ДАРСИ 4
Чаро мо «Тарҷумаи дунёи нав»-ро нашр кардем?
Дар давоми даҳсолаҳо Шоҳидони Яҳува тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддасро истифода мебурданд, чоп мекарданд ва паҳн менамуданд. Вале баъд маълум шуд, ки тарҷумаи наве даркор аст, ки ба одамон барои гирифтани «дониши ростӣ» хубтар кӯмак кунад. Чунки иродаи Худо дар он аст, ки ҳар як одам ҳақиқатро фаҳмад (1 Тимотиюс 2:3, 4). Барои ҳамин, дар соли 1950 якум қисми «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» бо забони ҳозиразамон нашр шуд. Имрӯз ин тарҷумаи аниқ ба зиёда аз 120 забон дастрас аст.
Китоби Муқаддасе лозим буд, ки осонфаҳм бошад. Забонҳо бо гузашти вақт тағйир меёбанд ва бисёри тарҷумаҳои Китоби Муқаддас калимаҳои нофаҳмою кӯҳнашударо доранд, ки фаҳмиданашон душвор аст. Ҳамчунин, чанд вақт пеш дастнависҳои қадима ёфт шуданд, ки ба навиштаҳои аслӣ хеле наздиканд. Онҳо барои хубтар фаҳмидани забонҳое, ки Китоби Муқаддас навишта шуда буд — забони ибронӣ, арамӣ ва юнонӣ кӯмак карданд.
Тарҷумае лозим буд, ки суханони Худоро ба мо аниқ расонанд. Ба ҷои Каломи илҳомбахшидаи Худоро аз рӯи диди худ тарҷума кардан, тарҷумонони Китоби Муқаддас бояд матни аслиро содиқона нигоҳ доранд. Лекин, дар бисёр тарҷумаҳо номи Худо — Яҳува дар Навиштаҳои Муқаддас оварда нашудааст.
Китоби Муқаддасе лозим буд, ки Муаллифи худро ҷалол диҳад (2 Подшоҳон 23:2). Дар «Тарҷумаи дунёи нав» номи Худо дар ҳама ҷойҳое, ки дар дастнависҳои кӯҳнаи Китоби Муқаддас вомехӯрад, барқарор карда шудааст. Номи Худо дар дастнависҳои қадима қариб 7000 бор омадааст (Забур 82:19). Масалан, намунаи яке аз онҳоро дар расми поён дидан мумкин аст. Таҳқиқотҳои боғайратонаи чандинсола натиҷаҳои хуб овард. Хондани ин тарҷумаи Китоби Муқаддас ба кас ҳаловат мебахшад ва фикрҳои Худоро ба таври равшан ба мо мерасонад. Хоҳ шумо ба забони худ «Тарҷумаи дунёи нав»-ро доред, хоҳ не, мо шуморо даъват мекунем, ки одати хуби хониши ҳаррӯзаи Каломи Яҳуваро дошта бошед (Еҳушаъ 1:8; Забур 1:2, 3).
Чаро ба тарҷумаи нави Китоби Муқаддас ниёз вуҷуд дошт?
Барои ҳамаи онҳое, ки иродаи Худоро фаҳмидан мехоҳанд, доштани кадом одат хуб аст?