Дарси 2
Худо кист?
Худои ҳақиқӣ кист ва Ӯ чӣ ном дорад? (1, 2)
Шакли Ӯ чӣ гуна аст? (3)
Хусусиятҳои барҷастаи Ӯ кадоманд? (4)
Оё дар ибодат ба Ӯ тасвир ё рамзҳоро истифода бурдан мумкин аст? (5)
Бо кадом ду роҳ Худоро хубтар шинохтан мумкин аст? (6)
1. Одамон ба чизҳои гуногун ибодат мекунанд. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки танҳо як Худои ҲАҚИҚӢ вуҷуд дорад. Ӯ тамоми чизҳои дар осмону замин мавҷудбударо офаридааст. Азбаски барои мо ҳаёт бахшидааст, мо бояд танҳо Ӯро ибодат намоем (1 Қӯринтиён 8:5, 6; Ваҳй 4:11).
2. Худо унвонҳои зиёд, вале танҳо як ном дорад. Номи Ӯ ЯҲУВА аст. Дар аксарияти тарҷумаҳои Китоби Муқаддас номи Худоро бо унвонҳои Худованд, Парвардигор ё Офаридгор иваз кардаанд. Аммо дар нахустнусхаи Китоби Муқаддас номи Худо — Яҳува тақрибан 7000 маротиба вомехӯрад! (Хуруҷ 3:15; Забур 83:18, ТФ [82:19]).
3. Яҳува шакл дорад, вале он ба мо монанд нест. «Худо рӯҳ аст»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Юҳанно 4:24). Рӯҳ — шакли зиндагиест, ки аз зиндагии мо хеле мураккабтар мебошад. Худоро ҳеҷ кас ягон бор надидааст. Яҳува дар осмон зиндагӣ мекунад, вале ҳамаро мебинад (Забур 10:4, 5; Юҳанно 1:18). Рӯҳулқудс бошад, мисли Худо шахс нест. Он нерӯи фаъоли Худо мебошад (Забур 103:30).
4. Китоби Муқаддас шахсияти Худоро тасвир мекунад. Дар он хусусиятҳои асосии Ӯ — муҳаббат, адолат, хирад ва қувват тасвир шудаанд (Такрори Шариат 32:4; Айюб 12:13; Ишаъё 40:26; 1 Юҳанно 4:8). Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки Худо ҳамчунин раҳим, меҳрубон, бахшанда, олиҳиммат ва пурсабр аст. Мо, ҳамчун фарзандони итоаткор, бояд барои ба Ӯ пайравӣ намудан бикӯшем (Эфсӯсиён 5:1, 2).
5. Оё дар ибодат ба Худо бут, тасвир ё рамзҳоро истифода бурдан мумкин аст? Не! (Хуруҷ 20:4, 5). Яҳува мегӯяд, ки мо бояд танҳо Ӯро ибодат намоем. Ӯ ҷалоли Худро ба касе ё чизе нахоҳад дод. Тасвирҳо қуввати ба мо кӯмакдиҳӣ надоранд (Забур 113:12–16; Ишаъё 42:8).
6. Чӣ гуна Худоро хубтар шинохтан мумкин аст? Яке аз ин роҳҳо — мушоҳидаи офаридаҳои Ӯ ва дар бораи онҳо андеша кардан аст, ки дар бораи Худо чӣ мегӯянд. Офаридаҳои Худо ба мо дар бораи қудрат ва хиради бузурги Ӯ шаҳодат медиҳанд. Дар ҳар чизе ки Худо офаридааст, муҳаббати Ӯ аён мебошад (Забур 18:2-7; Румиён 1:20). Роҳи дуюми Худоро шинохтан — омӯзиши Китоби Муқаддас аст. Зиёдтар ба воситаи он Ӯ дар бораи чӣ гуна Худо буданаш нақл мекунад. Дар он Ӯ ҳамчунин дар бораи ниятҳои Худ ва чиро аз мо интизор буданашро мегӯяд (Омӯс 3:7; 2 Тимотиюс 3:16, 17).
[Тасвири саҳифаи 5]
Худоро мо аз рӯи офаридаҳои ӯ ва Китоби Муқаддас шинохта метавонем