11). Бори душвориҳои эмотсионалии худро ба кӯдакатон бор накунед ё ӯро байни худ ва собиқ ҳамсаратон миёнарав насозед.
Ҳаёти кӯдаконатонро дар реҷаи дуруст нигоҳ доред. Ҷои зист ва реҷаи пештараро нигоҳ доштан барои кӯдак манфиатнок аст, вале аз ҳама муҳимаш риоя кардани реҷаи хуби рӯҳонӣ, аз он ҷумла хониши Китоби Муқаддас ва гузаронидани ибодати оилавӣ мебошад (Такр. Ш. 6:6–9).
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Баъзан дар давоми ҳафта фарзандонатонро боварӣ бахшед, ки шумо онҳоро дӯст медоред ва ба ҷудо шудани шумову ҳамсаратон онҳо сабабгор нестанд. Ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳед, вале ҳангоми ҷавоб додан ҳамсаратонро айбдор накунед.
Шумо метавонед ҳаёти худро баъди ҷудошавӣ пеш баред. Мелисса, ки 16 сол дар издивоҷ буд, мегӯяд: «Вақте ки ман аз шавҳарам ҷудо шудам, доим фикр мекардам: “Ҳаёти ман набояд чунин ранг мегирифт”». Лекин, ҳозир ӯ нигоҳ накарда ба вазъияташ қаноатмандӣ ҳис мекунад. Вай мегӯяд: «Вақте ман кӯшиши тағйир додани гузаштаро бас кардам, ман худро беҳтар ҳис намудам».
a Баъзе номҳо дар ин мақола иваз шудаанд.
b Худо аз талоқҳое, ки дар асоси Китоби Муқаддас нестанд, нафрат дорад. Вале агар яке аз ҳамсарон зино содир кунад, Худо ихтиёрро ба дасти ҳамсари беайб медиҳад, то ҷудо шудан ё нашуданро худаш қарор кунад (Мал. 2:16; Мат. 19:9). Ба китоби «Муҳаббати Худо», замимаи саҳифаи 219 — «Нуқтаи назари Китоби Муқаддас ба талоқ ва зиндагии ҷудогона» нигаред.
АЗ ХУД ПУРСЕД...
Оё ман эътироф мекунам, ки аз боиси ҷудошавӣ зиқ шудан табиӣ аст?
Чӣ тавр ман метавонам хашму хафагиеро, ки то ҳол нисбати собиқ ҳамсарам ҳис мекунам, аз худ дур созам?