Боби понздаҳ
Маслиҳатро бишнавед ва насиҳатро қабул намоед
1. а) Чаро ҳамаи мо ба маслиҳату насиҳат мӯҳтоҷем? б) Кадом саволро мо бояд дида бароем?
«ҲАМАИ мо бисёр пешпо мехӯрем»,— гуфта мешавад дар Яъқуб 3:2. Ҳар яки мо медонем, ки дар зиндагӣ мувофиқи гуфтаҳои Каломи Худо амал накарда, ба бисёр хатоҳо роҳ додаем. Бинобар ин, мо ҳақ будани суханони Китоби Муқаддасро эътироф менамоем, ки мегӯяд: «Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ» (Масалҳо 19:20). Бешубҳа, мо аллакай ҳаёти худро тағйир дода, онро ба таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқ сохтаем. Аммо вақте ки ҳамимонамон оиди масъалаи муайяне ба мо маслиҳат медиҳад, мо чӣ тавр рафтор менамоем?
2. Ҳангоме ки ба мо маслиҳат медиҳанд, мо чӣ гуна бояд рафтор кунем?
2 Баъзе шахсон дар чунин мавридҳо мекӯшанд худро сафед кунанд, ҷиддияти масъаларо кам созанд ва ё гуноҳро ба гардани дигарон бор кунанд. Вале беҳтараш он аст, ки ба маслиҳат гӯш диҳем ва мувофиқи он амал намоем (Ибриён 12:11). Албатта, ҳеҷ кас набояд аз дигарон комилиятро интизор бошад доимо дар чизҳои майда–чуйда ё дар мавзӯъҳое, ки Китоби Муқаддас ба интихоби шахсӣ ҳавола мекунад, маслиҳат диҳад. Илова бар ин, шояд шахси маслиҳатдеҳ тамоми ҷузъиёти масъаларо ба назар нагирифта бошад — он гоҳ боэҳтиромона инро ба самъи ӯ расонидан мумкин аст. Аммо биёед дар ин боб оиди маслиҳат ва насиҳату мазаммати бамавриде, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст, муҳокима ронем. Дар чунин лаҳзаҳо чӣ гуна бояд рафтор кард?
Намунаҳои адабомӯз
3, 4. a) Чӣ гуна Китоби Муқаддас ба мо дар пайдо намудани нигоҳи дуруст ба маслиҳату мазаммат кӯмак мерасонад? б) Подшоҳ Шоул дар ҷавоби мазаммати Яҳува чӣ тавр рафтор кард ва ин оқибат бо чӣ анҷом ёфт?
3 Каломи Худо дорои намунаҳои аз ҳаёт гирифташудаи шахсоне мебошад, ки ба онҳо маслиҳати лозима дода шуда буд. Гоҳо ба ин гуна маслиҳат насиҳату мазаммат низ илова мешуд. Яке аз чунин шахсон подшоҳи Исроил Шоул буд. Ӯ аз гуфтаҳои Яҳува оиди халқи Амолеқ сар печид. Азбаски амолеқиён дар гузашта ба ходимони Худо мухолифат мекарданд, ҳукми Яҳува ин буд, халқи Исроил амолеқиён ва чорвои онҳоро нобуд созад. Вале подшоҳ Шоул шоҳи онҳо ва ҳайвонҳои беҳтарини онҳоро зинда гузошт (1 Подшоҳон 15:1–11).
4 Яҳува пайғамбари худ Самуилро назди Шоул фиристод, то ӯро мазаммат намояд. Шоул дар ҷавоб чӣ гуна рафтор кард? Ӯ исрор намуд, ки амолеқиёнро торумор карда, танҳо подшоҳашонро зинда гузоштааст. Вале ин амал бархилофи амри Яҳува буд (1 Подшоҳон 15:20). Шоул айби дареғ доштани чорворо ба гардани қавм гузошта гуфт, ки аз қавм тарсида, ба суханони онҳо гӯш дод (1 Подшоҳон 15:24). Аниқтараш ӯ бештар дар бораи обрӯи худ фикр мекард ва ҳатто аз Самуил дархост кард, ки ӯро дар назди қавм иззат намояд (1 Подшоҳон 15:30). Оқибат Яҳува Шоулро аз подшоҳӣ маҳрум сохт (1 Подшоҳон 16:1).
5. Вақте ки подшоҳ Узиё маслиҳатро рад намуд, бо ӯ чӣ рӯй дод?
5 Подшоҳи яҳудиён Узиё «ба Худованд Худои худ хиёнат кард, ва ба маъбади Худованд даромад, то ки бухур бар қурбонгоҳи бухур бисӯзонад» (2 Вақоеънома 26:16). Вале мувофиқи шариат танҳо коҳинон ба бухур сӯзондан ҳуқуқ доштанд. Вақте ки саркоҳин хост Узиёро аз ин кор боздорад, подшоҳ ба ғазаб омад. Сипас чӣ ҳодиса рӯй дод? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Махав бар пешонии ӯ пайдо шуд... зеро ки Худованд ӯро ба бало гирифтор карда буд. Ва подшоҳ Узиё то рӯзи фавти худ махавӣ буд» (2 Вақоеънома 26:19–21).
6. a) Чаро Шоул ва Узиё маслиҳату мазамматро қабул накарданд? б) Барои чӣ рад намудани маслиҳат имрӯз низ хатои ҷиддиест?
6 Чаро ба Шоул ва Узиё пазируфтани маслиҳату мазаммат душвор буд? Сабаби асосӣ дар он буд, ки онҳо мағрур буданд ва худро шахсони бузурге мепиндоштанд. Бисёр одамон аз боиси доштани чунин хислат худро ба ғаму андӯҳ гирифтор месозанд. Эҳтимол онҳо фикр мекунанд, ки қабули маслиҳат ба камбудӣ доштани онҳо ишора хоҳад кард ва обрӯву эътиборашонро хоҳад рехт. Аммо ғурур сустии шахсро нишон медиҳад. Он фикрронии касро вайрон месозад ва дар натиҷа, шахс кӯмакеро, ки Яҳува тариқи Калом ва созмони худ фароҳам меорад, рад менамояд. Аз ин рӯ, Яҳува огоҳ мекунад: «Моқабли шикаст ғурур аст, ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ» (Масалҳо 16:18; Румиён 12:3).
Қабули маслиҳат
7. Аз рафтори Мусо мо чӣ дарсе мегирем?
7 Дар Навиштаҳо инчунин намунаҳои хуби шахсоне оварда шудааст, ки маслиҳатро қабул менамуданд ва мо дар навбати худ метавонем аз ин намунаҳо таълим гирем. Биёед намунаи Мусоро дида бароем. Падарарӯси Мусо ба ӯ оиди тарзи иҷро кардани кори вазнине, ки бар дӯш дошт, маслиҳат дод ва Мусо ба машварати падарарӯсаш гӯш дода, дарҳол онро ба кор бурд (Хуруҷ 18:13–24). Чаро Мусо бо вуҷуди қудрати зиёд доштанаш, машваратро қабул намуд? Чунки ӯ марди ҳалиму «бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст» (Ададҳо 12:3). То чӣ андоза ҳалим будан муҳим аст? Дар Сафанё 2:3 гуфта мешавад, ки аз ин ҳаёти мо вобаста мебошад.
8. a) Довуд чӣ гуна гуноҳҳо содир кард? б) Рафтори Довуд дар ҷавоби мазаммати Нотон чӣ гуна буд? в) Гуноҳҳои Довуд ба чӣ оқибат оварда расонданд?
8 Довуди подшоҳ бо Батшобаъ зино кард ва мехост ин амали худро бо куштани шавҳараш Уриё пинҳон созад. Яҳува барои мазаммат намудани Довуд пайғамбар Нотонро фиристод. Довуд тавба намуда, дарҳол иқрор шуд: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам» (2 Подшоҳон 12:13). Гарчанде ки Худо тавбаи Довудро пазируфт, ӯро аз оқибатҳои талхи амали нодурусташ раҳо накард. Яҳува ба ӯ гуфт: «Шамшер аз хонаи ту... дур нахоҳад шуд... ва занони туро... ба ёри ту хоҳам дод,... он писар низ, ки барои ту [аз зино] таваллуд ёфтааст, албатта хоҳад мурд» (2 Подшоҳон 12:10, 11, 14).
9. Вақте ки ба мо маслиҳат медиҳанд ё моро насиҳату мазаммат мекунанд, чиро набояд фаромӯш кунем?
9 Подшоҳ Довуд медонист, ки ба маслиҳати хуб гӯш додан муфид аст. Боре ӯ аз шахсе маслиҳат гирифт ва барои ин Худоро шукргузорӣ намуд (1 Подшоҳон 25:32–35). Оё тарзи фикрронии мо низ чунин аст? Агар ин тавр бошад, мо худро аз суханону амалҳои зиёде, ки боиси пушаймониамон шуда метавонанд, нигоҳ хоҳем дошт. Вале агар мо аллакай ба хатое роҳ дода бошем ва ба мо маслиҳат диҳанд ё ҳатто насиҳату мазаммат кунанд, онро чӣ тавр қабул хоҳем кард? Биёед фаромӯш накунем, ки ҳамаи ин аз муҳаббати Яҳува шаҳодат медиҳад ва баҳри хушбахтии абадии мо мебошад (Масалҳо 3:11, 12; 4:13).
Инкишоф додани хислатҳои бебаҳо
10. Мувофиқи суханони Исо ба онҳое, ки мехостанд вориди Салтанат шаванд, кадом хислат зарур буд?
10 Барои доштани муносибатҳои хуб бо Яҳува ва бародарони масеҳиамон мо бояд дар худ баъзе хислатҳоро инкишоф диҳем. Исо ба яке аз ин хислатҳо ишора намуда, кӯдакеро дар байни шогирдонаш гузошт ва гуфт: «Агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад. Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст» (Матто 18:3, 4). Ба шогирдони Исо инкишоф додани фурӯтанӣ хеле муҳим буд, чунки онҳо байни худ баҳс менамуданд, ки кадомашон бузургтар аст (Луқо 22:24–27).
11. a) Назди кӣ мо бояд фурӯтан бошем ва чаро? б) Агар мо шахси фурӯтан бошем, ба маслиҳати дигарон чӣ гуна назар хоҳем кард?
11 Петруси расул навишта буд: «Ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад» (1 Петрус 5:5). Мо медонем, ки бояд назди Худо фурӯтан бошем, аммо чуноне ки аз ин оят бармеояд, мо бо ҳамимононамон низ бояд бо фурӯтанӣ муносибат кунем. Агар мо чунин амал намоем, маслиҳату машварати дурусти дигаронро рад нахоҳем кард, балки аз онҳо таълим хоҳем гирифт (Масалҳо 12:15).
12. a) Кадом хислат бо фурӯтанӣ зич алоқаманд аст? б) Чаро мо бояд нисбати чӣ тавр ба дигарон таъсир кардани рафторамон бепарво набошем?
12 Ғамхорӣ оиди беҳбудии дигарон ва фурӯтанӣ хело зич алоқаманданд. Павлуси расул навишта буд: «Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.... Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред. На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои [«ҷамоати», ТДН] Худоро» (1 Қӯринтиён 10:24–33). Павлус нагуфта буд, ки мо бояд аз ҳамаи хоҳишҳоямон даст кашем, балки насиҳат дод, ки мабодо бо рафтори худ шахсро ба амале барангезем, ки виҷдонаш ӯро аз кардани он азоб диҳад.
13. Мисоле оварда бифаҳмонед, ки чӣ тавр метавонем мувофиқи маслиҳати Навиштаҳо нафъи дигаронро толиб бошем?
13 Оё шумо беҳбудии дигаронро аз хоҳишҳои худ болотар мегузоред? Ба ҳамаи мо инро омӯхтан зарур аст ва барои дар амал нишон додани ин тарзҳои зиёде вуҷуд доранд. Масалан, ороишу тарзи либоспӯширо гирем. Дар ин соҳа Китоби Муқаддас хоксорӣ, покизагиву озодагиро металабад, боқимонда метавонад мувофиқи табъу завқи шахс бошад. Вале агар шумо бифаҳмед, ки тарзи либоспӯшӣ ва ороиши шумо одамони маҳаллаатонро аз гӯш додан ба хабари Салтанат дур месозад, дигаргуние ба амал хоҳед овард? Бешубҳа, кӯмак ба шахс дар ёфтани ҳаёти ҷовидонӣ аз қонеъ гардондани ҳавасҳои худ муҳимтар аст.
14. Чаро фурӯтанӣ ва ғамхорӣ ба дигаронро дар худ инкишоф додан муҳим аст?
14 Исо намунаи хуби фурӯтанӣ ва ғамхорӣ ба дигаронро боқӣ гузошт ва инро ҳатто бо шустани пойҳои шогирдонаш нишон дод (Юҳанно 13:12–15). Каломи Худо дар бораи ӯ мегӯяд: «Дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд» (Филиппиён 2:5–8; Румиён 15:2, 3).
Насиҳату мазаммати Яҳуваро рад накунед
15. a) Барои он ки ба Худо мақбул гардем, ба мо чӣ гуна дигаргуниҳоро дар худ ба амал овардан зарур аст? б) Тавассути чӣ Яҳува ба ҳамаи мо маслиҳат медиҳад ва моро насиҳату мазаммат менамояд?
15 Азбаски ҳамаи мо одамони гуноҳкор ҳастем, ба мо фикррониву рафтори худро тағйир додан лозим аст, то хислатҳои Худоро зоҳир намуда тавонем. Мо бояд «одами навро» дар бар кунем (Қӯлассиён 3:5–14). Маслиҳат ва насиҳату мазаммат ба мо кӯмак мерасонанд, то муайян созем, ки аз кадом ҷиҳат ва чӣ тавр бояд худро ислоҳ кунем. Китоби Муқаддас манбаи асосии дастурҳои ба мо зарурӣ мебошад (2 Тимотиюс 3:16, 17). Адабиёти дар Навиштаҳо асосёфта ва вохӯриҳои масеҳӣ, ки аз ҷониби созмони Яҳува омода мегарданд, ба мо ёрӣ медиҳанд, то гуфтаҳои Каломи Худоро дар ҳаёт татбиқ намоем. Ҳатто агар мо маслиҳатро борҳо шунида бошем ҳам, оё зарурияти онро дарк намуда, ҳар чӣ бештар ба кор мебарем?
16. Яҳува ба ҳар яки мо бо кадом тарзҳо кӯмак мерасонад?
16 Яҳува бо муҳаббат ба мо ғамхорӣ зоҳир намуда, дар мушкилиҳоямон ёрӣ медиҳад. Ба миллионҳо одамон аз тариқи омӯзиши Китоби Муқаддас кӯмак расонида шуд. Волидайн ба фарзандони худ маслиҳат медиҳанд ва онҳоро насиҳату мазаммат мекунанд, то ононро аз рафторе, ки боиси дилозурдагиву андӯҳашон гашта метавонад, эмин доранд (Масалҳо 6:20–23). Дар ҷамъомад бошад, аксар вақт бародарону хоҳарон барои дар кори мавъиза моҳиртар гардидан аз ходимони ботаҷриба маслиҳат мепурсанд. Баъзан пирони ҷамъомад низ метавонанд барои маслиҳат ба якдигар ё ба дигар шахсони дар хидмат таҷрибадошта муроҷиат намоянд. Онҳое, ки рӯҳан баркамоланд, аз Китоби Муқаддас истифода бурда, метавонанд ба эҳтиёҷмандон «дар рӯҳи фурӯтанӣ» кӯмак расонанд. Шахси маслиҳатдиҳанда низ бояд «аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад» (Ғалотиён 6:1, 2). Бале, ба ҳамаи мо маслиҳат ва насиҳату мазаммат зарур аст, то Худои ягонаи ҳақиқиро муттаҳидона ибодат намоем.
Саволҳо барои такрор
• Чӣ тавр Яҳува бо муҳаббат ба мо ёрӣ медиҳад, то бифаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат бояд ислоҳ шавем?
• Чаро ба аксарият қабул намудани маслиҳати зарурӣ душвор аст ва ин то чӣ андоза метавонад хатарнок бошад?
• Кадом хислатҳои бебаҳо ба мо дар қабули маслиҳат кӯмак хоҳанд расонд ва Исо дар ин бобат ба мо чӣ намунае гузоштааст?
[Тасвири саҳифаи 142]
Узиё маслиҳатро рад намуда, гирифтори махав гардид.
[Тасвири саҳифаи 142]
Мусо маслиҳати Йитрӯро пазируфт ва ин ба ӯ манфиат овард.