БОБИ 120
Шогирдон бояд самар оранд ва дӯсти Исо бошанд
ТОКИ ҲАҚИҚӢ ВА НАВДАҲО
ЧӢ ТАВР ДАР МУҲАББАТИ ИСО МОНДАН МУМКИН АСТ?
Аллакай дер шудааст, шояд, шаб аз нисф гузашта бошад. Исо навакак бо расулони содиқаш сӯҳбат карда онҳоро дилбардорӣ карду тасаллӣ бахшид. Ҳоло ӯ ба расулонаш мисоле оварда ба онҳо насиҳат медиҳад.
Ӯ мисолро ин тавр сар мекунад: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падарам боғбон аст» (Юҳанно 15:1). Ин суханони Исо он чизеро, ки асрҳо пеш дар бораи халқи Исроил гуфта шуда буд, ба хотир меоранд. Дар Каломи Худо халқи Исроил токи Яҳува номида шудааст (Ирмиё 2:21; Ҳушаъ 10:1, 2). Лекин Яҳува аз ин халқ рӯ мегардонад (Матто 23:37, 38). Аз ин рӯ Исо ин ҷо дар бораи як чизи наве гап мезанад. Ӯ токест, ки Падар аз соли 29-и милодӣ — аз он вақте, ки Исо бо рӯҳи муқаддас тадҳин гардид — парвариш мекунад. Лекин Исо нишон медиҳад, ки ток на танҳо ӯро тасвир мекунад. Ӯ мегӯяд:
«Ӯ [Падар] ҳар навдаеро, ки дар ман асту самар намеорад, бурида мепартояд ва ҳар навдаеро, ки самар меорад, тоза мекунад, то он боз ҳам бештар самар орад... Чи тавре ки навда, агар дар ток набошад, худ аз худ самар оварда наметавонад, ҳамон тавр шумо низ, агар бо ман дар ягонагӣ набошед, самар оварда наметавонед. Ман ток ҳастам, шумо бошед, навдаҳо» (Юҳанно 15:2–5).
Исо ба расулони вафодораш ваъда дод, ки вақте ӯ меравад, ба онҳо ёрдамчие, яъне рӯҳи муқаддас, мефиристад. Панҷоҳу як рӯз пас, вақте дар иди Ҳафтаҳо рӯҳи муқаддас бар шогирдон фурӯ мерезад, онҳо навдаҳои ток мешаванд. Ва ҳамаи ин «навдаҳо» бояд бо Исо дар ягонагӣ бошанд. Барои чӣ?
Исо мефаҳмонад: «Ҳар кӣ бо ман дар ягонагӣ аст ва ман бо ӯ дар ягонагӣ ҳастам, самари бисёр меорад, зеро бе ман ҳеҷ коре карда наметавонед». Ин «навдаҳо», яъне пайравони содиқи Исо, самари бисёре меоранд. Онҳо хислатҳои Исоро дар худ инкишоф медиҳанд, хабарро дар бораи Подшоҳии Худо дар ҳама ҷо паҳн мекунанд ва шогирдони бештару бештар тайёр мекунанд. Лекин, агар касе бо Исо дар ягонагӣ намонаду самар наорад-чӣ? Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ бо ман дар ягонагӣ намемонад, мисли навдаи бурида... хоҳад буд». Баъд ӯ илова мекунад: «Агар бо ман дар ягонагӣ монед ва гуфтаҳои маро дар дили худ нигоҳ доред, ҳар чӣ мехоҳед, талаб кунед ва он ба шумо дода хоҳад шуд» (Юҳанно 15:5–7).
Ҳоло Исо ба мавзӯе бармегардад, ки аллакай ду бор дар борааш гуфта буд: дар бораи риоя кардани амрҳои ӯ (Юҳанно 14:15, 21). Исо мефаҳмонад, ки асосан бо кадом роҳ шогирдон метавонанд амрҳои ӯро риоя кунанд: «Агар амрҳои маро риоя кунед, дар муҳаббати ман мемонед, чуноне ки ман амрҳои Падарро риоя мекунам ва дар муҳаббати Ӯ мемонам». Лекин танҳо дӯст доштани Яҳува ва Писари Ӯ кифоя нест. Исо мегӯяд: «Амри ман ин аст: чуноне ки ман шуморо дӯст медорам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Муҳаббати бузургтар аз ин нест, ки касе ҷони худро барои дӯстонаш фидо кунад. Агар шумо амри маро иҷро кунед, дӯстони ман хоҳед буд» (Юҳанно 15:10–14).
Якчанд соат пас Исо ҷони худро барои ҳамаи онҳое, ки ба ӯ имон меоранд, фидо мекунад ва ин тавр муҳаббаташро нишон медиҳад. Пайравони Исо низ бояд кӯшиш кунанд, ки мисли ӯ нисбати якдигар муҳаббату фидокорӣ дошта бошанд. Чунин муҳаббат исбот мекунад, ки онҳо дар ҳақиқат пайравони Исоянд. Худи ӯ гуфта буд: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳанно 13:35).
Пас аз ин Исо мефаҳмонад, ки чаро шогирдонашро «дӯст» меномад: «Шуморо дӯст меномам, зеро тамоми чизҳоеро, ки аз Падар шунидаам, ба шумо маълум сохтам». Шогирдон метавонанд дӯсти Исо бошанд ва ҳар он чиро, ки Падар ба ӯ маълум сохтааст, донанд. Чӣ имконияти пуршарафе! Лекин, барои он ки аз чунин муносибат баҳра баранд, шогирдон бояд доимо самар оранд. Ба касоне, ки ин тавр мекунанд, Исо чунин ваъда медиҳад: «Ҳар он чӣ ба номи ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод» (Юҳанно 15:15, 16).
Муҳаббат ба ин «навдаҳо», яъне шогирдон, ёрӣ медиҳад, ки ба душвориҳои оянда тоб оранд. Исо пайравонашро огоҳ мекунад, ки ин ҷаҳон аз онҳо нафрат мекунад, лекин ҳамзамон ӯ онҳоро тасаллӣ мебахшад: «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз ин аз ман нафрат кардааст. Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо дӯст медошт. Лекин, азбаски шумо аз ҷаҳон нестед... ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад» (Юҳанно 15:18, 19).
Пас аз ин Исо мефаҳмонад, ки боз барои чӣ дар ин ҷаҳон аз пайравони ӯ нафрат мекунанд: «Онҳо ҳамаи инро аз барои номи ман ба шумо хоҳанд кард, зеро Фиристандаи маро намешиносанд». Мардум бо чашмони худ мӯъҷизаҳои Исоро диданд, вале ба ин нигоҳ накарда ӯро рад мекунанду аз пайравонаш нафрат доранд. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Агар ман дар миёни онҳо корҳоеро, ки ҳаргиз касе накарда буд, ба амал намеовардам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале ҳоло, бо вуҷуди он ки маро дидаанд, ҳам аз ман ва ҳам аз Падарам нафрат карданд». Чунин муносибати одамон дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд (Юҳанно 15:21, 24, 25; Забур 34:19; 68:5).
Исо боз ваъда медиҳад, ки ба шогирдонаш ёрдамчӣ, яъне рӯҳи муқаддасро, мефиристад. Ин қувваи пурзӯр ба ҳамаи пайравони Исо дода мешавад ва ёрӣ медиҳад, ки самар оранд, яъне дар бораи ӯ шаҳодат диҳанд (Юҳанно 15:27).