Тарҷумаи зиндаи Китоби Муқаддас
«Каломи Худо зинда... аст» (ИБР. 4:12).
1. а) Худо ба Одам чӣ гуна супориш дод? б) Ходимони Худо қобилияти забондонии худро барои кадом корҳо истифода мебурданд?
ЯҲУВА ба офаридаҳояш қобилияти бебаҳое додааст, ки фикрҳои худро баён карда тавонанд. Баъд аз офаридани Одам, Яҳува ӯро дар боғи Адан ҷойгир кард ва супориш дод, ки ба ҳайвонҳо ном монад. Ин супориш ба кор бурдани қобилияти забондониро талаб мекард. Одам ақлу заковати худро истифода бурда ба ҳар ҳайвон номи мувофиқ гузошт (Ҳас. 2:19, 20). Аз он замон ходимони Худо ин қобилияти худро истифода бурда Яҳуваро ҳамд мегуфтанд ва номи Ӯро ба дигарон эълон мекарданд. Баъдтар ходимони Худо қобилияти забондониашонро ба кор бурда Китоби Муқаддасро тарҷума мекарданд, то одамони бештар дар бораи Яҳува фаҳманд.
2. а) Кумитаи «Тарҷумаи дунёи нав» ҳангоми тарҷума аз рӯи кадом принсипҳо амал мекард? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Дар рӯзҳои мо ҳазорҳо тарҷумаи Китоби Муқаддас мавҷуд аст ва онҳо аз ҷиҳати аниқ расонидани матни аслӣ фарқ мекунанд. Барои аниқ тарҷума кардани Китоби Муқаддас Кумитаи «Тарҷумаи дунёи нав» қарор кард, ки аз рӯи се принсип амал кунад: 1) Номи Худоро мисли матни аслӣ дар Каломаш барқарор намуда, ҳамин тавр онро ҷалол диҳад. (Матто 6:9-ро бихонед.) 2) Дар ҷое ки имконпазир аст, матни аслиро калима ба калима тарҷума намояд, лекин дар ҷое ки чунин тарҷума маънои матни аслиро нодуруст мекунад, маънои онро тарҷума кунад. 3) Аз забони одӣ ва фаҳмо, ки дар одамон ҳаваси хонданро бедор мекунад, истифода барадa. (Наҳемё 8:8, 12-ро бихонед.) Ин се принсип ҳангоми тарҷума кардани Китоби Муқаддас ба 130 забони гуногун истифода бурда шуданд. Дар ин мақола мо баъзе хусусиятҳои нашри соли 2013-и «Тарҷумаи дунёи нав»-ро дида мебароем ва мебинем, ки чӣ тавр ҳам дар тарҷумаи англисии он ва ҳам дар тарҷумаи он ба забонҳои дигар ин принсипҳо ба кор бурда шуданд.
ҶАЛОЛ ДОДАНИ НОМИ ХУДО
3, 4. а) Дар кадом дастхатҳои қадим тетраграмматон вомехӯрад? б) Бисёри тарҷумонҳои Китоби Муқаддас чӣ кор карданд?
3 Дар матни аслӣ номи Худо бо чор ҳарфи ибрӣ навишта шудааст, ки онро тетраграмматон меноманд. Касоне ки дастхатҳои қадим, масалан дастхатҳои Баҳри Мурдаро меомӯзанд, мебинанд, ки дар онҳо номи Худо ҳазорон бор вомехӯрад. Номи Худо ба шакли тетраграмматон на танҳо дар нусхаҳои ибрӣ, балки дар дастхатҳои қадимаи юнонӣ низ вомехӯрад. Намунаи ин гуна дастхатҳо баъзе нусхаҳои Септуагинта аз асри дуи то эраи мо то асри яки эраи мо мебошанд.
4 Омӯзиши дастхатҳои қадим нишон медиҳад, ки номи Худо бояд дар Китоби Муқаддас бошад. Лекин дар бисёр тарҷумаҳо номи илоҳӣ навишта нашудааст. Масалан, дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ба забони англисӣ, ки соли 1901 нашр шуд, номи илоҳӣ бисёр вомехӯрд. Аммо соли 1952 нашри нави он тарҷума баромад ва дар он номи Худо тамоман дида намешуд. Тарҷумонони он сабаби чунин корашонро фаҳмонда, гуфтанд, ки «Худои яккаву ягона ба номи махсусе ниёз надорад». Бисёр тарҷумонони дигар аз онҳо ибрат гирифта номи Худоро дар тарҷумаҳои худ дохил накарданд.
5. Чаро нигоҳ доштани номи Худо дар Китоби Муқаддас муҳим аст?
5 Оё истифода бурдани номи Худо дар тарҷумаи Китоби Муқаддас муҳим аст? Бале. Яҳува, ки муаллифи Китоби Муқаддас аст, мехоҳад, ки одамон номи Ӯро донанд. Тарҷумони хуб бояд мақсади муаллифро донад ва ҳангоми тарҷума кардан хоҳиши ӯро ба назар гирад. Оятҳои бисёри Китоби Муқаддас аз «Тарҷумаи дунёи нав» бо шарҳҳояш нишон медиҳанд, ки мо бояд номи Худоро донем ва онро ҷалол диҳем (Хур. 3:15; Заб. 82:19; 148:13; Иш. 42:8; 43:10; Юҳ. 17:6, 26; Аъм. 15:14). Яҳува нависандагони Каломашро илҳом бахшидааст, ки номи Ӯро ҳазорон маротиба истифода баранд. (Ҳизқиёл 38:23-ро бихонедb.) Нест кардани номи Яҳува аз Каломаш нишонаи беэҳтиромист.
6. Барои чӣ дар нашри нави «Тарҷумаи дунёи нав» назар ба нашри пештара номи Худо шаш бор бештар вомехӯрад?
6 Бо гузашти вақт барои истифода бурдани номи Худо исботи бештаре пайдо шуд. Дар нашри «Тарҷумаи дунёи нав» аз соли 2013 номи Худо 7216 маротиба вомехӯрад. Ин аз нашри соли 1984 шаш бор зиёдтар мебошад. Дар ин нашр номи Худо дар оятҳои 1 Подшоҳон 2:25, 6:3, 10:26, 23:14, 16 барқарор гардид. Дар кадом асос? Нашри пештараи ин тарҷума дар асоси матни ибрии масоретӣ тартиб дода шуда буд. Ҳангоми нашри нави ин тарҷума бошад, дастхатҳои Баҳри Мурда ба назар гирифта шуданд, ки аз матни масоретӣ ҳазор сол қадимтар аст. Дар он дастхатҳо номи Худо дар ҷойҳои номбурда вомехӯрд. Ҳамчунин дар натиҷаи омӯзиши дастхатҳои қадима номи Худо дар як ҷойи дигар, дар Доварон 19:18 барқарор гардид.
7, 8. Маънои номи Яҳува чист?
7 Барои масеҳиёни ҳақиқӣ донистани маънои номи Яҳува хеле ва хеле муҳим аст. Маънои номи Худо чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад»c. Ин фаҳмиш дар Хуруҷ 3:14 асос ёфтааст, ки дар он ҷо Яҳува мегӯяд: «Ман ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам» (ТДН). Барои ҳамин дар нашри соли 1984 фаҳмонда шуда буд, ки барои иҷрои ваъдаҳои худ Яҳува ҳар кӣ хоҳад, ҳамон шуда метавонад. Дар боби якуми «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо»d дар бораи ин тавр маънидод кардани номи Худо гуфта шудааст: «Ин калимаҳо... танҳо як ҷониби шахсияти Худоро ошкор мекунанд... Лекин номи Худо маънои аз ин ҳам бештареро дорад». Номи Яҳува ҳамчунин маънои онро дорад, ки Ӯ барои иҷрои хости худ офаридаҳояшро шахс ё чизи лозима мегардонад.
8 Яҳува тавре мекунад, то офаридаҳояш ҳамон кас ё чизе шаванд, ки Ӯ мехоҳад. Масалан, Яҳува Нӯҳро бинокори киштӣ, Басалъилро коргари моҳир, Ҷидъӯнро ҷанговари бузург ва Павлусро ҳаввории халқҳо сохт. Номи Худо барои ходимонаш хеле муҳим аст. Барои ҳамин Кумитаи «Тарҷумаи дунёи нав» онро дар тарҷумаи худ нигоҳ дошт.
9. Чаро Ҳайати роҳбарикунанда мехоҳад, ки «Тарҷумаи дунёи нав» ба бисёр забонҳо дастрас бошад?
9 Дар байни тарҷумонони ин ҷаҳон чунин одат шудааст, ки номи Худоро аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас гиранд. Онҳо ба ҷойи номи Яҳува унвонҳои «Худованд» ё номи худоёни дигарро мегузоранд. Ин яке аз сабабҳои асосист, ки Ҳайати роҳбарикунанда мехоҳад ба ҳар як забон чунин тарҷумаи Китоби Муқаддас дастрас бошад, ки он номи Худоро ҷалол диҳад. (Малокӣ 3:16-ро бихонед.) «Тарҷумаи дунёи нав» ба 130 забон дастрас аст ва дар ҳамаи ин тарҷумаҳо номи Яҳува ҷалол дода мешавад.
ТАРҶУМАИ АНИҚУ ФАҲМО
10, 11. Ҳангоми тарҷума кардани «Тарҷумаи дунёи нав» ба дигар забонҳо кадом душвориҳо ба миён омаданд?
10 Масалан, дар нашри англисӣ дар ояти Воиз 9:10 ва дигар оятҳо калимаи ибронии «шеол» истифода шуда буд. Ин калима ҳамчунин дар дигар тарҷумаҳои ҳозиразамони Китоби Муқаддас вомехӯрад. Ин оят чунин садо медиҳад: «Дар шеол, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат». Лекин тарҷумонони дигар забонҳо ин калимаро истифода бурда наметавонанд, чунки аксарияти хонандагонашон бо ин калимаи ибрӣ шинос нестанд. Ҳамчунин дар луғатҳои онҳо ин калима вонамехӯрад ва он чун номи маҳали ҷуғрофӣ садо медиҳад. Ҳамин тавр қарор қабул карда шуд, ки калимаи ибронии «шеол» ва юнонии «ҳадес» ба ин забонҳо чун «қабр» тарҷума карда шавад.
11 Ҳангоми ба дигар забонҳо тарҷума кардани калимаи ибронии neʹphesh (нефеш) ва юнонии psy·kheʹ (психи), ки ба забони англисӣ чун «ҷон» тарҷума мешавад, душворие ба миён омад. Онро чунин фаҳмидан мумкин буд, ки дар одам як чизе вуҷуд дорад, ки баъди марги вай аз баданаш ҷудо шуда, зиндагиро идома медиҳад. Барои ҳамин тарҷумонони «Тарҷумаи дунёи нав» хулоса бароварданд, ки ҳангоми тарҷума кардани ин калима матнро ба назар гиранд. Дар «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав бо шарҳҳо» (англ.) аллакай ба кадом маъно омадани ин калима фаҳмонда шуда буд. Дар эзоҳи матни нашри нав калимаҳои юнониву ибрӣ маънидод карда шудаанд. Матни он хеле осонфаҳм ва равон аст.
12. Баъзе аз тағйироте ки дар нашри нави «Тарҷумаи дунёи нав» дароварда шуд, кадоманд?
12 Саволҳои тарҷумонон аз тамоми дунё нишон доданд, ки боз калимаҳои зиёде ҳастанд, ки онҳоро нодуруст фаҳмидан мумкин аст. Барои ҳамин соли 2007 Ҳайати роҳбарикунанда қарор кард, ки матни англисӣ аз нав дида баромада шавад. Ҳангоми дохил кардани тағйирот дар нашри пештараи «Тарҷумаи дунёи нав» ҳазорҳо саволи тарҷумонон дида баромада шуд. Калимаҳои кӯҳнашудаи забони англисиро аз матн гирифтанд ва ба ҷои онҳо калимаҳои ҳозиразамон ва фаҳморо гузоштанд. Дар натиҷа матни тарҷума табиӣ ва фаҳмотар гардид. Ҳамзамон аниқии матн нигоҳ дошта шуд. Ба забонҳои дигар тарҷума шудани Китоби Муқаддас барои беҳтар гардондани матни англисӣ кӯмак кард (Мас. 27:17).
ХОНАНДАГОН МИННАТДОРАНД
13. Хонандагон ба нашри нави «Тарҷумаи дунёи нав» чӣ гуна муносибат карданд?
13 Хонандагон дар бораи «Тарҷумаи дунёи нав» чӣ фикр доранд? Ба идораи марказии Шоҳидони Яҳува дар Бруклин номаҳои зиёде фиристода шуд, ки дар онҳо миннатдории хонандагон барои чунин тарҷумаи хуб баён шуда буд. Масалан, як хоҳар чунин навишт: «Китоби Муқаддас мисли сандуқчаи зебоест, ки пур аз марворидҳои қиматбаҳост. Каломи Яҳуваро аз нашри 2013 хонда ман гӯё аз даруни сандуқча марворидҳоро якто-якто бароварда, ҳар тарафи онро мушоҳида мекунам ва аз шаффофӣ, тозагӣ ва зебогии онҳо ҳаловат мебарам. Матни содаву фаҳмои Навиштаҳоро хонда ман ба Яҳува наздиктар шудам. Ба назарам чунин менамояд, ки Яҳува мисли падари меҳрубон, маро чун фарзандаш ба оғӯш гирифта, ба гӯшам суханони гарму тасаллибахш мегӯяд».
14, 15. Вақте хоҳару бародаронамон «Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забони модариашон хонданд, чӣ ҳис карданд?
14 На танҳо нашри англисии «Тарҷумаи дунёи нав», балки тарҷумаи он ба дигар забонҳо ҳам ба хонандагон сахт маъқул шуд. Марди пиронсоле аз шаҳри Софияи Булғория мегӯяд: «Ман аллакай солҳои зиёд Китоби Муқаддасро мехонам, лекин то ҳол чунин тарҷумаи фаҳморо, ки ин қадар ба дил таъсир кунад, нахонда будам». Хоҳари дигаре аз Албания баъди он ки нусхаи «Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забони худ гирифт, чунин гуфт: «Каломи Худо ба забони албанӣ хеле хуб садо медиҳад! Чӣ имконияте пуршарафест, ки Яҳува бо мо ба забони модариамон гап мезанад!»
15 Дар баъзе ҷойҳо ёфтани Китоби Муқаддас осон нест ё хеле қимат аст. Дар ҳисоботе аз Руанда (як мамлакати Африқо) чунин гуфта шуда буд: «Одамони бисёре ки бо онҳо бародару хоҳарон омӯзиш мекарданд, аз сабаби надоштани Китоби Муқаддас аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ намекарданд. Онҳо наметавонистанд ба забони худашон Китоби Муқаддасро харанд, чунки он хеле қимат буд. Ҳамчунин он нашри Китоби Муқаддас, ки калисои маҳаллӣ бароварда буд, барои фаҳмидан осон набуд. Дар натиҷаи хуб нафаҳмидани матни Навиштаҳо омӯзандагон дер рушд мекарданд». Вақте ки «Тарҷумаи дунёи нав» чоп шуд, вазъият ранги дигар гирифт. Як оила аз Руанда, ки соҳиби чор фарзанд аст, мегӯяд: «Мо аз Яҳува бисёр миннатдорем, ки ба воситаи ғуломи мӯътамад ва доно ба мо Китоби Муқаддасро дод. Мо хеле камбағалем ва пул надоштем, ки барои ҳар як аъзои оилаамон Китоби Муқаддас харем. Акнун бошад, ҳамаи мо соҳиби Китоби Муқаддас ҳастем. Барои миннатдории худро ба Яҳува нишон додан, мо ҳар рӯз ҷамъ шуда Китоби Муқаддасро якҷоя мехонем».
16, 17. а) Яҳува чиро мехоҳад? б) Мо бояд чӣ гуна мақсад дошта бошем?
16 Бо гузашти вақт нашри нави «Тарҷумаи дунёи нав» ба забонҳои бештар дастрас мешавад. Шайтон мехоҳад, ки пеши роҳи ин корро гирад, лекин мо медонем, ки Яҳува мехоҳад, ки халқаш овози Ӯро ба забони содаву фаҳмо шунавад. (Ишаъё 30:21-ро бихонед.) Ба наздикӣ «замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост» (Иш. 11:9).
17 Биёед аз атоҳои Яҳува ба пуррагӣ истифода барем, аз он ҷумла аз «Тарҷумаи дунёи нав», ки номи Ӯро ҷалол медиҳад. Бигзор Ӯ ҳар рӯз ба воситаи Каломаш бо шумо гуфтугӯ кунад. Ин тавр бо Яҳува муошират карда мо ба Ӯ наздиктар мешавем ва муҳаббатамон нисбати Ӯ зиёдтар мегардад (Юҳ. 17:3).
a Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 майи соли 2008, мақолаи «Чӣ тавр тарҷумаи хуби Китоби Муқаддасро интихоб кунем?» нигаред.
b «Ман дар пеши назари халқҳои бисёр бузургӣ ва қудсият ва шӯҳрат пайдо хоҳам кард, ва хоҳанд донист, ки Ман Яҳува ҳастам» (Ҳизқиёл 38:23, ТДН).
c Баъзе маълумотномаҳо ин фикрро тасдиқ мекунанд, дигарон бо ин фикр розӣ нестанд.