ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Ҳақиқат ҳаёти хоҳаронро дигар кард
«БАС КУН, дигар гап назан,— дод зада гуфт хоҳари хурдиям, Арасели.— Дар бораи динат ҳеҷ чиз шунидан намехоҳам. Ман аз ин худро бад ҳис мекунам. Ман туро чашми дидан надорам!» Шунидани ин суханон бароям хеле дардовар буданд. Ҳоло ман 91-солаам ва ин суханон ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳанд. Лекин чи тавре ки дар Воиз 7:8 гуфта шудааст, «оқибати кор беҳ аз оғози он» (Фелиса).
Фелиса: Ман дар оилаи худотарсе ба дунё омадам. Дар байни хешу таборамон 13 нафар коҳин буданд ё дар калисои католикӣ хизмат мекарданд. Як холазодаи модарам коҳин буд ва дар мактаби католикӣ дарс медод. Баъди марги ин тағоям Попи Рум Иоанн Павели II ӯро ба қатори муқаддасон даровард. Мо камбағал будем. Падарам оҳангар буд, модарам бошад, дар саҳро кор мекард. Мо дар оила ҳашт фарзанд будем ва ман калонӣ будам.
Вақте ман 12-сола будам, дар Испания ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Баъди ҷанг падарамро ҳабс карданд, чунки ақидаҳои сиёсии ӯ ба ҳокимиятдорон маъқул набуд. Барои модарам таъмин кардани оила душвор буд, барои ҳамин як дугонааш маслиҳат дод, ки се хоҳари хурдиам — Арасели, Лаури ва Рамониро ба дайриa шаҳри Билбао фиристад. Дар он ҷо хоҳаронам хӯроки лозима дошта метавонистанд.
Арасели: Он вақт ман 14-сола, Лаури 12 ва Рамони 10-сола буданд. Аз оила ҷудо шудан бароямон хеле душвор буд. Дар Билбао мо бо рӯбучин машғул будем. Баъди ду сол роҳибагон моро ба дайри калон, ки он ҷо пиронсолонро нигоҳубин мекарданд, фиристоданд. Он дайр дар шаҳри Сарагоса воқеъ буд. Мо бо рӯбучини ошхона машғул будем ва аз ин сахт монда мешудем.
Фелиса: Вақте хоҳаронам ба дайри Сарагоса рафтанд, модарам ва тағоям, ки коҳини маҳаллӣ буд, қарор карданд, ки маро низ ба дайр фиристанд. Онҳо мехостанд маро аз ҷавоне ки ман ба ӯ маъқул будам, дур созанд. Ман духтари худотарс будам, барои ҳамин фикри ба дайр рафтан маъқул шуд. Ман ҳар рӯз ба калисо мерафтам ва ҳатто орзу мекардам, ки мисли писари холаам, ки дар Африқо буд, миссионер шавам.
Роҳибагон хоҳиши дар мамлакати дигар ба Худо хизмат карданамро дастгирӣ намекарданд ва дар дайр ман худро дар зиндон ҳис мекардам. Баъди як сол ман ба хона баргаштам ва тағоямро, ки коҳини маҳаллӣ буд, нигоҳубин мекардам. Ман корҳои хонаи ӯро мекардам ва мо ҳар шом ҳамроҳи тағоям бо тасбеҳ дуо мегуфтем. Ҳамчунин ба ман дар калисо ҷобаҷо кардани гулҳо ва оро додани расму тасвири Маряму муқаддасон маъқул буд.
Арасели: Вақте ман дар Сарагоса будам, барои роҳиба шудан ваъдаи аввалинамро додам. Баъди ин роҳибагон қарор бароварданд, ки ману хоҳаронамро аз ҳам ҷудо мекунанд. Онҳо маро ба дайри Мадрид ва Лауриро ба дайри Валенсия фиристоданд. Хоҳарамон Рамони бошад, дар Сарагоса монд. Дар Мадрид ман ваъдаи дуюмамро додам. Одамони зиёд барои сарпаноҳ ба дайр меомаданд, аз он ҷумла донишҷӯён ва пиронсолон. Барои ҳамин дар он ҷо кор бисёр буд. Ман дар беморхонаи дайр кор мекардам.
Росташро гӯям, ман интизор будам, ки ҳаётам дар дайр хеле хурсандибахш мешавад. Ман гумон мекардам, ки барои хониш ва фаҳмидани Китоби Муқаддас вақти бисёр ҷудо мекунам. Лекин ҳама умедам барбод рафт. Ҳеҷ кас Китоби Муқаддасро истифода намебурд ва ҳатто дар бораи Худо ва Исо гап намезад. Ман фақат каме забони лотинӣ ва ҳаёти «муқаддасон»-и дини католикиро омӯхтам. Ҳамчунин парастиши Марямро ёд гирифтам. Лекин аксар вақт ман бо кори сахти ҷисмонӣ машғул будам.
Ман ғаму ташвиш мехӯрдам, барои ҳамин бо роҳибаи калони дайр гап задам. Ман ба ӯ гуфтам, ки оилаам ба ёрдами ман мӯҳтоҷ аст ва дар ин ҷо барои кисаи дигарон меҳнат карданам маъное надорад. Ин роҳиба маро дар як хона маҳкам кард, ӯ умед дошт, ки ман аз фикрам мегардам.
Каме баъд роҳибагон маро озод карданд, лекин вақте фаҳмиданд, ки ман аз фикрам нагаштаам, аз нав маҳкам карданд. Ин воқеа се бор такрор шуд. Онҳо гуфтанд, ки ман метавонам аз дайр равам, агар чунин нависам: «Ман аз ин ҷо меравам, чунки ба шайтон хизмат кардан мехоҳам, на ба Худо». Аз ин талаби онҳо ҳуш аз сарам парид. Албатта, ман мехостам аз дайр равам, лекин ҳеҷ гоҳ чунин суханонро навишта наметавонистам. Оқибат ман бо коҳин гап задам ва воқеаро фаҳмондам. Ӯ аз епископ иҷозат гирифт, то маро аз нав ба дайри Сарагоса фиристанд. Баъди якчанд моҳ ба ман иҷозат доданд, ки аз дайр равам. Каме пас аз ин Лаури ва Рамони ҳам аз дайр рафтанд.
КИТОБЕ КИ МОРО ҶУДО КАРД
Фелиса: Якчанд вақт пас ман оиладор шудам ва ба Кантабрия кӯчидам. Ман ҳанӯз ҳар ҳафта ба калисо мерафтам. Як рӯзи якшанбе коҳин ба қаҳр омада дод зад: «Ба ин китоб нигоҳ кунед!» Ӯ ба мо китоби «Ҳақиқате ки сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад»-ро нишон дод. Коҳин гуфт: «Агар касе ба шумо ин китобро диҳад, онро ба ман оред ё гирифта партоед!»
Ман ин китобро надоштам, лекин доштан мехостам. Баъди якчанд рӯз ду зан ба хонаам омаданд. Онҳо Шоҳиди Яҳува буданд ва ба ман он китобро доданд. Ман худи ҳамон шаб китобро хондам. Вақте он занҳо омаданд, онҳо ба ман омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш карданд ва ман розӣ шудам.
Ман доимо мехостам, ки дили Худоро хурсанд кунам. Вақте ман ҳақиқатро дар бораи Яҳува фаҳмидам, муҳаббатам нисбати Ӯ зиёд шуд. Ман мехостам, ки ба ҳама дар бораи Худо гап занам. Соли 1973 ман таъмид гирифтам. Чи қадаре ки метавонистам, ман кӯшиш мекардам, ки ба аҳли оилаам дар бораи ҳақиқат гап занам. Лекин аъзоёни оилаам, хусусан хоҳарам Арасели ба эътиқоди ман сахт зид буданд.
Арасели: Аз сабаби он чизе ки дар дайр аз сар гузарондам, аз динам сахт норозӣ будам. Лекин ман ҳар рӯзи якшанбе ба калисо мерафтам ва ҳар рӯз бо тасбеҳ дуо мегуфтам. Ман то ҳол мехостам, ки Китоби Муқаддасро фаҳмам ва барои ин аз Худо кӯмак мепурсидам. Он вақт апаам Фелиса ба ман дар бораи чизҳои фаҳмидааш нақл мекард. Фелиса чунон бо ҷӯшу хурӯш гап мезад, ки ман гумон кардам, ки ӯ девона шудааст. Ман бо суханони ӯ розӣ набудам.
Баъди якчанд моҳ ман барои коркунӣ ба Мадрид баргаштам ва он ҷо оиладор шудам. Он вақт ман аҳамият додам, ки касоне ки доимо ба калисо мераванд, дар асл аз рӯи таълимоти Исо зиндагӣ намекунанд. Аз ин рӯ ман ба калисо рафтанро бас кардам. Ман дигар ба «муқаддасон»-у оташи дӯзах бовар надоштам ва дигар фикр намекардам, ки коҳинон гуноҳҳоро бахшида метавонанд. Ман ҳатто ҳамаи тасвирҳои диниамро нест кардам. Ман намедонистам, ки оё дуруст рафтор карда истодаам ё не. Ман худро ғамгин ҳис мекардам, аммо ба ин нигоҳ накарда ба Худо дуо гуфтам: «Ман дар бораи ту фаҳмидан мехоҳам. Илтимос, ба ман мадад расон!» Ман дар ёд дорам, ки Шоҳидони Яҳува якчанд бор дари маро тақ-тақ карда буданд, аммо ман дарро накушодам. Ман ба ягон дин бовар надоштам.
Аввалҳои солҳои 1980-ум хоҳаронам, Лаури ва Рамони, ки яке дар Фаронса ва дигаре дар Испания зиндагӣ мекард, омӯзиши Китоби Муқаддасро бо Шоҳидон сар карданд. Ман боварии комил доштам, ки онҳо низ мисли Фелиса дарк намекунанд, ки чизҳои дурӯғро таълим гирифта истодаанд. Баъдтар ман бо як ҳамсояам, ки Анҷелина ном дошт, дӯсти наздик шудам. Ӯ ҳам яке аз Шоҳидони Яҳува буд. Анҷелина ва ҳамсараш ба ман омӯзиши Китоби Муқаддасро якчанд бор пешкаш карда буданд. Онҳо медонистанд, ки ҳарчанд ман ба дин шавқ зоҳир накунам ҳам, ташнаи ҳақиқатам. Охиру оқибат ман ба онҳо гуфтам: «Майлаш. Ман розиям, ки бо шумо омӯзиш кунам, аммо танҳо аз рӯи Китоби Муқаддаси худам». Китоби Муқаддаси ман тарҷумаи Накар-Колунга буд.
КИТОБИ МУҚАДДАС МОРО МУТТАҲИД СОХТ
Фелиса: Вақте ки ман соли 1973 таъмид гирифтам, дар маркази вилояти Кантабрия, шаҳри Сантандер, танҳо 70 Шоҳид буд. Мо ба садҳо қишлоқҳои ин вилоят сафар мекардем, то ба ҳамаи одамон мавъиза кунем. Мо бо автобус ва баъдтар бо мошин аз як қишлоқ ба қишлоқи дигар сафар мекардем.
Тӯли солҳо ман бо одамони зиёде Китоби Муқаддасро омӯхтам ва 11 нафари онҳо таъмид гирифт. Бисёре аз омӯзандагони ман пайрави дини католикӣ буданд. Барои бо онҳо омӯзиш кардан ба ман сабру тоқат даркор буд. Мисли ман ба онҳо вақт лозим буд, то дарк кунанд, ки эътиқодашон нодуруст аст. Ман медонистам, ки танҳо Китоби Муқаддас ва рӯҳи муқаддаси Яҳува ба одамон кӯмак карда метавонад, то тарзи фикррониашонро дигар кунанд ва ҳақиқатро фаҳманд (Ибр. 4:12). Шавҳарам Биенвенидо, ки пеш корманди полис буд, соли 1979 таъмид гирифт. Модарам пеш аз маргаш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буд.
Арасели: Вақте ки ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам, ба Шоҳидон бовар намекардам. Аммо баъди якчанд ҳафта ман ҳис кардам, ки ҳама шубҳаҳоям бартараф шуданд. Шоҳидони Яҳува на танҳо Китоби Муқаддасро таълим медоданд, балки мувофиқи он амал мекарданд. Имони ман ба Яҳува ва Каломаш зиёд шуд ва ман худро хеле хурсанд ҳис мекардам. Баъзе аз ҳамсоягонам ин дигаргуниро дар ман пай бурда гуфтанд: «Арасели роҳи интихобкардаатро давом деҳ!»
Ман ин дуои худро дар хотир дорам: «Раҳмат ба Ту Яҳува, ки аз ман рӯй нагардондӣ ва ба ман ин қадар имконият додӣ, то чизеро ки дер боз ҷустуҷӯ мекардам — дониши ҳақиқии Китоби Муқаддасро ёбам». Ман аз апаам Фелиса барои суханони дардоваре, ки ба ӯ гуфта будам, бахшиш пурсидам. Аз ҳамон лаҳза мо дигар баҳсу мунозира намекардем, балки дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат менамудем. Ман соли 1989 дар синни 61-солагӣ таъмид гирифтам.
Фелиса: Ҳоло ман 91-солаам. Шавҳарам вафот кард. Ман ҳоло мисли пештара хизмат карда наметавонам. Лекин ман ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехонам ва аз рӯи имкон ба вохӯриву хизмат меравам.
Арасели: Шояд аз сабаби он ки худам роҳиба будам, ба ман мавъиза кардан ба ҳама коҳинон ва роҳибагоне ки дар хизмат вомехӯрдам, маъқул буд. Ман бо баъзеи онҳо сӯҳбатҳои шавқовар карда будам ва бисёриҳо китобу маҷаллаҳо гирифта буданд. Ман махсусан як коҳинро дар хотир дорам. Баъди он ки мо якчанд бор бо ӯ сӯҳбат кардем, ӯ гуфт: «Арасели, ман бо ту пурра розиям, лекин дар ин синну сол ман куҷо меравам? Пайравони калисо ва аъзоёни оилаам чӣ мегӯянд?» Ман ҷавоб додам: «Лекин Худо чӣ мегӯяд?» Ӯ ғамгинона бо суханонам розӣ шуд, аммо маълум буд, ки барои дигаргун кардани ҳаёташ ба ӯ ҷасорат намерасид.
Ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд, ки чӣ тавр рӯзе шавҳарам гуфт, ки ҳамроҳам ба вохӯрӣ рафтан мехоҳад. Вақте ки шавҳарам бори аввал ба ҷамъомад рафт, синнаш аз 80 гузашта буд. Аз он вақт инҷониб ӯ вохӯриҳоро тарк намекард. Ӯ Китоби Муқаддасро омӯхт ва воизи таъмиднаёфта шуд. Аз хизмати якҷояамон хотираҳои ширине боқӣ мондаанд. Ӯ ду моҳ пеш аз рӯзе ки бояд таъмид мегирифт, вафот кард.
Фелиса: Вақте ман хизмати Яҳуваро сар кардам, се хоҳарам ба ман зид баромаданд. Лекин дертар онҳо низ ҳақиқатро қабул карданд. Ин яке аз беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти ман буд. То чӣ андоза хурсандем мо, ки якҷоя дар бораи Худои меҳрубонамон — Яҳува ва Каломи Ӯ сӯҳбат мекунем! Оқибат, ҳамаи мо хизматгори Яҳува шудемb.
a Ҷойи иқомат ва ибодат мебошад, ки дар он ҷо рӯҳониёне зиндагӣ мекунанд, ки тарки дунё кардаанд. Заноне ки дар дайр зиндагӣ мекунанд, роҳибагон мебошанд.
b Рамони ҳоло 83-сола аст, Фелиса 91 ва Арасели 87. Ҳамаи онҳо ҳоло ҳам содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд. Лаури бошад, соли 1990 чун ходими содиқи Худо вафот кард.