СУҲБАТ ДАР АСОСИ МАВЗУЪҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС
Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?
Дар поён суҳбати Шоҳиди Яҳува бо ҳамсояаш оварда шудааст. Тасаввур мекунем, ки Шоҳиди Яҳува бо номи Марям ба хонаи зане бо номи Сафия омадааст.
ХУДО РАНҶУ АЗОБИ МОРО ДИДА ЧӢ ҲИС МЕКУНАД?
Марям: Сафия, салом. Чӣ хел шумо?
Сафия: Нағз, раҳмат. Биёед дароед.
Марям: Раҳмат. Дафъаи гузашта мо дар бораи он ки Худо ба ранҷу азоби одамон чӣ хел муносибат мекунад, гап зада будемa. Шумо гуфта будед, ки ин савол шуморо кайҳо боз ғам медиҳад, хусусан баъди он ки модаратон ба садама дучор шуданд. Гуфтагӣ барин, ҳозир аҳволи он кас чӣ хел?
Сафия: Рости гап, як рӯз созу як рӯз не. Лекин, шукри Худо имрӯз нағз.
Марям: Хайр нағз, ман хурсанд. Дар ин хел вақтҳо рӯҳияи хубро нигоҳ доштан душвор будагист.
Сафия: Рост. Баъзан азоби он касро дида дилам об мешавад ва фикр мекунам, ки ин то кай давом мекарда бошад.
Марям: Ҳа, шуморо фаҳмидан мумкин. Агар дар ёдатон бошад, он дафъа ман ваъда дода будам, ки ба саволи «Чаро Худои пурқудрат ба ранҷу азобҳо хотима намебахшад?» ҷавоб медиҳам.
Сафия: Ҳа, дар ёдам ҳаст.
Марям: Ба ин савол аз Китоби Муқаддас ҷавоб меёбем. Лекин пеш аз ин биёед баъзе фикрҳоро аз суҳбати гузаштаамон ба ёд орем.
Сафия: Майлаш.
Марям: Мо фаҳмидем, ки ҳатто пайғамбарон савол медоданд, ки барои чӣ Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад. Вақте як пайғамбар ин саволро дод, Худо ӯро сарзаниш накард ва шаккок наномид.
Сафия: Ҳа, ин фикр барои ман нав буд.
Марям: Боз гуфта будем, ки Худо тобу тоқати азоби моро надорад. Масалан, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо «ҳар як азоби онҳоро [халқашро] дида азоб мекашид»b. Фикри зӯр-а? Одамро тасаллӣ медиҳад.
Сафия: Ҳа, рост мегӯед.
Марям: Дар охир мо ба хулоса омадем, ки Парвардигори олам, ки қуввати бузург дорад, кадом вақте ки хоҳад, ба ранҷу азоби одамизод хотима бахшида метавонад.
Сафия: Медонед, ман ҳаминро намефаҳмам. Барои чӣ Худои пурқудрат ҳозир пеши роҳи чунин чизҳои даҳшатоварро намегирад?
КӢ ҲАҚҚИ ГАПРО МЕГУФТ?
Марям: Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, биёед ба Китоби Муқаддас, ба китоби якуми Мӯсо, нигоҳ кунем. Шумо дар бораи он ки чӣ хел Одаму Ҳавво амри Худоро вайрон карда меваи манъшударо хӯрданд, шунида будед?
Сафия: Ҳа. Ба ман нақл карда буданд, ки Худо ба онҳо амр дод, ки аз меваи як дарахт нахӯранд, лекин онҳо гӯш надоданд.
Марям: Дуруст. Ба фикратон, Одаму Ҳавворо ба ин гуноҳ чӣ тела дод? Ҷавоби ин савол барои фаҳмидани сабаби ранҷу азоби одамон кумак мерасонад. Шумо метавонед китоби 1 Мӯсо боби 3, оятҳои аз 1 то 5-ро хонед?
Сафия: Майлаш. «Мор аз ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии саҳро, ки Яҳува Худо офарида буд, ҳушёртар буд. Вай ба зан гуфт: “Оё Худо дар ҳақиқат гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?” Зан ба мор гуфт: “Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем. Лекин дар бораи дарахте, ки дар миёнаҷойи боғ аст, Худо чунин гуфт: “Аз он нахӯред ва ба меваи он ҳатто даст нарасонед, мабодо бимиред”. Он гоҳ мор ба зан гуфт: “Не, намемиред, балки Худо медонад, ки, ҳамон рӯзе ки аз он бихӯред, чашмонатон кушода мешавад ва шумо монанди Худо донандаи неку бад мегардед”».
Марям: Раҳмати калон. Биёед дар бораи ин оятҳо камтар фикр кунем. Дар аввал аҳамият диҳед, ки бо зан, яъне бо Ҳавво, мор гап зад. Дигар ояти Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ба воситаи мор дар асл Шайтон Иблис гап задc. Вай аз Ҳавво дар бораи амре, ки Худо оид ба як дарахт дода буд, пурсид. Диққат додед, ки агар Одаму Ҳавво меваи ин дарахтро мехӯрданд, бо онҳо чӣ мешуд?
Сафия: Онҳо мемурданд.
Марям: Дуруст. Аҳамият диҳед, ки баъд Шайтон бар зидди Худо баромада ба Ҳавво гуфт, ки «не, намемиред». Бо ин суханонаш Шайтон Худоро айбдор карда дурӯғгӯй номид.
Сафия: Аҷоиб, инро якум бор мешунавам.
Марям: Худоро дурӯғгӯй номида Шайтон масъалаеро бардошт, ки барои ҳалли он вақт лозим буд. Ба фикратон, барои чӣ онро дар ҷояш ҳал карда намешуд?
Сафия: Мм... намедонам.
Марям: Як мисол меорам. Фарз мекунем, ки ман як рӯз ба назди шумо омада, мегӯям, ки аз шумо дида бақувваттарам. Чӣ тавр шумо исбот мекардед, ки суханони ман нодурустанд?
Сафия: Намедонам, шояд, қувваозмоӣ мекардем.
Марям: Ҳа, барои мисол санҷидан мумкин, ки кадоме аз мо чизи вазнинтарро бардошта метавонад. Касе, ки бурад, бақувваттар аст. Исбот кардани ин душвор нест.
Сафия: Ҳа, рост.
Марям: Лекин, агар гап дар бораи қувва нею, дар бораи боинсофӣ равад-чӣ? Ҳал кардани ин масъала аллакай душвортар-а?
Сафия: Аз афташ, ҳа.
Марям: Албатта, боинсоф будан ё набудани шахсро бо мусобиқа аниқ карда намешавад.
Сафия: Рост.
Марям: Танҳо вақт нишон медиҳад, ки кадоме аз мо боинсофтарем, зеро дигарон метавонанд мушоҳида карда фаҳманд, ки дар ҳақиқат кӣ боинсофтар аст.
Сафия: Гапатон ҷон дорад.
Марям: Акнун биёед боз ба китоби 1-уми Мӯсо нигоҳ кунем. Оё Шайтон худро аз Худо зӯртар гирифт?
Сафия: Не.
Марям: Агар вай чунин мегуфт, Худо ин фикрро дарҳол рад мекард. Лекин Шайтон даъво кард, ки вай аз Худо дида боинсофтар аст. Дигар хел карда гӯем, вай ба Ҳавво гуфт, ки «Худо шуморо фиреб медиҳад. Ман бошам, ҳаққи гапро ба шумо мегӯям».
Сафия: Аҷоиб.
Марям: Худои бохирад медонист, ки вақт лозим аст, то исбот гардад, ки ҳақ бар ҷониби кист.
САВОЛИ БАҲСТАЛАБ
Сафия: Магар баъди марги Ҳавво исбот нашуд, ки Худо ҳаққи гапро мегуфт?
Марям: Аз як тараф, ҳа. Лекин Шайтон на фақат ин масъаларо бардошта буд. Як бор ба ояти 5-ум нигоҳ кунед, Шайтон ба Ҳавво боз чӣ гуфт?
Сафия: Вай гуфт, ки, агар аз меваи он дарахт хӯрад, ҳамон рӯз чашмонаш кушода мешавад.
Марям: Дуруст, ва ӯ «монанди Худо донандаи неку бад» мешавад. Бо ин суханонаш Шайтон гуфт, ки Худо аз одамон чизи хубро пинҳон мекунад.
Сафия: Фаҳмо.
Марям: Ҳамин хел Шайтон Худоро боз ба як чизи дигар айбдор кард.
Сафия: Ба чӣ?
Марям: Шайтон ба Ҳавво гӯё гуфт, ки ӯ ва умуман тамоми одамизод, бе ҳукмронии Худо низ нағз зиндагӣ карда метавонанд. Яҳува медонист, ки роҳи беҳтарини ҳалли ин масъала ба Шайтон вақт додан мебошад, то ҳақ буданашро исбот кунад. Барои ҳамин Худо роҳ дод, ки Шайтон дар давоми вақти муайян ҳокими ин ҷаҳон шавад. Ана барои чӣ имрӯз дар гирду атрофи мо ин қадар воқеаҳои даҳшатовар рӯй медиҳанд. Ҳозир ҳокими ин ҷаҳон Шайтон аст, на Худоd. Лекин вазъият беилоҷ нест.
Сафия: Чӣ хел?
Марям: Китоби Муқаддас дар бораи Худо ду ҳақиқати олиҷанобро мекушояд. Якум, вақте мо азоб мекашем, Яҳува ҳамеша дар бари мост. Инро аз суханони шоҳ Довуд, ки дар Забур 31:7 навишта шудаанд, фаҳмидан мумкин аст. Довуд дар ҳаёти худ бисёр азоб кашид, лекин аҳамият диҳед, ки ӯ дар дуояш чӣ гуфт. Ин оятро мехонед?
Сафия: Майлаш. Дар ин ҷо гуфта шудааст: «Ҷонам аз меҳру вафоят бисёр шодӣ мекунад, зеро ту андуҳи маро дидаӣ ва аз азоби ҷонам бохабарӣ».
Марям: Раҳмат. Бинед, Довуд азоб мекашид, лекин донистани он ки Яҳува ҳамаи инро мебинад, ба ӯ қувват мебахшид. Магар донистани он ки Яҳува ҳама чизро мефаҳмад, ҳатто ғаму алами моро, ки дигарон то охир фаҳмида наметавонанд, тасаллибахш нест?
Сафия: Албатта, тасаллибахш аст.
Марям: Дуюм, Худо намегузорад, ки ранҷу азоб беохир давом кунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ба қарибӣ Худо ҳукмронии Шайтонро нест мекунад. Ӯ тамоми ғаму дард ва чизҳои даҳшатоварро, аз ҷумла он чизеро, ки сабаби дарду азоби шумою модаратон шудааст, бартараф месозад. Агар хоҳед, ҳафтаи дигар дар бораи он ки чаро мо дилпур буда метавонем, ки Худо ҳатман ба тамоми ранҷу азобҳо хотима мебахшад, гап мезанемe.
Сафия: Зӯр, майлаш.
Оё шумо ба ягон саволе, ки бо Китоби Муқаддас алоқаманд аст, ҷавоб ёфтан мехоҳед? Оё дар бораи фаъолият ва эътиқоди Шоҳидони Яҳува фаҳмидан мехоҳед? Агар ҳа, пас шарм накарда ҷавоби ин саволҳоро аз Шоҳидони Яҳува пурсед. Онҳо бо камоли майл ба шумо кумак мекунанд, ки ба ҳама саволҳоятон ҷавоб ёбед.
a Ба мақолаи «Суҳбат дар асоси мавзуъҳои Китоби Муқаддас. Оё Худо ба ранҷу азоби мо бепарво аст?», ки дар нашри оммавии «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 июли соли 2013 омадааст, нигаред.
b Ба Ишаъё 63:9 нигаред.
c Ба Ошкорсозӣ 12:9 нигаред.
d Ба Юҳанно 12:31 ва 1 Юҳанно 5:19 нигаред.
e Барои гирифтани маълумоти бештар ба боби 9-уми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» (адабиёти Шоҳидони Яҳува) нигаред.