ДАРСИ 9
Ирмиё дар бораи Яҳува гап заданро бас намекард
Баъзан, вақте ки мо ба одамон дар бораи Яҳува гап мезанем, онҳо моро масхара мекунанд ё қаҳрашон меояд. Аз ҳамин сабаб хоҳиши дар бораи Худо гап задани мо гум шуда метавонад. Оё ту ягон бор ҳамин хел ҳиссиёт доштӣ? ~ Китоби Муқаддас ба мо дар бораи бачае нақл мекунад, ки Яҳуваро нағз медиду қариб буд, ки дар бораи Ӯ гап заданро бас кунад. Номи ӯ Ирмиё буд. Биё, дар бораи ӯ бисёртар мефаҳмем.
Вақте ки Ирмиё ҷавон буд, Яҳува ба ӯ гуфт, ки вай бояд рафта ба одамон гӯяд, ки дигар корҳои ганда накунанд. Ин кор барои Ирмиё сахт душвор буд ва ӯ метарсид. Барои ҳамин вай ба Яҳува гуфт: «Ман намедонам, ки чӣ гӯям, охир ман ҳоло ҷавон ҳастам». Лекин Яҳува ба вай гуфт: «Натарс, барои он ки Ман ба ту ёрдам мекунам».
Баъди ин, Ирмиё ба пеши одамон мерафт ва мегуфт, ки агар дигар нашаванд, ҷазо мегиранд. Ба фикри ту оё одамон ба гапи Ирмиё гӯш карданд? ~ Не. Онҳо ӯро масхара карданд ё аз ӯ сахт қаҳрашон омад. Баъзеи онҳо ҳатто ӯро куштан мехостанд. Ба фикрат Ирмиё худашро чӣ хел ҳис мекард? ~ Вай тарсид ва гуфт: «Ман дигар дар бораи Яҳува гап намезанам». Вале ӯ дар ҳақиқат ҳамин хел кард? ~ Не, ин хел накард. Барои он ки Яҳуваро чунон сахт нағз медид, ки дар борааш гап заданро бас карда наметавонист. Ва барои ҳамин Яҳува ӯро муҳофизат мекард.
Масалан, як бор мардакҳои ганда Ирмиёро ба даруни чоҳе ки пур аз лойқа буд, партофтанд. Вай дар он ҷо на хӯрок дошту на об. Он мардакҳо мехостанд, ки Ирмиё дар ҳамон чоҳ аз гушнагиву ташнагӣ мурда равад. Лекин бо ёрдами Яҳува Ирмиё аз он чоҳ халос шуд.
Ту аз мисоли Ирмиё чӣ дарс мегирӣ? ~ Ирмиё гарчанд баъзан метарсид, лекин дар бораи Яҳува гап заданро бас намекард. Вақте ки ту дар бораи Яҳува гап мезанӣ, одамон метавонанд туро масхара кунанд ё қаҳрашон ояд. Мумкин айбат меояд ё ҳатто метарсӣ, лекин ҳеҷ гоҳ дар бораи Яҳува гап заданро бас накун. Худо ҳама вақт ба ту ёрдам медиҳад, чи хеле ки ба Ирмиё ёрдам кард.