БОБИ 18
Исо бузург мешаваду Яҳё — хурд
МАТТО 4:12 МАРҚӮС 6:17–20 ЛУҚО 3:19, 20 ЮҲАННО 3:22–4:3
ШОГИРДОНИ ИСО ОДАМОНРО ТАЪМИД МЕДИҲАНД
ЯҲЁРО БА ЗИНДОН МЕПАРТОЯНД
Баҳори соли 30-и милодӣ. Исо ва шогирдонаш иди Раҳоиро ҷашн мегиранд ва баъди ид аз Ерусалим мераванд. Лекин онҳо ба ватани худ Ҷалил барнамегарданд, балки ба вилояти Яҳудия мераванд ва он ҷо бисёриҳоро таъмид медиҳанд. Қариб як сол мешавад, ки Яҳё ҳам, эҳтимол, дар водии дарёи Урдун бо ин кор машғул аст. Баъзе шогирдонаш то ҳол бо ӯ ҳастанд.
Худи Исо ҳеҷ касро таъмид намедиҳад. Ин корро шогирдонаш зери роҳбарии ӯ мекунанд. Ҳам Исо ва ҳам Яҳё яҳудиёнеро, ки бар зидди Шариати Худо гуноҳ намуда, акнун тавба кардаанд, таълим медиҳанд (Аъмол 19:4).
Лекин шогирдони Яҳё ба Исо ҳасад бурда дар бораи ӯ ба устодашон мегӯянд: «Касе, ки... бо ту буд... ҳоло таъмид дода истодааст ва ҳама ба назди ӯ мераванд» (Юҳанно 3:26). Яҳё бошад, ҳасад намебарад. Ӯ аз он ки хизмати Исо пеш рафта истодааст, хеле хурсанд аст ва мехоҳад, ки шогирдонаш ҳам ба хурсандиаш шарик шаванд. Ӯ ба шогирдонаш хотиррасон мекунад: «Худи шумо шоҳид ҳастед, ки гуфта будам: “Ман Масеҳ нестам, балки пешопеши ӯ фиристода шудаам”». Ӯ ин фикрро бо мисоле мефаҳмонад, ки ба ҳама шинос аст: «Домод ҳамон касест, ки арӯс дорад. Вале дӯсти домод, вақте дар наздаш истода, суханонашро мешунавад, аз шунидани овози ӯ бисёр шод мегардад. Ба ин монанд, хурсандии ман низ ҳадду канор надорад» (Юҳанно 3:28, 29).
Яҳё, чун дӯсти ҳақиқии домод, хурсанд буд, ки чанд моҳ пеш шогирдонашро бо Исо шинос кард. Баъзе аз онҳо пайрави Исо шуданд ва баъдтар бо рӯҳи муқаддаси Худо тадҳин мешаванд. Яҳё мехоҳад, ки шогирдони боқимондааш ҳам аз пайи Исо раванд. Мақсади Яҳё барои хизмати Масеҳ роҳ тайёр кардан аст, барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Масеҳ бояд рӯз ба рӯз бузург шавад, вале ман хурд» (Юҳанно 3:30).
Юҳанно, ки каме пеш шогирди Исо шуда буд, баъдтар дар бораи ӯ чунин мегӯяд: «Он касе, ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст... Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти ӯ супоридааст. Ҳар касе, ки ба Писар имон меорад, ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мегардад. Ҳар касе, ки ба Писар итоат намекунад, ҳаётро намебинад, балки ба ғазаби Худо гирифтор мешавад» (Юҳанно 3:31, 35, 36). Ҳар як кас бояд донад, ки барои наҷот ёфтан ба Исо имон овардан даркор аст.
Каме баъд аз он ки Яҳё ин суханонро мегӯяд, ӯро подшоҳ Ҳиродус дастгир мекунад. Ҳиродус зани бародараш Филиппус — Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Вақте Яҳё дар назди одамон хиёнат будани рафтори ӯро фош мекунад, Ҳиродус ӯро ба зиндон мепартояд. Инро фаҳмида Исо ҳамроҳи шогирдонаш аз Яҳудия ба Ҷалил меравад (Матто 4:12; Марқӯс 1:14).