ДАРСИ 2
Услуби гуфтугӯйӣ
2 Қӯринтиён 2:17
МАҚСАДИ ДАРС: Самимона ва одӣ гап занед, то шунавандагонатон фаҳманд, ки шумо нисбати онҳо бепарво нестед ва ба он чӣ мегӯед, бовар доред.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Дуо гӯед ва нағз тайёрӣ бинед. Дуо гӯед, ки диққататонро на ба тарсу ҳаяҷони худ, балки ба хабаре, ки гуфтан мехоҳед, равона созед. Фикрҳои асосиеро, ки ба шахс расондан мехоҳед, дар ёд гиред. Ба ҷойи матнро аз ёд гап задан фикрҳоро бо суханони худ гӯед.
Аз таҳти дил гап занед. Фикр кунед, ки ин маълумот ба шахс чӣ манфиат меорад. Он гоҳ дар тарзи истодан, имову ишора ва қиёфаатон самимӣ ва хайрхоҳ будани шумо аён мешавад.
Ба шунавандагон нигоҳ кунед. Агар дар ҷойи шумо раво бошад, ҳангоми гап задан ба чашми одам нигоҳ кунед. Вақте ки бо нутқ баромад мекунед, на ба гурӯҳи одамон, балки ба шахсони алоҳида нигаред.